Сокини дењаи Дењрўшони ноњияи Рўшон Њалво Бодурова зиёда аз 50 сол дар фермаи молию ширї говдўши маъруф буд. Одамон дар бораи ин бонуи мењнатќарин мегўянд, ки ба синни 88 - солагиаш нигоњ накарда, њоло низ даќиќае бекор намешинаду чорвои шахсиашро худаш медўшад ва њунарманду санъатвари муваффаќ њам њаст.
Бадахшон минтаќаи аз лињози сарватњои табиї саршор «хазинаи тиллої» ном гирифту дар ин љо чорводорї ва хошоктайёркунї фронти зарбдор эълон гардид. Акси пешќадамони соња, ба вижа говдўшон одатан дар сањифаи аввали рўзномањо давр мезаданду дар ин миён номи Њалво Бодурова вирди забонњо буд. Бо барњам хўрдани фермањо ва дигар шудани мансубияти чорвои љамъиятї шуњрати ќањрамонони ин пеша низ ба боди фано рафт ва њоло аз онњо кам ёдовар мешаванд. Њалво Бодурова, ҳарчанд келини чаќќону ќобилу наберањо, ки момо ба онњо аз хурдї њунари говдўширо ёд додааст, намегузоранд, ки бибї даст ба кор шавад, вале ў исрор меварзаду њанўз ҳам худ шир медўшад. Ин њам дар њолест, ки бисёре аз говдўшони номдор акнун бинобар пиронсолї кайњост чорвои ширдењро намедўшанду дар хонаводаашон шири хушк ва мањлули ширмонанди воридотиро љойи шири табиӣ истифода мебаранд.
- Дўшидани чорвои ширдењ барои иддае аз бонувони љавон ба мушкили сахти рӯзгордорї табдил ёфтааст. Назари Шумо чист? - мепурсам аз говдўши номдор.
- Дар рўзњои мо, тавре мебинам, дўшидани як ва ё ду сар гови шахсї барои занњои љавон душвор шудааст. Баъзеи онњо бе ёрии марди хона говро дўшида наметавонанду чорпои бечораро гунањкор мекунанд, ки бадфеъл асту њатман ёрдамчие лозим аст, ки њангоми дўшидан аз шохњояш мањкам дорад. Барои бадфеъл шудани њайвон занон худашон гунањкоранд. Зеро ба њайвон ѓизои кофии ваќт ба ваќт намедињанд ва ё говро нимкола медўшанду ин одат такрор мешавад. Муносибати нољо ба бадфеъл шудани њайвон оварда мерасонад. Зан, агар аз хурдї ба мењнат одат карда бошад, то 10 сар говро бемалол дўшида метавонад. Худам танњо 13 сар гови дўшоиро саришта мекардаму медўшидам. Шавњарам субњи барваќт моли майда ва њайвони калонро пешандоз карда, ба чаро мебурду фарзандонамон ба мактаб мерафтанд. Ман одатан то баромадани офтоб говдўширо анљом медодаму чорвои ширдењро ба пода њамроњ мекардам. Аз як сар модагов солона 2300 - 2500 литр шир медўшидам, ки нишондињандаи баландтарин дар вилоят буд ва боз ба давлат равѓан њам месупурдам.
Асрори муваффаќиятро говдўши номдор дар як љаласаи умумиљумњуриявии њизбї, ваќте бидуни огоњии пешакї ўро ба минбар даъват намуда, риштаи суханро ба дасташ доданд, бо забони сода ва фањмо ба њозирон чунин шарњ дод:
-Шир, яъне «сер» гуфтани гап аст. Агар њайвон сер ва шароити нигоњубинаш хуб, тагаш њамеша тозаву гарму нарм бошад, мањсулоти зиёд ва босифат медињад. Њайвон бо соњибаш улфат дорад, онро бо дастон, бо сухан навозиш мебояд. Ваќте говдўш бо дили гарм, чењраи болида ва нияти нек даст ба кор мешавад, танбалї накарда, њайвонро покиза медўшад, њайвон ширашро ба чунин соњиби ѓамхор дареѓ намедорад.
Дигар минтаќањо имконияти хубтари чорвопарварї доранду фермањо силосу комбикорм њам мегиранд. Ман ва њамкоронамон дар шароити кўњистон болои санг алаф месабзонему њайвонро сер мекунем ва нишондињандањои баланди истењсолї ба даст меорем, ки мањсули зањмати сангинанд.
Идомаи суханони бонуи мењнатќарин, ки аз умқи дилаш баромаданд, дар мављи ќарсаки њозирони толор даромехт.
- Њангоми танаффус котиби аввали њизбии шањри Вањдат (он ваќт Орљоникидзеобод), шањре, ки аз лињози нишондињандањои истењсолї дар дигар соњањо пешќадам буду иљрои наќшаи фурўши шир ба давлат бењбудї тақозо менамуд, ба наздамон омаду ба Њалво Бодурова гуфт: - Хоњар, барои ман шумо барин говдўш лозим аст, агар розї шавед, як фермаро бо шавњари дањмардаатон ба шумо месупорему дар маркази шањр бароятон манзили истиќоматї њам медињам, - ёдовар мешаванд аз ин мулоќот иштирокдорони љаласа аз ВМКБ.
