Оҷилият аз лаҳзаи аввал
Дар ҳама давру замон, дар ҳарбу сангарҳои сарнавиштсоз паҳлуи мардон бонувон низ бо ҷасорату матонати хос баробар заҳмат мекашиданду мекашанд. Ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиат, амсоли садамаи нақлиёт, ба амал омадани сӯхтор, фаромадани тарма, сел, ярч ва ғайра, мутаассифона, талафоти ҷониро дар пай дошта, шоҳидонро ба ҳолати шадиди равонӣ дучор месозанд.
Дар чунин ҳолатҳо аксаран шахси ҳаяҷонзада шитобкорӣ намуда, гӯшӣ ба даст хабарро бо хотири парешон ба навбатдори ҳолатҳои фавқулода мерасонад, ки гоҳо мавзеи ҳодиса барояш ноошност. Дар ҳолати дарёфти маълумоти носаҳеҳ наҷотдиҳандагон макони заруриро муддате чанд ҷустуҷӯ карда, аз ҳама муҳим, вақти пурқиматро барои наҷоти осебдидагон аз даст медиҳанд.
Сумангул Бердова тайи 20 сол аст, ки ба ҳайси навбатдори қисми навбатдории раёсати Хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Дар таҷрибаи хеш зиёд ҳодисаҳоро дидаву шунидааст ва хуб медонад, ки дар фаъолияти ӯ оҷилият дар садри аввал қарор дорад. Навбатдорӣ ва ба танзим даровардани алоқа, қабул намудани хабарҳо оид ба вазъи ҳолатҳои фавқулода аз вазифаҳои асосии ӯ буда, аз садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуше, ки дар ҳудуди кишвар ба амал меоянд, зуд хабардор мегардад. Маълумот оид ба ҳодисаро Сумангул бештар тариқи навбатдори оперативии кумита дастрас ва фавран наҷотдиҳандагонро аз ҳодиса огаҳ сохта, дар зарфи 5 дақиқа ба макони зарурӣ сафарбар месозад.
- Аз сонияҳои аввал дар дафтари қайд нишонии дурусти макони ҳодисаро сабт менамоям ва муайян месозам, ки кай ва чӣ гуна вазъи фавқулода ба амал омадаву наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотбахшӣ дошта бошанду дигар хадамоти зидахлро низ ба макони ҳодиса сафарбар созанд. Дар садамаҳои нақлиётӣ баъзан сӯзишвории мошин рехта, сӯхтор ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба ёрии хадамоти оташнишонӣ низ зарурат меафтад, - мегӯяд Сумангул.
Дар раёсати мазкур навбатдорони алоқа ду нафар аст. Ду дастаи наҷотдиҳандагон амал менамояд, ки аз 7 наҷотдиҳанда, як навбатдор ва як духтур иборат аст. Ин бонуи танзимгари алоқа 24 соат навбатдорӣ карда, ҳамчунин дар амали наҷотдиҳӣ низ ширкат меварзад. Боре дар гузарондани корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт Сумангул дар фаъолияти таъминсозии бехатарии наҷотдиҳандаҳо иштирок намуда, ба наздикону пайвандони осебдидагон ёрии равонӣ расондааст. Дар мавзеъҳои Майхӯра ва Уштур, ки дастаи наҷотдиҳандагон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, аз онҳо оид ба чигунагии вазъи шоҳроҳ маълумот гирд оварда, ба роҳбарият пешниҳод менамояд.
- Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва раиси кумита раёсат бо тамоми лавозимот ва таҷҳизоти наҷотдиҳии муосир, инчунин бо автомашинаҳо таъмин аст. Наҷотдиҳандагон қодиранд бе мушкилӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шаванд, - афзуд ин бонуи навбатдор.
