баракати танзим
Ба қабули Қонуни Ӌумҳурии Тоӌикистон «Дар бораи танзими анъана ва ӌашну маросим дар Ӌумҳурии Тоӌикистон» 13 сол пур шуд. Таӌрибаи хуби тӯли ин солҳо андӯхта собит сохт, ки ин қонун на танҳо ба мушкили молии мардум сабукӣ овард, балки барои дигар мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо тоӌикон дар доираи анъанаҳои муштарак ба сар мебаранд, намунаи ибрат гардид.
Ӌиҳати омӯхтани таӌрибаи Тоӌикистон дар амалӣ гаштани қонуни мазкур аз ӌониби кишварҳои ҳамсоя, аз ӌумла Қирғизистон ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ӌашну маросими назди Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон дархост ирсол гардид.
Ба гуфти Мансур Назаров, сармутахассиси кумитаи мазкур, дар вазъи фавқулодае, ки башарият аз сирояти ҳамагири COVID-19 нигаронанд, амали ин қонун, ки дар меҳвари он ҳимояи манфиатҳои иӌтимоию иқтисодии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатист, басо муҳим мебошад.
- Сарфа накардани маблағ ва ба исрофкорӣ даст задан пайомадҳои нохуб дорад, бахусус дар вазъи офати нав, ки мушкилоти шаҳрвандон метавонад дучанд гардад, бори дигар собит мегардад, ки Тоӌикистон дар ин масъала роҳи дурустеро интихоб кардааст, то вазъ муътадил нигоҳ дошта шавад, - иброз дошт М. Назаров.
Сарф каму…
Қонуни Ӌумҳурии Тоӌикистон «Дар бораи танзими анъана ва ӌашну маросим дар Ӌумҳурии Тоӌикистон» бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарназардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳоди мардуми кишвар аз ӌониби гурӯҳи ӌомеашиносон, диншиносон ва ҳуқуқшиносони варзидаи мамлакат ба тасвиб расидааст. Иӌрои талаботи он аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.
Ҳанӯз солҳои аввали амали қонуни мазкур натиӌаҳои назаррас мушоҳида гардиданд ва таъсири буҳрони иқтисодии ӌаҳониро як қадар ба иқтисодиёти Тоӌикистон кам намуд. Дар маӌмӯъ беш аз 22 миллиард сомонӣ ба буӌети шаҳрвандон фоида овард.
- Дар давраи амалишавии қонуни мазкур сатҳи зиндагии мардум нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб боло рафт, ӌашну маъракаҳо ба меҳвари муайян ворид ва танзим гардид. Имрӯз ба ҳисобҳои оморӣ метавон гуфт, ки дар ӌумҳурӣ чанд тӯйи домодию арӯсӣ ва чанд маросими азодорӣ баргузор карда мешавад, - афзуд Мансур Назаров.
Қонуншиканӣ
Ӌиҳати татбиқи қонуни миллӣ дар назди мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мамлакат 503 комиссияи доимӣ ва дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 7086 комиссияи ӌамъиятии танзими анъана ва ӌашну маросим фаъолият доранд. Мутаассифона, ҳангоми баргузории тӯю маърака ва маросими азо ҳанӯз ҳам бархе аз шаҳрвандон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Тӯли 5 моҳи аввали соли 2020 дар ӌумҳурӣ аз ӌониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ӌашну маросим ҳангоми баргузории рейдҳои санӌишӣ 183 қонуншиканӣ ошкор гардида, парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва ба мақомоти суд ирсол карда шудаанд.
- Ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо аксаран талаботи моддаи 10 қонуни мазкур аз ӌониби шаҳрвандон риоя намегардад. Ҳамчунин, талаботи моддаи 11 ин қонун низ вайрон гардида, маросими се ва чили азодорӣ бо даъвати шаҳрвандон ва додани таом баргузор мегардад. Аммо метавон гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ қонуншиканӣ бамаротиб коҳиш ёфтааст, - баён дошт М. Назаров.
Қайд кардани ӌашни зодрӯзро, ки тибқи талаботи қонуни мазкур дар доираи хонавода муайян карда шудааст, қисме аз шаҳрвандон риоя накарда, меҳмонони зиёдро даъват менамоянд…
Тибқи таҳлилҳо қонуншиканӣ дар тамоми қишрҳои ӌомеа ба мушоҳида мерасад. Баъди ба қонуни мазкур илова гардидани тағйиру иловаҳо миёни шахсони мансабдор қонуншиканӣ камтар ба мушоҳида расид, ки ба ӌаримаи зиёд ва барканорӣ аз мансаб рабт дорад.
Муҳоӌирони меҳнатӣ баъди бозгашт ба зодбум бештар ба қонуншиканӣ роҳ дода, талаботи қонуни мазкурро сарфи назар менамоянд. Баъдан ҳофизон дар тӯю маъракаҳои мардум хизматрасониро бе шартномаи меҳнатӣ ба роҳ мемонанд ва ба ин тариқ, ӌарима карда мешаванд. Қонуншикании соҳибкорон низ аз ин рӯйхат истисно нест.
Фаъолияти комиссияҳо
Назорат аз рафти шаффофияти фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ба уҳдаи мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст. Аммо ҳанӯз ҳам аз ӌониби шаҳрвандон баъзан шикоятҳо шунида мешаванд, ки ҳангоми бақайдгирии тӯю маъракаҳо масъулони комиссияҳои доимӣ аз онҳо маблағ талаб менамоянд.
- Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми бақайдгирии тӯю маъракаҳо ба масъулони комиссияҳои доимии ӌойи истиқоматӣ маблағе насупоранд. Зеро ба қайд гирифтани ӌашну маъракаҳо тибқи талаботи қонуни мазкур ба таври ройгон аст. Иӌрои амали ин қонун аз ӌониби Прокуратураи генералии ӌумҳурӣ назорат карда мешавад. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор тибқи нақша ҳар семоҳа, шашмоҳа ва солона вобаста ба минтақаҳо фаъолияти ин комиссияҳоро мавриди санӌиш қарор медиҳад, - ироа намуд Мансур Назаров.
Воқеан, амали қонуни мазкур бевосита аз худи шаҳрвандон вобаста аст. Вақте шаҳрванд ҳуқуқу вазифаҳои худро дониста, талаботи қонуни мазкурро аз худ менамояд, вақти бақайдгирии ӌашну маъракаҳо метавонад аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ намояд.
Омина Хоӌаева