Лаб ҳама х(в)ашмаза
Бо њамин мисраъ оѓоз мешавад таронае, ки дар зери тасвири зебои зани хунёгар, ба ќавли матншинос Ѓолиб Ѓоибов, њарчанд бесаводона њак шудааст, вале мазмуни расо ва фањмо дорад. Маълум аст, ки суруди маъмули мардуми минтаќа буда, шакли комилаш ба тариќи зайл аст:
Лаб њаме х(в)ашмаза,
Абрў камони Њамза,
Тираш хаданги ѓамза,
Чашмакош њалоки дилњо.
Бо он ки намунаи зебои таронаи даврон аст, зикри номи Њамза низ тањдор ва бо маќсад мебошад. Ва ишора аст ба номи шахсияти таърихї Њамза ибни Абдуллои Хуросонї, ки парчами муборизаро муќобили волиёни Систон ва Хуросон дар ибтидои асри IХ бардошта буд ва дар Хатлон низ шуњрат дошт.
Аз осори хаттї намунаи таронаеро, ки миёни мардуми Балх дар масхараи Асад ибни Абдулло пањн шуда буд, њама медонанд. Манзури мо «Аз Хутталон омадия, Ба рў табоњ омадия, Обор боз омадия, Хушку низор омадия» мебошад, ки бо дарки моњият ба асрори мазмун ба ташаккули сурудњои њирфавии бохтарї сабаб мешавад. Манзури мо жанри мусиќию њунарии «Фалак» мебошад, ки ба фолклор пайвастанаш. Њарчанд монои дигар жанрњо бунёдаш таронањои мардумист, намунаи тозаи њунарию мусиќии бохтарї бояд буда бошад. Инчунин, намунањоро дар осори ќофиласолори шеъри тољикї Абуабдуллоњи Рўдакї (Гули бањорї, Бути тоторї, Набид дорої, Чаро наёрї?) вомехўрем.
Акнун бо як таваљљуњ дар ду матн аз чанд умумият, ки ба гузаштаамон иртибот дорад, метавон натиља гирифт.
Нахуст аз инъикоси муборизањо барои озодии ватан: муќовимати оммавии хатлониён бар зидди истилои араб, дувум љасорату шуњрати як фард, пешво Њамза Хуросонї ва талошаш бар зидди њокимони арабпарвард, ки муќобили забон, анъана ва оину љашнворахои миллї пайкор ороста буданд. Яъне њар ду матн ба падидањои таърихї бастагї дошта, ифодагари оинњои ватанпарастї ва худшиносианд. Аз љониби дигар аз рушду тањаввули намунаи њунарї-тарона ва рубоисарої, ки моли адабиётанд, маълумот медињанд. Дар ин рав метавон аз рушди њунари овозхонї ва мусиќї низ андеша кард. Њамзамон, ишораанд аз ташаккули забони тољикї, ки аз забони имрўза тафриќа надоранду осонхон ва фањмоянд.
Манзури мост, ки намунањои ќуњанбунёди эљод, ки њунарњои мардумиаш унвон додаем, сарчашмаи кулли офаридањост ва бе маќсаду вазифа пайдо нашудаанд. Дар баробари адои талаботу эњтиёљи моддии инсонњо вазифањои муњимтари иљтимої, маънавї, зебоипарастї, ахлоќї ва ѓ. бар дӯш доранд. Як занљираи устуворанд, ки давронњоро ба њам мепайванданд.
Воќеан, аз тасвири марду зани мусиќанавоз, ки матн бо яке аз онњо дар иртибот аст, метавон аз рушди санъати мусиќї ва сарояндагї сухан гуфт. Тасвир дар яке аз њуљрањои шањристони Њулбук кашф шуда, бо анъанањои тоисломї пайвандї дорад. Илова бар ин далел метавон аз тасвири ду зан-мутриби дар курсї нишаста, ки арзиши фавќулода дорад, намуна овард. Аз тарафи чап зан тасвир шудааст, ки бо камонча сози ду тораро менавозад. Камонча дар дасти рости ўст. Соз ба тори тољикї шабоњат дорад. Ва анъанаи бо камонча навохтани торро манбаъњои дигари даврон тасдиќ мекунанд.