Вақте ки Сумангул нахустин бор ба фаъолият пардохт, дар ёд дорад, ки аввалин садои имдоди аз гӯшӣ шунидааш даъвати наҷоти гурбаи болои дарахти баланд дармонда буд. Дархост қабул гардиду наҷотдиҳандагон гурбаро беосеб раҳо намуданд. Наҷоти ҳайвонот низ аз ҷониби кормандони раёсат ба роҳ монда мешавад. Чанде пеш аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб хабар расид, ки гове даруни дарё афтидааст. Дар ҳамдастӣ бо кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҷасади ин ҳайвон аз дарё берун оварда шуд. Мутаассифона, ҳолатҳои ғарқшавии моли хонагӣ ва одамон дар фасли гармо афзун гардида, боиси нигаронист. Ҳамчунин, бештари ноболиғони аз назорати падару модар дурмонда ба оббозӣ, гулу гиёҳчинӣ ва ғайра мераванду ба дарё медароянд ва ба маҷрои об тоб наоварда, ғарқ мешаванд.
Аз беэҳтиётӣ ва бемасъулиятии одамон ҳолатҳои техногенӣ низ ба вуқӯъ меоянд. Сар задани оташ дар нуқтаҳои ҳамли маводи сӯхт, садамаи нақлиёт, хоб бурдани ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ, дар коргоҳҳои истеҳсолӣ бемаврид истифода бурдани маводи кимиёвӣ, ки боиси таркиш ва сӯхтор мегарданд, ҳамчунин, таркиши газ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ғайра аз шумори онҳо мебошанд.
- Баъзан дар як шабонарӯз чанд ҳолати фавқулодаро ба қайд мегирем. Наҷотдиҳандагон ба як бор дар 3 - 4 ҷойи ходиса ширкат меварзанд. Дар садамае иштирок карда, дар роҳ ба сӯи коргоҳ хабари ғарқшавии нафареро шунида, ба макони ин ҳодиса мешитобанд. Баъзан давоми навбатдорӣ ягон ҳодисаи нохушро ба қайд намегирем. Дар чунин ҳолат дар доираи гурӯҳи навбатдорӣ машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ оид ба тайёрии кӯҳнавардӣ, ғаввосӣ ва омодагии техногенӣ мегузарем, - мегӯяд ин бону.
Ҳар маротиба аз ғарқшавӣ, сӯхтор, садама, офатҳои табиӣ шунидани хабари нохуш барояш дарднок аст. То анҷоми амали наҷотдиҳӣ аз вазъи осебдидагон зуд-зуд пурсон шуда, ғамшарики мусибати онҳо мегардад. Рӯзҳои истироҳатро дар ҳалқаи хонавода мегузаронад. Писари бузургаш, ки муҳассили коллеҷ аст, барои адои хизмат ба Ватан бо хоҳиши худ ду маротиба ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд ва бо сабаби хурдии синну сол ҷавоби рад шунид. Алҳол дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дарсҳои ронандагӣ меомӯзад ва дар фарҷоми сол ба сафи Артиши миллӣ шомил шуданист.
Соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти кумита Сумангул Бердова дар пойтахт, дар бинои навбунёд соҳиби манзили истиқоматии якҳуҷрагӣ гардид. Барои хизматҳои шоён бо нишонҳои 5-солагии таъсисёбии раёсати Хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ, 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, 20 ва 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат қадр шудааст.
- Дар ҳама ҳолат эҳтиёткору зирак мебояд буд. Рафъ кардани хавфи ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои техногенӣ аз масъулиятшиносии ҳар шахс вобаста аст. Пеши ҳодисаҳои тасодуфии нохуш ва офатҳои табиат, ки ба амал меоянд, инсон ҳеҷ аст ва касе аз онҳо эмин нест. Аз ин рӯ, дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами 112 ё ба рақамҳои 93 880 28 22 - 93 884 00 86-и раёсати наҷотдиҳӣ занг зананд. Мо тариқи мухобираҳои байниидоравиву дастӣ шабонарӯз дар тамосем, - афзуд Сумангул Бердова.
Омина ХОҶАЕВА