Дастоварди Муҳаммадҷон
Ба ақидаи донишмандон, ҳар кӯдак бо қобилият ва истеъдоде ба дунё меояд. Танҳо волидонро зарур аст, ки онро кашф намуда, барои рушди минбаъдааш тадбир андешанд. Равоншиносон бар он назаранд, ки рушди истеъдод, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия бастагӣ дорад.
Санаи 1-уми июн, Рӯзи байналмилалии кӯдакон пазируфта шудааст, месазад оид ба қобилияти кӯдаконе ҳарф бизанем, ки бо донишу маҳорати хеш миёни ӌомеа маъруфият ба даст овардаанд.
Истеъдод
Муҳаммадӌони Наврӯз ҳанӯз 5 сол дошт, ки шеъру ғазалҳои классиконро аз бар мекард, ҳарчанд ба кӯдакистон нарафтаву дар муҳити хонавода бештари вақтро сипарӣ намудааст. Волидон барои рушди истеъдоди фарзанд ҳамарӯза вақти муайяне ӌудо намуда, дар шарҳу тафсири ғазалҳо ба ӯ ёрӣ мерасонданд.
Барои санӌиши қобилияти шеърдонии писар, рӯзе қиблагоҳ ӯро барои ширкат дар барномаи «Шоирона»-и Телевизиони «Сафина» ҳамраҳӣ кард. Доварон ҳофиза ва лаҳни буррову ширини ӯро дида, ба хулосае омаданд, ки миёни 25 ҳазор иштирокчии барнома Муҳаммадӌон беҳтарин аст. Бо дарназардошти оне, ки ӯ 12 ҳазор мисраъ шеъру ғазал аз ёд намуда буд, ғолиби озмун шуд ва 3 ҳазор сомониву дипломи Кумитаи кор бо ӌавонон ва варзиши ӌумҳуриро ба даст овард.
ӯ имрӯзҳо низ тариқи шабакаҳои телевизионии «Сафина» ва «Баҳористон» рӯи экран мебарояд ва бо ҳофизаи қавӣ ва истеъдоди нодираш хотири бинандагонро хушнуд мегардонад. ӯ бо лаҳни ширину ӌолиби кӯдакона, имову ишораҳои бамавриду хушоянд таваӌӌуҳи тамошогаронро ба худ мекашад. Гоҳе дар васфи Ватан сатрҳои ӌаззоби шеърӣ мехонаду гоҳе модаронро таҳният мегӯяд, гоҳи дигар чун мушовири дақиқназар ба ҳамсолонаш маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Хонавода
Хонаводаи Муҳаммадӌон зиндагии одиву хоксоронае дорад. Шаҳри Ваҳдат макони зисти онҳосту модараш Мадина Иброҳимова кадбонуи хонадону падараш Наврӯз Набизода ба тарҳрезии барномаҳои компютерӣ сарукор дорад.
- Барои оне, ки фарзанд ба пайраҳаи дуруст қадам ниҳаду ояндаи хешро дурахшон гардонад, дар баробари сабақи устодони мактаб дар хона низ падару модар ва дигар калонсолони хонавода бо кӯдак кор кунанд. Ба ӌуз дарсҳо, боз ӌаҳони маънавии ӯро ғанӣ гардонанд. Ба дили фарзандон шавқи мутолиаи китобро ӌой диҳанд. Баъди кор, агарчи хаста ҳам бошам, бо фарзандон якӌоя дарс тайёр мекунаму оид ба ин дарсҳо суҳбат ва суолу ӌавоб доир менамоем. Ҳамарӯза назди онҳо вазифаҳои мушаххасе мегузорем. Дар ин кор саҳми модарашон низ бузург аст. То аз кор рухсат шудани ман, бо онҳо машғулият мегузаронад, -мегӯяд падари Муҳаммадӌон.
Кӯдакони боистеъдоди ӌаҳон
Ба ақидаи олимон, кӯдак қобилияти ақлониро аз волидон ба мерос мегирад. Чӣ қадаре ки волидон закӣ бошанд, ҳамон қадар қобилияти зеҳнии кӯдак бештар мешудааст.