Мутриби дигар уднавоз аст. Уд 12 тор дорад. Гирди сараш бандинаи кабуди ќањваранг, монои халќаи ќудсї намоён аст. Ин ишора мекунад ба маќоми зан ё ба шарафу шони хунёгарон, ки дар даврони ќаблї њамчун тоифањои хосса шинохта мешуданд. Аз рўи маводи ќаблї навозандагон мебоист њатман сухансанљ мебуданд. Чуноне, дар ањди Ашкониён шеъру мусиќї ба нањве ба њам ќарин буданд, ки шахс наметавонист, ки бо мусиќї ошно набошад ва ё дар задани яке аз соз мањорат надошта бошаду шоир бошад.
Дар ин раванд ба як анъанаи куњан таваљљуњ мебояд, ки аз умумияти намунаи то исломи санъати нигорасозии Бохтару Суѓд намояндагї мекунад, ки ба дарунсўи пешоварї ишорат дорад. Чунончи, дар яке аз порањои нигораи Панљакат раќси маросимї вомехўрад. «Ба дарозии девор суроби нимурёни мардони арѓуштї, ки шалвори кўтоњи то зону доранд, тасвир шудааст. Дар дастонашон созњои мусиќї намоён аст. Дар як њолат табли нимдоира, дар дигар табли дурўя шабењи соатњои регї, ки дар ќисмате аз ёдгорињои Осиёи Миёна маъмул аст ва дар њолати савум созе ба монанди борбат, менамояд.» Агар ба пањлуњои рўњонї ва равонї даќиќан ворид шавем, ки ибтидо аз забону шеър то намунањои санъат аслињаи муњиманд дар муќовимат ба душманони миллат. Нахуст анъанањоро побарљо ва устувор нигоњ медоранд ва њамзамон шикасти адуро ба тамасхур мекашанд ва ќањрамононро ситоиш мекунанд. Дар њамин рав ќавитарин муборизони зидди душманон буданд. На танњо бо ин, балки бо сабку услуби оммафањм орзуву ормонњоро, пањлавониро сутудаву тарѓиб мекарданд. Ин замон низ вассофони аслии истиќлолу озодї ва ватанпарварї њамин тоифањоянд.
Тасвирњо як орои одиву бемаќсад нестанд. Дар бештар њолат раќсњо низ хосияти ќудсї дошта, дар иморатњои хосса, њангоми маросимњо ва љашнворањо анљом мехўрданд. Олимон собит карданд «Раќси маросимї бо созњои мусиќї дар назди олиња ё эзидон адо карда мешуд.»
Осори Њулбук ва тасвирњои занон бо сози мусиќї аз анъанаи куњан ва густаришхўрдае будааст, ки то имрўз миёни сарояндагон ва арѓуштиёни навоњии Кўлоб, водии Рашт ва Бадахшон боќї мондааст. Яъне ин занљира дар њоли мудовимат будааст. Чуноне ки дилкашолї ва таваљљуњ ба раќсу суруд. Дар ин маврид солномањои чинї низ мавод доранд. Чуноне аз Самарќанд дар а. VIII ба Чин дар баробари дигар туњфањо раќќосањо низ фиристода мешуданд. Ва њам манбаъњо тасдиќ мекунанд, ки соли 733 шоњи Хутал ба Чин занони хунёгарро фиристода буд.
Бо вуљуди кашмакашињои сиёсї, шикасту рехт ва ќурбонињои њангуфт мардуми тољик забонро гум накард ва бетаѓйир ба ворисон, ба ќавли халќ дар «пахтаи маллаї» то имрўз расонд. Забони анъана, забони шеъри ноби оину русум њунар будааст, ки рўйи матоъ наќш кардаанд ва ба сони катибањо дар рафидаву мухпару остинча ва наќшњои рўйи нону кулчањо бо зебоию нафосат муњр бастанд. Муњри воќеї ва носутурданї.
Љонибек АСРОРИЁН,
номзади илми таърих