Рафтори шоиста кадом аст?
Зан бо зебої, фурўтанї ва маърифатнокї ба зиндагї таровату покизагї мебахшад. Бинобар ин, аз ањди ќадим ба маърифатнокї, одоб ва рафтори зан ањамияти хосса зоњир мегардид. Алњол низ масъалаи тарбияи бонувон масъалаи муњими љамъият аст.
Дар замони муосир низ зан бояд зан бимонад: зебою боиффат, баодобу бомаърифат, кони латофату малоњат. Чанд ќоидаи маъмулиро аз этикети бонувон манзур мегардонем.
Дар љамъият
Зани бомаърифату бомаданият бонуест њалиму хоксор, дур аз ѓайбат, паст задани шарафи кас, хабаркашї, даѓалї. Агар шумо бомаданият шудан хоњед, бояд эњсосоти худро идора карда тавонед. Масалан, њангоми сайру гашт шуморо банохост касе тела медињад, дар ин њолат набояд аз забони шумо суханони ќабењ садо дињанд. Оромиро аз даст надодан ѓолибият аст.
Мушоњида намоед, ки дар наќлиёти љамъиятї, коргоњ, кўчаю хиёбонњо, њатто дар бозорњо занони бомаданият чї гуна гуфтору рафтор доранд. Њаракат намоед дар худ хусусиятњои хуби рафтору кирдорро тарбия намоед. Рафтори шумо дар љойњои љамъиятї бояд хоксорона бошад. бањудаю бењуда бањс накунед, хусусан агар ин ба шумо дахл надошта бошад. Ба атрофиён исбот накунед, ки шумо назар ба онњо боаќл, зебо ва замонавиед. Дар хотир дошта бошед, ки дар њама солу замон хоксорї зеби инсон мебошад.
Суханварї
Этикети суханварї ин бозии аз ёд кардани калимањо ва ё љумлањо нест. Бояд тарзи дуруст суханрониро бо одамон бо маќсади ба худ дўст пайдо кардан омўзед. Зарур аст, ки сухани шумо ба њамсуњбататон пур аз мењру муњаббату самимият бошад. Шакли салому алейкро барои худ интихоб намуда (каноргирї, бўсидан, даст дароз кардан, ассалому алейкум гуфтан, шўхї кардан…), њангоми суњбат бо эњсос сухан гўед ва дар хотир доред, ки ин вохўрї барои шумо боиси хурсандї мебошад.
Нахуст саломи шумо бояд то шахси нигарондашуда расад, на ба ононе, ки саломи шумо дахл надорад.
Дар мењмонї
Ба мењмонї дер омадан аз рўи одоб нест, ин нишони бењурматї нисбат ба соњибони хона ва ё мизбон аст. Зани боадаб ба мењмонї, вохўрї бо њамкасбону дугонањо, театр, тўю маъракањо ва ѓайра дар ваќти муайяншуда, бидуни дермонї њозир мешавад. Ба ањли нишаст аввал шуда, салом дињед. Ба гирду атроф ба назари тањќиќ манигаред. Занони боаќл ин корро ба худ лоиќ намебинанд.
Дар мењмонї њаракат намоед, тариќи телефони мобилї гап назанед. Агар зарурат пайдо шавад, эњтиромона узр пурсида, берун бароед. Ба њамсуњбат фањмонед, ки шумо дар мењмониед ва баъдтар худатон занг мезанед. Ба соат тез – тез нигоњ накунед, вагарна ба назари соњибони хона мерасад, ки шумо дар мењмонии онњо нороњат шудаед ва хаёли тез рафтан доред. Дар ёд доред, ки: «Омадан бо иродат, рафтан бо иљозат» гуфтаанд.
Вохўрї бо љавонписарон
Агар духтари боадаб ба мењмонї дер монданро ба худ муносиб набинад, дар вохўрї бо љавонписар баръакси ин кор аст, яъне истисно аз ќоида мебошад. Ин ќоида ба духтарон тавсия медињад, ки ба вохўрї камтар бо дермонї оянд. Дар ин њолат љавонписарон имконияти фикрронї кардан, оид ба тарафњои мусбату манфии ин вохўрї ва муносибати минбаъда бо духтарон пайдо мекунанд. Лекин бисёр дер мондан аз рўи одоб нест, вагарна љавонписар фикр мекунад, ки шумо нисбат ба ў беэњтиромї зоњир намудед ва ё бо њиссиёти ў бозї доред. Ба вохўрї бо либоси зебою шинам оед. Либоси кушод ва ороишоти ќиматбањо дар бар накунед, хоксорона рафтор намоед.
Дар вохўрии аввал ба љавонписар набояд дар бораи кўшишњои худ барои ин вохўрї (чї харидед, кай харидед, чанд пул сарф кардед, чї тавр худро орою торо додед ва њоказо) сухан гўед. Ба одамони гирду атроф бисёр назар наафканед, алалхусус ба љинси мард ва дар бораи дўстони пешинаатон сухан нагўед: ин асоси пайдо шудани рашки мардона мегардад ва ба муносибати шумо таъсири манфї мерасонад.
