Модарони фарзандони бузург
Модаронанд, ки нобиғагони зиёдеро ба олам овардаанд. Ин раҳ аз модарбузургони абармардони маъруфу машҳури тоҷик порае чанд гуфтанием, ки дар тарбияту камолоти фарзандон саҳми бузурге ниҳодаанд ва бад - ин восита, дар маънавиёти башар нақши носутурдание гузоштаанд.
Зеварой – модари устод Садриддин Айнӣ
Устод Садриддин Айнӣ, ҳарчанд дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум монда бошад ҳам, модарашро мудом бо меҳрубонӣ ба ёд овардааст. Зеро модари меҳрубонаш барои донишманд шудани фарзандаш зиёд талош варзидааст.
Ба иқрори профессор Аламхон Кучаров, модари устод Садриддин Айнӣ номи зебои тоҷикона - Зеварой доштааст. Ин зани солеҳаву оқила дар хонадон сapфакор будааст. Агар биринҷ ё равған медоштааст, аз он каму беш истифода бурда, ягон чизи нағз мепухтааст. Ӯ боре ҳам оилаашро бе ғизо намемондаaст. Ва устод дар «Ёддоштҳо» масали - «Сарфаи сари оташдон - савдогари Ҳиндустон» - ро бамаврид истифода бурдааст, ки онро борҳо аз забони модараш шунида будааст.
Вақте ки аъзои оила ба вабо мубтало мешаванд, модари Айнӣ ҳам хеле лоғару бемадор мешавад ва тағояш ӯро аз деҳаи Соктаре ба Маҳаллаи Боло, ба хонаи модараш, мебарад. Дар он ҷо Айнӣ хизмати модарашро дар вақти беморӣ ба ҷо меорад ва дар ин бора менависад: «Вақте модарам дар бистари беморӣ лоғару бемадор буд, ман аз вай чашмонамро мегурезондам, то ашкамро набинад». Ҳамин хизматҳояш буд, ки модар лаҳзаи вопасин мегӯяд: «Ба ҳазор дароӣ, писарам…».
Дуои модар мустаҷоб гардид. Садриддин Айнӣ дар таърихи миллати тоҷик ва башар бо асарҳои безавол ва хизмати шоистааш абадан дар лавҳи хотир монд.
Розия Озод – модари Бобоҷон Ғафуров
Модари академик Бобоҷон Ғафуров шоира Ғафурова Розия Бойматовна бо тахаллуси Розия Озод шеър менавишт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар ташаккули фарзандаш чун шахсе донишманд, инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ, модари маърифатпарвараш нақши барҷаста гузоштааст.
Розия Озод дар деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (17.1.1893) ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббати Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, қатъи назар аз зиндагии тоқатфарсо, ӯро ба мактаби куҳнаи духтарона месупоранд. Дар муддати кӯтоҳ Розия бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланд аз дугонаҳояш пеш гузашта, ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷику форс, хусусан ба хондани осори бою пурғановати Ҳофизу Бедил, оғоз менамояд. Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам медиҳад.
Розия Озод, шахси равшанзамир, тавонист дар замири фарзандонаш Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷиниcco Ғафурова ватандӯстию меҳнатдӯстӣ парварад ва онҳоро ба роҳи инсондӯстию накукорӣ ва хидмат ба халқу Ватан ҳидоят намояд.
Бибӣ Марям – модари Эмомалӣ Раҳмон
Модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо исми Бибӣ Марям, яке аз модарони маҳбуб ва соҳибэҳтироми тоҷикон маҳсуб мешаванд.
Ҳамин зани оқила фарзандеро ба дунё оварда, ӯро бо меҳнати ҳалол, дуову каломи нек ба камол расонд, ки ин фарзанди худодод дар синни 40 - солагӣ Сарвари давлати Тоҷикистон шуд. Дар шароите ниҳоят душвор тақдири мамлакат ва як халқи куҳанбунёдро ба дасти худ гирифт. Фарзанде, ки хизматҳои беназираш барои ин мардум ва ин сарзамин дар саҳфаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтанд.
Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамдаму маслиҳатгар ва дуогӯяшон модарашон буданд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид мекунанд: «Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии Офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳоро ба ҷо оваред, то баъди сари онҳо пушаймон нашавед».
