Тарбия
асоси таълим
Литсейи Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон соли 2000- ум бо иќдоми ректори донишгоњ Њамидуллохон Фаќиров ва ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тољикистон дар заминаи донишгоњ таъсис ёфтааст. Равияи литсей риёзї – табиї буда, дар он 509 хонанда дар як баст ба тањсил фаро гирифта мешавад. Муассиса аз 22 синфхона ва 7 кабинети фаннї иборат мебошад. Дар 22 синфи литсей таълиму тарбия бо забонњои тољикиву русї ба роњ монда шудааст.
Хонандагон бештар фанњои математика, физика, химия, биология ва геометрияро мехонанд. Дар баробари барномаи умумие, ки аз љониби Вазорати маориф ва илми љумњурї тасдиќ гардидааст, дар заминаи дарсњои иловагї фанњои зикргардида ба хонандагон омўзонда мешаванд.
- Фанњои равиявї баъди машѓулиятњои асосї доир мегарданд. Тибќи наќшаи алоњида дар доираи мавзўъњое, ки васеътаранд ва давоми 45 даќиќаи дарсї имконияти пурра фаро гирифтанаш нест, бо истифода аз адабиётњо, китобу маљалла, рўзномаву дигар аёниятњо дарсњои иловагї баргузор мешаванд. Истифодаи тахтањои электронї, ки дар кабинетњои фаннї мављуданд, бањри бењтар аз худ намудани мавзўъ ба хонандагон имкон фароњам овардааст. Дар бахши литсейї бештар фанњои табиї, риёзї таълим дода мешаванд. Ба забонњои хориљї низ ањамияти зиёд медињем, - мегўяд директори литсей.
Дар литсей 38 нафар омўзгор, ки аз ин шумора 22 нафарро бонувон ташкил медињанд, кор мекунад.
- Бештари омўзгорони литсейро муаллимони ботаљриба ташкил медињанд, ки дар њамбастагї бо мутахассисони љавон кори таълиму тадрисро пеш мебаранд. Аз шумораи умумии омўзгорон 16 нафар дорои дараљаи олии омўзгорї, 1 нафар номзади илмњои педагогї, 11 нафар Аълочии маорифи Тољикистон, 3 нафар Аълочии кооператсияи матлуботи Тољикистон мебошанд. Хонандагони литсей тариќи озмун ќабул гардида, маблаѓи солонаи тањсил 4286 сомонї муќаррар шудааст.
Тўли ин муддат 10 нафар хонанда бо медали тилло ва нуќра литсейро хатм намуд. Як нафар хонанда гирандаи стипендияи президентї ва як нафар хонанда гирандаи стипендияи раиси шањри Душанбе мебошанд.
- Алњол 3 хонанда аз даври ноњиявї ва шањрии олимпиадањои фаннї гузашта, ба даври љумњуриявї роњхат гирифт. Инчунин, як нафар хонандаи литсей соли гузашта дар олимпиадаи байналмилалї аз фанни математика дар давлати Њиндустон ширкат намуда, сазовори љои сеюм гардид. Соли 2018 се хонанда бо лоињањои худ дар Академияи миллии илмњои љумњурї иштирок намуда, сохиби диплом ва сертификат гардид. Имсол 70 нафар хонандаи литсей барномањои худро ба академияи мазкур пешнињод намуд. Инчунин, дастпарварони литсей борњо ќањрамони мусобиќањои гуногуни варзишии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї буданд, - иброз медорад Гулиљањон Ниёзбекова.
Дастпарварони литсей нисбат ба дигар њамсолони хеш пешсафанд. Бо истифода аз технологияњои муосир ба дастовард ва донишњои зиёду натиљањои назаррас ноил мегарданд. Тавассути синфхонаи технологияи иттилоотї, ки ба шабакаи интернетї пайваст аст, дар олимпиадањои байналмилалї иштирок намуда, дар њафтањои илм ва техника низ фаъолона ширкат меварзанд.
- Хонандагони фаъол, ки дар олимпиадањо иштирок мекунанд, аз љониби маъмурияти литсей бо диплому ифтихорномањо ва маблаѓњои пулї ќадр мешаванд. Барои ишѓоли љои якум 2,5 њазор сомонї, љои дуюм 2 њазор сомонї ва љои сеюм 1,5 њазор сомонї муќаррар шудааст, - мегўяд роњбари муассиса.
Омўзгорони литсей асосан аз усули муносибати босалоњият ба таълим истифода намуда дарс мегузаранд. Кабинетњои фаннї пурра бо таљњизоти зарурї ва аёниятњо муљањњаз буда, дар онњо тахтањои электронии ба шабакаи љањонии интернет насб гардидаанд. Умуман омўзгорони муассиса дар дарс усулњои фаъоли таълимро истифода мебаранд ва тариќи онлайн сабаќ доданро ба роњ мондаанд.
