Шарари садоқат
Одатан духтарон пас аз хатми мактаб ба пешаи табибӣ ва ё омӯзгорӣ рӯ меоранд, ки яке пешаи наӌотбахшӣ ва дигаре тарбияву ҳидоятгарӣ мебошад, ки ба қалби пурэҳсоси бонувон наздик аст. Вале қаҳрамони мо сарфи назар аз нафосату назокат ва латофати занонааш пешаеро ихтиёр варзидааст, ки ӌасорату матонат ва шуӌоату мардонагиро тақозо дорад.
ӯ дар оилае ба дунё омад, ки ҳама омӯзгор буду пайи ӌустуӌӯи илму омӯзиш. Волидон ӯро ба мактаби русии деҳа шомил намуданд, ки он айём чунин амал кам иттифоқ меафтод. Мактаби миёнаи № 4 ба номи Николай Островскийи ноҳияи Шаҳринавро хатм намуд. Аммо ҳеӌ хоҳиши интихоби касбҳои маъмулӣ накард, балки мехост пешаи барои бонувон ғайриодиеро доро бошад. Ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоӌикистон ҳуӌӌат супурду нияти корманди ҳифзи ҳуқуқ шудан кард. Чун давраи таҳсил ба замони нооромӣ дар кишвар рост омад, шарари меҳр ба пешаи баргузидааш афзуд, то дар роҳи ором сохтани вазъ андаке ҳам бошад, саҳм бигирад.
Ду майдони бузурги тазоҳуроту нобасомониҳо ӯро ором намегузошт ва ҳарчи зудтар хоҳиши ба кор шурӯъ намуданро дошт. Биноан ба Вазорати корҳои дохилии ӌумҳурӣ ҳуӌӌат супурд. Ӌавоби радро гирифта ошуфтахотир гашт. Дар чунин вазъ зери хатар гузоштани ҳаёти духтари ӌавон барои кормандони вақти вазорат амали нобахшиданӣ менамуд. Бо навмедӣ фаъолиятро дар факултаи журналистика ва тарӌумонии донишгоҳ шурӯъ намуд. Замони қабули ҳуӌӌатҳои довталабон тасодуф бо сардори раёсати тафтишоти ВКД Қаҳрамон Султонов вохӯрд, ки духтари худро ҳангоми ҳуӌӌатсупорӣ ҳамроҳӣ менамуд. Аз фурсат истифода бурда, Дилафрӯз хоҳиши милиса шуданашро ба ин марди низомӣ гуфт. Азми қавӣ ва шарари садоқат ба ин пешаро дар чашмонаш дида, барои санӌиш ӯро ба вазорат даъват намуд.
Ӌуръат ва далерии духтарак боис шуду дар супурдани санӌиш муваффақ гардид. Дар раёсати тафтишот ӯро ба ҳайси котиб пазируфтанд, ки дар ин симат то соли 1997 ифои вазифа намуд. Баъдан ҳамчун ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ дар воҳиди махсуси ВКД ба фаъолият пардохт.
Роҳбарият Дилафрӯз Каримоваро соли 2010 ба Ӌумҳурии Судон роҳнамун сохтанд. Муддати ду сол дар миссияи сулҳӌӯёнаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин давлат ифои вазифа намуд. Пас аз бозгашт фаъолияташро ба ҳайси нозири раёсати нозироти ташкилии ВКД идома дод. Бо таъсиси шуъбачаи сайёҳии назди вазорат соли 2018 масъулияти роҳбарии ин шуъбачаро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Инак, соли дувум аст, ки масъулияти роҳбарӣ ва муовинии сардори раёсати экологӣ ва сайёҳиро бар дӯш дорад.
Ин бонуи кордону пуртаӌриба ҳамарӯза корашро аз маӌлиси пагоҳирӯзӣ оғоз менамояду назди ҳар кадоме аз кормандон вазифаҳои мушаххас мегузорад. Худ думболи баррасии мактубу дархостҳое мегардад, ки аз ӌониби сайёҳон ворид гардидаанд. Аксар вақт ба минтақаҳои дурдаст сафар карда, ӌӯёи кушоиши гиреҳи мушкили сайёҳон мешавад ва то поси шаб аз ифои вазифа дур намегардад.
