Ба шарофати Истиќлол дар кишвар пешрафти соҳаи маориф равшан ба назар расида, кӯдакони Ватан зери осмони софу беғубор зиндагии босаодате доранд. Солҳои охир бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони саховатманд дар маҳалҳои навбунёди аҳолинишин мактабҳои муосир ва муассисаҳои томактабии замонавӣ бунёд мегарданд, ки назир надоранд. Яке аз ин гуна муассисаҳо боғчаи навтаъсиси «Кабӯтар» дар шаҳри Ҳисор мебошад. Кӯдакистон аз ҷониби бону Махфират Саидова ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои замони муосир сохта, ба истиќболи солгарди навбатии Истиќлоли давлатӣ ба истифода дода шуд. Роҳбарии онро тариќи озмун омӯзгори соҳибтаҷриба Баҳринисо Алимова бар зима гирифт.
Кӯдакистон
Майдони умумии сохтмони кӯдакистони «Кабӯтар» 0,8 гектарро дар бар мегирад, ки аз ду бинои дуошёна иборат аст. Масоҳати умумии биноҳо 2950 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино барои 11 гурӯҳ ё 250 нафар кӯдакони синни аз 1,5 то 6 сола пешбинӣ ва муҷаҳҳазонида шудааст. Дар «Кабӯтар» 35 нафар коргар ба кор ҷалб шудааст, ки ќисми зиёдашон бонувонанд. Ҳаҷми солонаи пардохти ҳаќќи таҳсил дар кӯдакистон 5400 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфти масъулон, бо дарназардошти вазъи оилавӣ ва сабабҳои узрнок тахфиф пешбинӣ шудааст.
Равияи асосӣ - арифметикаи зеҳнӣ
Баҳринисо Алимова ҳангоми дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор фаъолият кардан, ҳамҷоя дар марказҳои шакли муосири илмомӯзӣ низ заҳмат мекашид. Муаллима ба кӯдакон аз фанни арифметикаи зеҳнӣ сабаќ меомӯхт. Барои аз кӯдакӣ тақвият бахшидани фаҳмиши ҳисобу китоб ва замина гузоштан ба фанҳои даќиќ дар вуҷуди атфол дар кӯдакистони «Кабӯтар» низ омӯзиши арифметикаи зеҳниро ба роҳ монд. Ба ғайр аз ин масъулони кӯдакистон тасмим гирифтаанд, ки ҳар як кӯдаки муассиса то рафтан ба дабистон пурра ба талаботи ќабул ба гимназияву литсейҳо омода бошад.
- Арифметикаи зеҳнӣ, барномаи рушди ќобилияти аќлӣ ва эҷодӣ дар асоси системаи ҳисоби даҳонӣ мебошад. Кӯдак бо истифода аз он тӯли чанд сония масъалаҳои арифметикии ҷиддиро фикран ҳал мекунад. Омӯзиши арифметикаи зеҳниро дар ҳар синну сол оғоз кардан мумкин аст. Аммо, олимон муайян карданд, ки инкишофи фаъоли мағзи сар дар инсон аз 4 то 12 - солагӣ ба амал меояд. Ва маҳз дар ин давра бояд малакаи асосӣ, аз ќабили хондану навиштан, ҳисобкунӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташаккул додани ќобилиятҳои мусиќӣ ва раќсу суруд вусъат дода шаванд. Донише, ки дар ин муддат ба даст омадааст, давоми солҳои зиндагӣ метавонад чун заминаи аслӣ хидмат кунад. Аз ин хотир, мо талош мекунем, инкишофи аќливу ҷисмонӣ ва шавќу ҳаваси ҳар кӯдакро ба инобат гирифта, мувофиќи зарфияти идрок ва ќабул истеъдодашро ташаккул диҳем. Мураббияҳои эҷодкору ҳунармандро ба кор ҷалб кардем. Бонувон аз ќоғазу обу гили одӣ ҳамроҳи кӯдакон гул ё бозичаҳое омода месозанд, ки бинанда дар ҳайрат меафтад. Дар кӯдакистон бозичаҳои гуногуни замонавӣ, асбобҳои мусиќии анъанавиву ғарбӣ зиёданд, ки истифодаи онҳо барои инкишофи аќливу зеҳнии кӯдакон муфид аст, – мегӯяд мудири кӯдакистон.
Дар баробари арифметикаи зеҳнӣ ба кӯдакон машғулиятҳои омӯзиши забони англисиву русӣ, инкишофи нутќ, расмкашӣ, таълими меҳнат, суруд ва мусиќӣ, варзиши навъи таэквондо гузаронида мешавад. Барои гузарондани баъзе машғулиятҳо махсусан мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа ҷалб мегарданд.
Мураббӣ
Ба андешаи мудири боғча, мураббӣ, пеш аз ҳама, бояд равоншиноси хуб бошад. Дар интихоб барои фаъолият дар боғчаи навтаъсис ба онҳое авлавият дода мешавад, ки дар озмун баҳои баландро сазовор гардидаанд. Мутахассис онест, ки тарзи дурусти муносибат бо атфолро вобаста ба синну сол, ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиш хуб донад.
- Аслан кӯдакон дар боғча аз оилаҳои гуногун ба ҳам меоянд ва табиист, ки муҳити ҳар хона рангоранг аст. Баъзеҳо бениҳоят эркаву гапнодаро ё баръакс орому мутеъ мешаванд, ҳаст кӯдаке, ки иттилоро зуд ќабул мекунад ё баръакс ќобилияти суст дорад. Мо бояд коре кунем, ки барои ҳама як муҳити умумӣ фароҳам бошад. Кӯдакон ҳам худро бояд дар як зина, бо имкониятҳои баробар эҳсос намоянд. Барои ин нозуксанҷу равоншинос будани мураббӣ ҳатмист.
Чизи дигар маълумотнок будани кормандон аст. Талаботи замони нав ин аст, ки имрӯз ёрдамчии мураббия ҳам бояд маълумоти касбӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, тасмим дорем, мураббиёни арзандаву болаёќат ва ҳатто ёрдамчии мураббиёнро аз ҳисоби ҷавонон дастгирӣ карда, давоми кор дар боғча соҳиби маълумоти олӣ намоем, - мегӯяд Б.Алимова.
шаҳноз