- Аз худ кардани фанњои риёзї ба хонанда душвор аст. Аз ин рў, омўзгорон бо истифода аз аёниятњо ва усулњои гуногуни таълимї дарсро шавќовар месозанд то хонанда мавзўъро хуб њазм намояд. Бо њар як хонанда муносибати инфиродї истифода мешавад, ки натиљааш дилхоњанд, - мегўяд муаллима.
Соли 2019 аз 48 нафар хатмкардаи литсей 47 нафар ба донишгоњу донишкадањои кишвар ва хориљ аз он дохил шуд, ки ин аз зањмати дастаљамъонаи њайати педагогии литсей ва роњбарияти он дарак медињад. Инчунин, сафи духтарон дар литсей сол аз сол бештар мегардад.
- Солњои пеш шумораи духтарон дар литсей нињоят кам, дар як синф як ё ду нафар тањсил мекард. Азбаски самти литсей риёзї – табиї аст, ин љо бештар бачањо мехонанд. Алњол дар як синф 9 – 10 духтар мехонад ва шумораи умумии онњо имрўз дар литсей 154 нафарро ташкил медињад.
- Робитаи литсей бо волидон низ хуб ба роњ монда шудааст. Рўзњои чоршанбе ва шанбе рўзњои дарњои кушод дорем, ки падару модарон дар дилхоњ дарс омада иштирок мекунанд. Мањз дар њамкорї ва тавсияи мутахассисону кумитаи падару модарон сатњ ва сифати таълиму тарбия бењтар мегардад. Волидон бисёр фаъоланд, дарсњоро тањлил мекунанд, тавсия ва пешнињодњои худро мегўянд. Бо духтарон вохўрї доир намуда оид ба сарулибос, рафтору интизоми муњассилин ва бахусус духтарон пешнињоду маслињатњо медињанд. Аз љониби шўрои омўзгорон чорякињо, нимсола ва солона љамъбаст шуда, тањлили раванди дарсњо баргузор мегардад. Натиљаи он пешкаши падару модарон мегардад.
- Раванди таълим бо раванди тарбия њамоњанг аст. Ин равишњо бе якдигар рушд намекунанд. Дар баробари таълим ба тарбияи хонандагон низ диќќати љиддї дода мешавад, зеро тарбия асоси таълим аст. Масъулияти корњои тарбиявии литсейро омўзгори ботаљриба муовини директор оид ба корњои тарбиявї Зумратбї Ќаюмова бар зимма дорад. Баргузории чорабинињои гуногуни ноњиявї, шањрї ва љумњуриявї, ки дар он хонандагон фаъолона ширкат мекунанд, соатњои тарбиявї, интихоби мавзўи дарсњо, тарбиявї, робитаи мактаб бо волидон пурра ба зиммаи муаллима Ќаюмова мебошад. Дар самти тарбия созмони хонандагон фаъол аст, ки онро муаллими љавон Шарифхон Мањмудов роњбарї мекунад. Њаррўза давомот, сарулибос, тозагии синфхонањо, бањои хонандагон то ба анљом расидани дарсњо аз љониби созмон бо роњбарони синфњо тањлил карда мешавад. Њангоми ба дарс њозир нашудан ё дер мондани хонанда дарњол бо волидон тамос гирифта мешавад. Сабаби наомад ё дер мондани хонанда бо волидон баррасї шуда ќайд мегардад. Њамкорї бо нозири минтаќавї ва бахши кор бо ноболиѓони ШВКД ноњия низ хуб ба роњ монда шудааст. Кормандони масъули ин нињод рейдњо доир намуда, њар њафта бо хонандагон суњбату вохўрињо мегузаронанд, - мегўяд муаллима Гулиљањон Ниёзбекова.
Имрўз дар литсейи мазкур омўзгорони пуртаљриба Гулдаста Муродмамадова, Зумратбї Ќаюмова, Муњаммадзоиршоњ Султонов, Салоњиддин Гулмамадов, Гулбї Мисайнова, Мунира Рањмонова, Сарвиноз Шукурова, Нигорбї Рањимова, Матлуба Абдурањмонова кори таълиму тарбияро бурдборона пеш мебаранд. Ин омўзгорон дар байни ањли омўзгорон, падару модарон ва хонандагон обрўву нуфузи зиёд доранд. Дастпарварони онњо имрўз дар соњањои гуногуни хољагии халќи кишвар ва берун аз он муваффаќона кору пайкор доранд. Мањз бо ташаббусу фаъолияти онњо дар заминаи тарбияи хуб додан ба хонандагон кори таълим пурзўр гашта, дар кори литсей пешравињо ба назар мерасанд.
Далер САФАР