Холбибӣ - модари Мирзо Турсунзода
Модари шоири шаҳир Холбибӣ ном дошта, зодаи мавзеи Қаратоғи водии Ҳисори Шодмон ва зани хоксору нексиришт ва соҳиби саводи динӣ будааст.
Мардумшинос Рӯҳулло Ҷӯрабоев дар баробари он ки аз соли 1988 роҳбарии Осорхонаи санъати амалию халқии ба номи Мирзо Турсунзодаро ба уҳда дорад, инчунин, ба таҳқиқи ҳаёту фаъолият ва зиндагиномаи эшон шуғл меварзад.
Бино ба гуфтаи ӯ Холбибӣ соли 1920, аз сабаби хуруҷи бемории вабо, дар синни 58 – солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Он замон Мирзо дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекард. Яъне, Мирзо Турсунзода дар овони хурдсолӣ аз меҳру навозиши модар маҳрум мондааст.
Холбибӣ қобилияти бо хати арабиасоси ниёгон хондан ва навиштан дошт.
Пас аз марги модар солҳои 1924 - 1925 Мирзои хурдсол дар мактаб – интернат, сипас дар Душанбе хонданро идома медиҳад. Модари ӯ бо меҳрубониву ғамхорӣ ва босаводӣ миёни мардум маҳбубияти зиёд дошт.
Шарифмо – модари Нусратулло Махсум
Модари яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон, солҳои 20 - уми қарни XX, ки аз роҳбарии Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм то раиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намуда буд, Шарифмо ном доштааст. Нусратулло Махсум 27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар назди халқу давлат бо унвони олии - Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид.
Шарифмо дар баробари зани нексиришт будан, саводнок низ будааст. Бонуи ниҳоят меҳрубону нисбат ба дигарон хушбин, на танҳо дар таълиму тарбияи фарзандони худ, балки дар саводомӯзии занони деҳа низ нақши назаррас дошта, ба онҳо дар умури рӯзгордорӣ ва барпо намудани тӯю маъракаҳо ёриву машварат медодааст.
Нусратулло Махсум то соли 1897 дар оила ҳамроҳи падару модар мезист. Бо расидан ба синни 16, ба қасди мардикорӣ ва таҳсил ба Фарғона сафар карда, 8 сол дар ғарибӣ заҳмат мекашад. Дар Фарғона маълумоти динӣ ва забонҳои русию туркиро аз бар намуд. Соли 1905 ба зодгоҳаш - деҳаи Чашмаи Кизии амлокдории Қазоқ (ҳоло Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум) баргашт.
Нусратулло Махсум дар оилаи деҳқони камбағал дар ноҳияи Ғарм ба воя расидааст. Волидонаш маълумоти динӣ доштанд, бахусус модараш, ки ба нақли ҳолдонҳо, зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст будааст. Маҳз ҳамин хислатҳои ин зани отифа, барои саводи ибтидоӣ гирифтани писараш ва ҳамчун ҷавони ҷасуру боғайрат ва босавод ба камол расидани ӯ саҳм гузоштааст. Яке аз сабабҳои «Махсум» мулаққаб шудани ӯ низ дар ҳамин мебошад. Хизматҳои барҷастаи Нусратулло Махсум дар назди халқу Ватан номи ӯ ва модари меҳрубонаш Шарифморо то абад нигоҳ хоҳанд дошт.
Майсара - модари Шириншоҳ Шоҳтемур
Шириншоҳ дар овони хурдсолӣ аз модар ятим мондааст. Дар бораи модараш маълумоти зиёд вуҷуд надорад. Аммо Шакарбонуи Шоҳтемур аз суханони падараш, ки бародари Шириншоҳ будааст, лаҳзаҳоро ба ёд оварда, мегӯяд, ки модараш Майсара ном доштааст. Ин зани одии деҳотӣ 6 писар ва 5 духтарашро то зинда буданаш саробонӣ мекардааст. Як хешованди дигари Майсара кампири Саодат нақл мекунад, ки баъд аз вафоти падару модар сарпарастии ин хонаводаи калонро бародари калонӣ - Мамадаслам ба уҳда дошт.