- Рафиќ котиб, ба як шарт ба пешнињодатон розї мешавам,- бе диранг гуфт говдўши номдор.
- Шартатонро дар миён гузоред, мебинем, - хомўшии бамиёномадаро шикаст котиб.
- Агар шири дўшидаамро ба фоидаи совхози ноњияи Рўшон, ки њоло говдўши он њастам, њисоб кунанд, розиам.
- Зани патриот будаед, харољот аз њисоби мову шир ба номи ноњияи дигар, не ин намешавад. Шумо барин зани љасурро говдўш не, мудири ферма ва ё раиси колхоз мондан даркор, - бо шўхї посух дод котиб.
Ба бовари шоњидони ин муколама, бонуи мењнатќарин ва содаву покизадил бо чунин эњсосоташ дар он давра танњо набуд. Ў аз зумраи ањли зањмате буд, ки бо мењнати њалоли шабонарўзї ва натиљањои баланди истењсолї ба зинањои шуњрат расиду номбардори диёр гардид.
Фаъолияти мењнатии Њ. Бодурова ба солњои душвори барќароркунии баъди Љанги дувуми љањонї рост омад. Дар симои ин духтари мењнатї волидони Сулаймони љавон, ки дањмарда буд, љуфти муносибро диданду падару модари Њалво ба исрорашон тан доданд ва духтарашонро бармањал ба хонаи шавњар гуселонданд. Кўдаки нахустинашон њанўз яксола нашуда буд, ки бинобар набудани чарогоњ моли колхозро ба Помири Шарќї, ба мањали Сасиќкўлу Булункўл кўчонданд. Дар шароити иќлими сахт, ки сардии зимистон то 50 дараља поин аз сифр мерасид, ба муддати 17 сол Њ. Бодурова говдўшї мекарду шавњар чўпонї.
Сипас, чорворо, ки саршумораш тайи ин солњо зиёд гардид, бо фармони роњбарият ду таќсим карданду Сулаймон ва Њалворо ба Сарез ва аз он љо ба мањали наздики он - Рошорв, ки сокинонаш ба водї муњољир шуда буданд, фиристоданд. Пас аз чанд соли чорвопарварї дар ин мањалњои матруки дурдаст, онњоро бо чорвояшон ба мавзеи Саѓирдашти ноњияи Дарвоз кўчонданд, ки ин макон зиёда аз 15 сол манзил ва маъвои чўпониашон гардид.
Зањмати садоќатмандона ва панљањои бобаракат ин бонуи мушкилнописандро ба зинаи шуњрат баровард. Ў дар њар куљое, бидуни шиква аз сардии боду њаво ва шароит, дилдодаи касбу коре буд, ки њаёт барояш пеш гузошту аз кор обрў ёфт.
Ў мењнатро зевари инсон медонаду ба ќавлаш «роњати љон ранљи тан асту ранљи тан, роњати љон».
Ваќте охири солњои ҳаштодум барои пешќадамони истењсолоти вилоят автомашинаи сабукрави «Волга» људо карданду 10 довталаби соњањои гуногун орзуи гирифтани онро доштанд, комиссия барњаќ натиљањои зањмати Њ. Бодуроваро ба ин туњфа лоиќ донист.
Барњам хўрдани фермањои чорвопарвариро говдўши пешќадам чун фољиаи шахсї ќабул намуд. Вале рўњафтода нашуд. Дар баробари парвои чорвои шахсї ба њунармандї шуғл варзид. Љўроб ва пакол - тоќињои дўхтааш зуд дар ноњия ва берун аз он шуњрату харидорони зиёд ёфтанд. Ин бонуи ташаббускору њунарманд ва равшанзамир, њамчунин, ба сифати раиси занони дења дар эњё ва густариши фарњангу њунар ва ободонии мањал корњои зиёде анљом дод. Тайи солњои фаъолияташ бо 8 раиси вилоят мулоќот доштааст.
Њангоми ташрифи Сарвари давлат ба ноњияи Рўшон собиќадори мењнат тоќї ва љўроби помирии бо дастони худ дўхтаро ба муњтарам Эмомалї Рањмон таќдим намуд. Тоќї рангњои сафеду сабз ва сурх дошту таманнои пири рўзгордидаро ифода мекард, ки бигузор кишвар ва Роњбари хирадманди онро њамеша иќболу бахти сафед, сарсабзиву шукуфої ва рўсурхиву фатњу зафар ёру рањнамо бошанд…
Зану шавњари мењнатќарин 7 фарзанди солењ ба воя расонданд, ки айни њол онҳо дар риштањои гуногун фаъолият доранд. Њарчанд писари шањрнишинаш мехоњад, ки модар њамеша дар бараш бошаду зуд-зуд ба дидорбиниашон меояд ва аз ў даъват ба амал меорад, вале модар бо риояти расму русуми аљдодї дар манзили писари хурдї, ки аз падар мерос аст, маскан гирифтасту хушбахт аст. Зеро њаёташро бе обу њавои тоза, сабзаву дарахтон ва рўзгори пурљўшу хурўши дењоти кӯҳистон тасаввур карда наметавонад.
М. ШОЊЉАМОЛ,
дењаи Дерзуд, ноњияи Рўшон