Тарзи либоспўшї
Либоси дуруст интихобкардаи занон сатњи услубу одоб ва тарбияи онњоро нишон медињад. Сарулибос бояд ба муњити чорабинї мувофиќ бошад. Њељ гоњ зан ва ё духтари боодоб ба чорабинї ва ё љамъомад бо ороиши безеби даѓал ва либоси тангу кўтоњ њозир намешавад. Сарулибос ва ороиши рўй бояд зебою шинам, табиї бошад. Либос ва ороишоти худро бисёр таъриф накунед. Риояи ин ќоида на танњо барои иштирок дар чорабинињо, инчунин барои зиндагии њаррўза дар хона зарур аст.
Рафтор дар тарабхона
Агар шуморо ба тарабхона даъват намоянд, дар паси миз ботамкин, бо ќомати рост, дастатонро ба њељ куљо такя накарда шинед. Њангоми хўрокхўрї худро орою торо надињед, тариќи телефони мобилї гап назанед (ба љуз аз истиснои зангњои интизорї ва ё зарурї).
Фармоиш додани таом ин вазифаи мардон ва ё шахсест, ки шуморо даъват намудааст: занон метавонанд фаќат маслињат дињанду хоњиши аниќи худро баён созанд. Тарзе тановул намоед, ки гўё шумо навакак шикаматонро сер кардаед, лекин бо иштињои том хўред: аз ин дўсти шумо њаловат мебарад.
Агар вохўриатон дар тарабхона хусусияти корї дошта бошад, баъди анљоми вохўрї пардохти маблаѓро пешнињод намоед. Агар вохўрии шахсї бошад, маблаѓашро шахсе пардохт менамояд, ки ин вохўриро ташкил кардааст.
Пазируфтани туњфа
Њангоми гирифтани туњфа «рањмат» гуфтанро фаромўш накунед. Аз дуруст «рањмат» гуфтани шумо дар оянда боз гирифтани туњфа вобастагї дорад. Дар хотир доред, ки туњфањо маънои њархела доранд: гул - нишони иззату икром ва ё изњори муњаббат (вобаста ба шумора, ранг ва намуди гулдаста); ангуштарин - изњори издивољкунї ва ѓайра. Њељ гоњ туњфаи гирифтаатонро бо дигар туњфањо муќоиса накунед, ба монанди: туњфаи пештара зеботар буд, ќиматтар буд, аз они фалонї бењтар буд ва ѓайра.
Дар коргоњ
Духтаронро аз рўи фаъолият, рафтору кирдор ва дуруст ба роњ мондани муносибатњо бо њамкорон бањо медињанд.
Њар як даќиќаи кориро ѓанимат доред, ваќти њамкор ва њамсуњбататонро њурмат намоед. Ягон шахс бо дигар шахсе, ки ваќти кории худро самаранок истифода бурда наметавонад ва ё наќшаи корї надорад, риштаи дўстї пайдо намекунад.
Ба этикети корї дохил мешаванд: нутќи бурро, сарулибоси кории тавсиявї, ороишоти мањдуд, тартиб дар мизи корї, гўш карда тавонистани дигарон ва хулосабарории дуруст. Манманї накунед, бењтараш дигаронро омўзонед. Шаъну шарафи њамкасбонатонро паст назанед.
Муносибат бо телефон
Бањудаю бењуда тариќи телефони мобилї суњбат накунед. То соати 8-и сањар ва баъди 8-и бегоњ ба дўстон бе огоњї занг задан одати хуб нест. Агар њангоми суњбат алоќа баногањ канда шавад, он гоњ шахсе, ки аввал занг зада буд, бояд такроран занг занад. Агар занг занеду дар давоми 5–6 овози занг шахси даъватшаванда љавоб надињад, телефонро хомўш намоед.
Суњбати корї набояд аз 5 даќиќа тўл кашад, агар суњбати дуру дароз хоњед, пешакї њамсуњбататонро огоњ намоед. Њељ гоњ ба занги телефони шахси дигар, ки худ њузур надорад, љавоб надињед. Тариќи телефон суханони ќабењ нагўед. Ягон њолатро тањлил кардан хоњед, вохўрданро пешнињод кунед. Суњбатро ноаён сабт ва ба дигарон гўш кунондан рафтори хуб нест.
Дар наќлиёти љамъиятї
Дар наќлиёти љамъиятї бо њамсафар ва ё тариќи телефони мобилї бо овози баланд сухан нагўед, то атрофиёнро нороњат насозед. Одобу ахлоќи њамидаи инсониро риоя намоед, баланд ханда накунед. Дар љои нишаст зебо нишинед. Ба њампањлуятон халал нарасонед, ба калонсолон ва ба шахсони кўдакдор љой дињед. Гапњои ќабењ нагўед, бо дигар мусофирон хушмуомила бошед. Аз ронанда барои манъ кардани воситаи наќлиёт мањз дар истгоњи муќарраршуда пешакї хоњиш намоед. Миннатдорї карданро фаромўш насозед.
Шоира ЌУРБОНОВА,
шаҳри Хуљанд