Баъди оғози кор дар самти таъмини амнияти сайёҳон корҳои зиёде сомон дода шуданд, ки бисёре аз сайёҳони хориӌӣ аз кори ин ниҳод сипосгузоранд. Тавре подполковник Дилафрӯз Каримова мегӯяд, аз рӯзи таъсиси шуъбачаи мазкур ба беш аз 500 ҳазор сайёҳи хориӌӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, инчунин амнияти 150 гурӯҳи сайёҳон дар ҳайати 25 - нафарӣ таъмин карда шудааст. Ба ӌуз ин, дар пайдо намудани бастаи ҳуӌӌату ашёҳои гумкардаи ӌаҳонгардон ёрӣ расондаанд.
Ба хотири амнияти сайёҳон ва посух додан ба суолҳои онҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамен, шаҳрҳои Панӌакенту Турсунзода, боғи Камоли Хуӌандӣ ва қалъаи Ҳисор нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шудааст. Аз сабаби кам будани ҳайати корӣ, дар ин минтақаҳо зиёда аз 100 ризокорро (волонтёр) ба кор ӌалб намудаанд, ки дар мавридҳои зарурӣ ба маркази тамоси шуъбача муроӌиат менамоянд.
- Шукр, ки аз пушти ин пеша обруманд гаштаам. Бо одамони нексиришт, шинохта ва сайёҳони хориӌӣ ошноӣ ёфтам. Лаҳзаҳои ҳаяӌонбахшу хотирмони корӣ хеле зиёданд. Ҳиӌ аз ёдам намеравад, ки рӯзҳои аввали таъсиси шуъбача сайёҳе аз Корея дар роҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба садама дучор гардид. Баробари шунидани ин хабар ба шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб занг зада, аз ин ҳолат онҳоро огоҳ намудем. То расидани гурӯҳи кории мо онҳо сайёҳро бо мошини «Ёрии таъӌилӣ» ба беморхона расонданд. Ҳолаташ ниҳоят вазнин буд. Тамоми хароӌоти табобати сайёҳро бар дӯш гирифтем, то ӯро зудтар ӌарроҳӣ намоянд. Умеди зинда монданашро надоштем. Хушбахтона, сайёҳ ба худ омаду сиҳат шуд. Вале то ин дам гумон мекардам, ки ӯ фарзанди падарам асту аз ранӌи ӯ зиёд дилтанг мешудам. Дарк намудам, ки ин вазифа масъулияти бузург мехоҳад, ки таъмини амнияти намояндаи давлати дигар бар дӯши мо вогузор гардидааст, - ба хотир меорад Дилафрӯз.
Ба ин монанд воқеаҳо зиёд рух додаанд. Дар бисёре аз мавридҳо сайёҳон дар баландиҳо дармемонанду бонги изтироб мезананд. Дар ин ҳолатҳо кормандони шуъба ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ӌумҳурӣ ба ёрӣ мешитобанд. Ҳолатҳое рух додаанд, ки сайёҳон берун аз хати сайр роҳгум задаанд ва ё вазъи сиҳатии онҳо бад гардида, дар ӌангалҳо аз ҳуш рафтаанд. Дар ин гуна вазъият пайдо намудану то сиҳат ёфтани сайёҳ ӯро ҳамроҳӣ кардан, вазифаи кормандони пулиси сайёҳӣ аст.
Дилафрӯз аз он сарфароз аст, ки имрӯз дар қаламрави Тоӌикистон осоиштагиву амнияти шаҳрвандон, аз ӌумла сайёҳони хориӌӣ таъминанд.
- Ҳар ӌое, ки оромиву субот аст, ризқу баракат низ он ӌост. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари ноороми тоӌикро роҳбар гашт. Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зиндагии мардуми тоӌик дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ гул - гул шукуфтан дорад. Вазифаи мост, ки ин сарвати бебаҳо - ваҳдату якдилиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, - иброз дошт Дилафрӯз Каримова.
Б. РАҲМОНОВА