Кӯдаконе, ки бо зеҳну қобилияти нодири хеш ном баровардаанд, дар ӌаҳон хеле зиёданд. Масалан, духтараке бо номи Микаэла Ирэн дар 11 - солагӣ донишӌӯи донишгоҳи Филиппин дар риштаи физика гардида, дар 16-солагӣ дараӌаи аълои бакалаврро ба даст овардааст. Айни замон, ӯ ба унвони профессор дар ин донишгоҳ фаъолият менамояд.
Пабло Пикассои машҳур дар 12 - солагӣ рассоми баркамол буду шеваи хоси кори худро дошт. Дар 16 - солагӣ аввалин намоишгоҳи санъати хешро ташкил карду дар 20 - солагӣ мусаввири машҳури дунё гашт…
Муҳаммадӌон низ ҳамасола соҳиби ӌоизаву дипломҳои зиёде мегардад, аз қабили «Ситораи сол», «Беҳтарин хонандаи сол» ва ғайра. ӯ ва бародаронаш Эҳсон ва Комронро соли 2019 ба озмуни ӌумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба ҳайси меҳмон даъват намуданд. Имсол Муҳаммадӌон аз даври якуми ин озмун гузашта, ба даври дигар роҳхат гирифтааст. Алҳол хонандаи синфи якуми МТМУ № 10 буда, иштирокчии фаъоли тамоми чорабиниҳои мактабист.
Ҳавасмандгардонӣ
- Беҳтарин роҳ ҳавасманд намудани кӯдак аст. Агар кӯдакро ҳавасманд насозему табъи ӯро болида нагардонем, якрангӣ ба кӯдак гаронӣ меораду вазифаи дарпешгузошташуда барояш дилбазан мешавад. Мо бо фарзандон ба қароре омадем, ки давоми ҳафта агар ҳамаи супоришҳои мактабиву хонагиро иӌро намоянд, рӯзҳои истироҳат ҳатман ба тамошои яке аз боғҳои Душанбе ва дигар ӌойҳои тафреҳӣ меравем. Чунин одат ҳам пайдо кардаанд, ки ҳини сайругашт аввал ба Китобхонаи миллии Тоӌикистон даромада, китобҳои даркориро мегиранду баъд ба тамошо мераванд, - иброз дошт падари Муҳаммадӌон.
Барои Муҳаммадӌон аввалҳо аз ёд намудани ғазалҳо душворӣ меовард ва имрӯзҳо бошад, тӯли ҳафта то 3 - 4 ғазал аз бар мекунад. Нахуст мазмуни шеър ё ғазалро аз волидон пурсида, баъдан ба аз ёд кардан мепардозад. Талаффузи дурусти калимаҳоро низ аз падар меомӯзад.
Муҳаммадӌон ҳамроҳи бародаронаш зиёд дар маҳфилҳои адабӣ бо ширкати адибони тоӌик иштирок менамояд. Боре Шоири халқии Тоӌикистон Гулназар Келдӣ аз шеърхонии Муҳаммадӌон рӯҳбаланд гардида, ба ӯ таҳсин гуфта, ба ҳунараш баҳои баланд додааст.
Дар ҳама рӯзҳои ӌашнӣ вай мекӯшад, то шеъри наве аз бар намояду сӯи телевизиони «Баҳористон» шитобад. Муаллифу коргардонҳо низ ӯро барои сабт дар барномаҳо мудом даъват менамоянд.
Орзу дорад, ки дар оянда духтури бемориҳои дил шаваду маризонро даво бахшад.
- Эҳтироми кӯдаконро ба ӌо меорем ва мекӯшем ба ваъдаҳо устувор бошем. Ташаббуси кӯдаконро дастгирӣ менамоем. Аз ёд кардани шеърҳо шавқу ҳаваси худи Муҳаммадӌон аст, мо дар ин роҳ дастгиру мададгораш ҳастем, - мегӯяд модари Муҳаммадӌон Мадина Иброҳимова.
Ф. шаъбон