Туҳфаи арзанда
Дар самти муқобили боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём, дар домани талу теппаҳои хушнамои маҳаллаи Лучоб ва дар соҳили рӯдхонаи Душанбе муҳташамтарин иншооти варзишии мамлакат қомат афрохта, бо намои ҷозибанокаш симои шаҳрро боз ҳам зебо гардондааст.
Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар майдони 10 гектар бунёд гардида, аз се қасри даврашакли хуштарҳу замонавӣ иборат аст, ки дуи он пӯшида, сеюмӣ нимпӯш, яъне тобистона аст. Санаи 21 июли соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин иншооти бузург ироа доштанд, ки маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Бинои бузургтари ин маҷмаа қасри теннис буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Он чор қабат буда, дар маркази он қабати аввали бино се корти теннис паҳлуи ҳам ҷойгирасту атрофи онро то ошёнаи чорум беш аз 3 ҳазор ҷойи нишаст иҳота намудааст. Таваққуфгоҳи зеризаминии ин бино 300 воситаи нақлиётро дар худ ҷой медиҳад. Дар қабати аввал 12 ҳуҷраи либосивазкунӣ, толорҳои маҷлис барои 120 нафар, толорҳои нишаст барои доварону шореҳон ва беш аз 50 ҳуҷра бо тарҳи хосса ороиш ёфтаанд. Дар қисми даромадгоҳи бино, аз ду самти он ду каҳвахонаи хуштарҳу замонавӣ ҷой гирифтааст. Дар қабати дувуми бино толорҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили якҳарбаҳои шарқӣ, гӯштигирӣ, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва толори универсалӣ мавҷуд аст, ки дар он бозиҳои футбол, волейбол ва баскетболро метавон доир намуд. Дар қабатҳои болоии бино толорҳои техникӣ ва ҳуҷраҳои шореҳон ҷойгиранд.
Дар шафати қасри теннис қасри дувумӣ, ки барои намудҳои варзиши обӣ пешбинӣ шудааст, воқеъ аст. Баландии он 27 метр буда, дар майдони беш аз 20 ҳазор метри мураббаъ доман густурдаасту аз се ошёна иборат аст. Ба мисли қасри теннис чор ҳавзи шиноварӣ дар қабати аввал ҷойгир аст, ки наздики 2 500 ҷойи нишаст барои тамошогарон муҳайёст. Тӯли ҳавзи шиноварӣ 50 метр буда, дар шафати он ҳавзи ҷаҳиш ба об қарор дорад. Ҷастгоҳҳо (трамплинҳо)-и он 1, 3, 5, 7,5 ва 10 метр баландӣ доранд. Аз пушти ин толор ду ҳавзи дигар барои занон ва кӯдакон воқеъ аст, ки барои шиноварӣ, аквааэробика (рақси обӣ) ва ватерполо (тӯббозӣ дар об) пешбинӣ шудаанд.
- Ин маҷмаа рӯзҳои наздик дари худро рӯи варзишгарону хоҳишмандон боз хоҳад кард. Мураббиёни ботаҷриба омодаанд, ки ба хоҳишмандон дарсҳои гуногуни варзишӣ омӯзанд. Кӯдакону наврасони аз синни 4 то 15 - сола метавонанд дарсҳои шиноварӣ омӯзанд. Шумораи ҳавзҳо бениҳоят зиёданд ва мо дар як вақт метавонем то 200 нафарро бо шиноварӣ фаро гирем. Ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ низ маҷмаа ба қабули мизоҷон омода аст. Арзиши хизматрасониҳо миёна ва барои мизоҷон дастрас хоҳад буд, - мегӯяд Алисомон Алиаҳмадзода, муовини директор оид ба варзиши маҷмааи мазкур.