Ҳарчанд бародари калон саъй мекард, ки оилааш худро орому осуда ҳис кунад, аммо фироқи волидони кӯтоҳумр, ҳасрати ятимӣ, дарду алами бенавоӣ ҳар дам думболагирӣ онҳо буд. Мамадаслам медонист, ки назар ба дигар бародарону хоҳарон Шириншоҳ дар пеши модараш дарси бештар меомӯхт. Аз ин рӯ, ӯро ба назди муаллими деҳа - охон Шоҳзодазрон бурд. Шириншоҳ аз рӯзҳои аввал дар байни шарикдарсон пешсаф буд. Зеро он чи ки муаллим мегузашт, вай аз модараш омӯхта буд. Ҳусни хаташ ҳам хеле зебо буд. Ҳамин тавр, насиҳатҳои пайвастаи модараш роҳи ӯро ба сӯи илму дониш ва ҷаҳони бузург боз намуд.
Замоне дар Петербург Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳангоми як ҳамдеҳаашро вохӯрдан, бо ашки ҷонсӯз аз модар ва аҳли деҳа пурсида, ба ёд овардааст, ки «дар кӯдакиам дар он макон подабонӣ мекардам ва модарам пиёда роҳи дурро тай зада хӯрок меовард, то ман аз гуруснагӣ ба фалокате дучор нагардам ва маро насиҳату дилдорӣ медод». Маҳз ҳамин суханони модараш буд, ки Шоҳтемур сарфи назар аз бенавоияш, соҳиби хату савод шуд. Аммо, афсӯс умр вафо накард ва қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур на танҳо аз модар, балки аз дидори ёру диёр низ ҷудо гардид.
Очакалон – модари Ҷаббор Расулов
Ҷаббор Расулов ходими намоёни давлатӣ, аз 12 апрели 1961 то 4 апрели 1982, то вопасин рӯзи ҳаёташ Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Аммо ин мартаба дар бораи муҳаббати беандоза ва эҳтироми баланди вай нисбат ба модараш зикр менамоем.
Падараш сохтмончӣ буд. Модар фарзандонашро тарбия мекард. Қатъи назар аз рӯзгори вазнини тоинқилобӣ ва ҳолати вазнини зиндагӣ модар мекӯшид, то кӯдаконаш гурусна намонанд ва тозаву озода бипӯшанд.
Ин заҳмату азобҳо, муҳаббати модарро Ҷаббор Расулов дар чӣ вазифае набошад, ягон лаҳза фаромӯш намекард. Пас аз вафоти падар ӯ модари мушфиқу меҳрубонашро бо худ мегардонд.
Пас аз роҳбари ҶШС Тоҷикистон шуданаш, Ҷаббор Расулов дар зарфи 21 сол рӯзи кориашро аз дидор бо модар оғоз мекард. Ронандааш вазифадор буд, ки ҳар пагоҳӣ ҳангоми ба кор рафтан барои модар 4 дона нони гарми нонвойӣ ва аз бозор қаймоқи тоза бигирад. Ӯ худ бо нонҳои гарм назди модар медаромад. Ва ҳар рӯз, ҳини хайрбод модар ба писараш дуои нек медод.
Ҳар рӯзи якшанбе вай ба ронандааш пул медод то аз бозори «Путовский» («Баракат») 2 килограм гӯшти гӯсфанд харида, ба модар расонад. Ҳар шом баъди кор Ҷ. Расулов ҳатман назди модар даромада, аз вазъи саломатиаш пурсон мешуд ва хоби хуш таманно карда, сипас ба хонааш мерафт.
Он замон модарро ҳамчунон Муҳаррамхон Расулова – хоҳари Ҷ. Расулов, ботаник, узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва духтаронаш Зулайхохон ва Зебохон ҳамроҳ буданд.
Ин марди бузург доимо дар беҳбуди саломатии модар кӯшиш ба харҷ медод. Зеро синни модар аз 90 гузашта буд. Аммо писар қабл аз модар вафот кард. Модар мардонавор талафоти фарзанди дӯстдорашро аз сар гузаронд. Мом танҳо як хоҳиш кард то як пиҷак (костюм) – и писарашро биёранд. Модар пиҷакро дар бағал гирифта мебӯид, то бӯи писарашро фаромӯш накунад. Баъди чанд сол модар низ дунёро падруд гуфт.
Умар АЛӢ