ОБУҲАВОШИНОС
Ҳар яке кунҷковона гоҳе ба телевизор, радио ва гоҳе ба интернет мувоҷеҳ гашта, аз вазъи боду ҳаво мехоҳем хабардор гардем, то абзори мувофиқ ба бар намоем, чатр гирем, дар роҳҳои доманакӯҳ аз хавф эмин бошем ва ҳосили саҳроро беталаф ҷамъ оварем. Андешае думболи он меояд, ки киҳо ба пешгӯии боду ҳаво шуғл доранду маълумоти дақиқро чӣ гуна дастрас менамоянд?
Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ 76 бону фаъолият дошта, 9 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ заҳмат мекашад. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакат бештар бонувони рус ба ин пеша шуғл доштанд. Пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон сафи бонувони тоҷик дар ин ниҳод афзуд. Яке аз ин бонувони соҳибэҳтиром Парвина Саидҷамолова аз соли 1996 дар агентӣ ифои вазифа менамояд.
- Пас аз хатми мактаби миёна рӯзе ҳамроҳи духтари ҳамсоя ба агентӣ омадам. Аз ҳамон рӯз ҳамарӯза сӯи ин даргоҳ мешитофтам. Як моҳ ҳамин тавр сипарӣ шуд. Ҳаракати абрҳо, дидани сиклонҳо бароям аҷиб метофт. Директори вақти агентӣ Маҳмадалиев рӯзе пурсид, ки чаро ҳар рӯз равуо дорам? Гуфтам: «Ин касб бароям мақбул аст». «Биё кор кун, маош ҳам мегирӣ», - гуфт ӯ.
Ростӣ, ҳамчунон мафтуни обуҳавошиносӣ будам, ки маош дар назарам ҳеҷ менамуд. Ҳамин тавр тақдир маро бо ин маслак пайваст, - мегӯяд Парвинабону.
Ба хотири беҳтар аз худ намудани пеша соли 2004 ба факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳуҷҷат супурду онро бо муваффақият хатм кард.
Муддате аз ин пеша дур шуд, вале пайваста ба ёди он дилаш гум мезад. Гуфтори телефонии устодаш Ҷамила Байдуллоева «Мо ба ту ниёз дорем» ба ӯ неру бахшид ва дубора ба агентӣ пайваст.
Парвина Саидҷамолова солҳои 2009 - 2016 сардори шуъбаи пешгӯӣ буд. Соли 2017 ӯро муовини директори маркази обуҳавошиносӣ таъйин намуданд. Пайваста паҳлуи мутахассисони ҷавони обуҳавосанҷӣ буда, аз кору пайкори онҳо бохабар аст ва ба онҳо маслиҳату машваратҳо медиҳад.
Дирӯзу имрӯз
- Солҳои пеш бо харитаҳои калони синоптикӣ кор мекардем, ки ба солимии инсон зараровар буданд. Шурӯъ аз соли 2013 ба агентӣ таҷҳизоти замонавӣ ва харитаҳои ранга ворид гардиданд. Қадам ба қадам мекӯшем то аз навгониҳову пешравиҳои соҳа бохабар бошем. Аз ин рӯ, зиёд дар машғулияту курсҳои омӯзишии давлатҳои Олмон, Россия, Филиппин, ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ширкат меварзем, - мегӯяд Парвина Саидҷамолова.
Сарфи назар аз душвориҳо ва заҳмати шабонарӯзӣ бонувони меҳнатдӯсти ин ниҳод барои дастрас намудани маълумоти дуруст оид ба вазъи боду ҳавои кишвар ва ҳарчи зудтар ба мардум расондани он камар бастаанд. Дар агентӣ 52 пойгоҳи обуҳавосанҷӣ амал менамояд, ки пас аз ҳар се соат маълумот ба таври оҷил ба марказ ирсол мегардад. Мутахассисон ҳаракати абрҳову сиклонҳоро санҷида, хулоса мебароранд, ки ҳавои боронӣ ё барфӣ пас аз чанд муддат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мерасад.
Баъзан хато…
- Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор аст, баъзан абрҳои хурд дар кӯҳҳо дармемонанд, ки мушоҳида ва дарёфти онҳо номумкин мегардад. Аз ин рӯ, боришот дертар ё баръакс, зудтар ба вуқӯъ мепайвандад, ки аз маълумоти агентӣ андаке тафовут дорад. Вале мутахассисон мекӯшанд, то мавҷҳои хурдтаринро ба назар гиранду вазъро хуб омӯхта, маълумоти дурустро пешкаш намоянд. Мо то 10 рӯз пеш вазъи боду ҳаворо пешгӯи карда метавонем. Ҳоло маълумотҳои мо 80 - 90 фоиз дақиқ мебошанд, - мегӯяд ӯ.
Агентии обуҳавошиносӣ ниҳоди муҳими кишвар маҳсуб меёбад. Маълумот ба таври огоҳнома ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ВАО, Кумитаи рушди сайёҳӣ пешниҳод мешаванд, ки мардум аз вазъи баамалоянда бохабар гарданд.
Барои сари вақт ва самаранок ба роҳ мондани кор студияи наве дар дохили агентӣ рӯзҳои наздик ба фаъолият мепардозад. Минбаъд кормандон маълумотро оид ба вазъи боду ҳавои кишвар дар ин студия сабт намуда, ба телевизионҳои мамлакат ирсол медоранд.
Камобӣ
- Имсол дар кӯҳистон моҳи июл ҳаво нисбатан хунук омад, яхҳо об нашуданд, дар натиҷа дар дарёҳо кам шудани сатҳи об ба назар расид. Дар фасли зимистон низ дар кӯҳҳо боришоти барф то 50 фоиз кам шуд, ки зарари он на танҳо ба дарёҳои Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳо низ рабт дорад. Дар дарёҳое, ки манбаи неруи барқ мебошанд, сатҳи об то 17 метр поён шудааст. Ҳоло пайи омӯхтани вазъи зимистони имсола бо мутахассисони Россия кор бурда истодаем. Агар тирамоҳу зимистон сербориш оянд, вазъ ба эътидол медарояд, - иброз медорад Парвина.
Парвинабону дар баробари фаъолияти назаррас, ҳамчунин модари се писар мебошад. Оилаи солим бунёд намуда бо ҳамсари мушфиқаш дар тарбияи фарзандон ҳамроҳ саҳмгузоранд. Ба ақидаи ӯ, муваффақияти зан аз оила сарчашма мегирад, ки асоси онро якдиливу якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми хоссаи аҳли хонавода ба якдигар ташкил медиҳад.
Фарзона ВОСЕЕВА