Ҳарорати оби ҳавзҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, дар ҳавзи шиноварии 50 метра 25 - 27 дараҷа, дар ҳавзи ҷаҳиш ба об аз 25 то 30 ва дар ҳавзҳои кӯдаконаву занона аз 29 дараҷа боло аст. Дар ошёнаи дувуми ин қаср ҳуҷраҳои маъмурият, толори конфронсгузаронӣ бо 130 ҷойи нишаст, ду қаҳвахонаи барҳаво, ду толори обутоби бадан ҳам барои мардҳо ва ҳам занон, ҳуҷраҳои либосивазкуниву истироҳатии варзишгарон ҷойгир аст. Қабати сеюми қаср аз нишастгоҳҳо, ду қаҳвахона ва дигар иншооти фаръӣ иборат аст. Рангубори қаср бо санъати воло анҷом дода шуда, асосан бо рангҳои кабуд ва нилгун ороиш ёфтааст.
Қасри сеюм - ҳавзи шиноварии тобистона аст, ки болои он нимкушода ва аз ду ошёна иборат аст. Масоҳати умумии он 8 ҳазор метри мураббаъ буда, 17 метр баландӣ ва 300 ҷойи нишаст дорад. Дар иншооти мазкур намудҳои варзиши ҷаҳиш ба об (бо ҷастгоҳҳои монанди қасри бузурги шиноварӣ), шиноварӣ ба масофаи 25 метр, тӯббозии обии мардонаву занона ва шиноварии синхрон доир мегарданд. Як толори акробатика, ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳаммом ва се қаҳвахонаи қасри мазкур ба хизмати мизоҷон омода аст. Ҳавзҳо тариқи системаи дегхонаи маҷмаа сарфи назар аз фасли сол гарму сард карда мешаванд.
Ин се қасри муҳташам мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтаанд, ки барои гузарондани бозиҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, бозиҳои олимпӣ мувофиқ мебошанд. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис мувофиқа гардида, дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсуси бозгӯ ба талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ насб карда шудаанд.
Ҳар як қаср бо ду адад дастгоҳи махсуси чиллер -фанкойл аз ширкати ҷопонии «Дайкин» таҷҳизонда шудаанд, ки биноро пурра бо гармӣ ва сардӣ таъмин намуда, ҳарорати дохили иншоотро муътадил мегардонанд. Тамоми ҳуҷраҳои маъмурӣ бо интернети баландсуръат пайваст буда, толорҳои конфронсгузаронӣ ва нишастгоҳҳо барои тамошобинон бо системаи WI -FI таъмин мебошанд.
Дар саҳни ҳавлии маҷмаа, дар самти чапи он 8 майдони тенниси болокушода бо тарҳи замонавӣ ҷой гирифтааст. Корти якуми он 1000 ҷойи нишаст дорад.
Шабонгаҳ чароғҳои фурӯзону таҷҳизоти муосири нурпошӣ ин гӯшаи зебоманзари пойтахтро боз ҳам зеботар мегардонад.
Ин маҷмааи бошукӯҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд гашта, дар сохтмони он мутахассисони 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Лоиҳаи онро ҶММ «Ростовгипрошахт»-и Россия таҳия намудааст.
- Ҳаводорони варзиш бениҳоят зиёданд ва ҳарчи зудтар барои машқу тамрин худро номнавис кардан мехоҳанд. Мизоҷонро метавонем ба тариқи шартнома якрӯза, моҳона, семоҳа, шашмоҳа ва солона қабул кунем, ки тибқи он корти муайян дода мешавад. Алҳол дар маҷмаа беш аз 200 мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст. Ният дорем, ки оянда дар асоси шартнома сафи онҳоро биафзоем, - иброз дошт А. Алиаҳмадзода.
Маврид ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти таблиғу ташвиқи варзиш садҳо иншооти муҳими варзишиву солимгардонӣ бунёд ва тармиму таҷдид гардида, шабакаҳои телевизионии варзишӣ, Ҷоизаи Президенти кишвар таъсис ва бозиҳои миллии варзишӣ дубора эҳё гардиданд.
Дар 70 соли замони шӯравӣ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, агар варзишгарони тоҷик 133 медал ба даст оварда бошанд, пас дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ варзишгарон беш аз 5 ҳазор медалро ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намудаанд.
Фазои орому осудаи кишвар ва беҳтарин шароитҳои варзишии мамлакат калиди муваффақияти варзишгарони тоҷик мебошад.
Омина ХОҶАЕВА