Мӯйбофӣ бо хусусият, тарзу намуд ва усулҳои ороишиву эътиқод ба он яке аз ҳунарҳои қадимӣ мебошад, ки асрҳо байни бонувони тоҷик роиҷ аст. Маъмулан дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ то ба имрӯз бофтани мӯйҳои духтарон бо навъҳою афзори ороишии гуногун ба уҳдаи модарон буда, гоҳе аз ҷониби хоҳарон ё дугонаҳо низ бофтани мӯйи ҳамдигар сурат мегирад. Бо тақозои замон имрӯзҳо барои боз ҳам зебову дилкаштар гаштани мӯйҳо ин амалро машшотаҳо ё мӯйбофҳо дар кошонаҳои ҳусн анҷом медиҳанд.
Заррина Артекова, машшотаи кошонаи ҳусни «Зарра» бар он назар аст, ки санъати мӯйбофӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз байн намеравад. Баръакс, солҳои охир дар кошонаҳои ҳусн тарзу усулҳои нав ба нави мӯйбофӣ вобаста ба табъу завқи бонувон истифода мешавад.
- Пештар ба бонувон мӯйҳои бурида маъқул буд. Ҳоло аксаран духтаракони хурдсол ё бонувони синну соли гуногун дархост менамоянд, то бо усулҳои мӯйбофии муосир мӯйҳояшонро оро диҳем. Талаботи муштариёни кошонаи ҳуснро ба инобат гирифта, дар курсҳои омӯзишӣ намудҳои нави мӯйбофиро омӯхтам, ки айни ҳол бе мушкилӣ бо хосту завқашон мӯйҳои муштариёнро мебофам, - мегӯяд бонуи машшота.
Маҳина Ниёзова, номзади илмҳои филологӣ, ходими хурди шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар ин самт корҳои пажўҳишӣ гузарондааст, мегӯяд, солҳои пеш мӯйбофӣ ва кокулбофӣ барои бонувон дар 4 марҳила сурат мегирифт. Аввалан, барои хурсандию хушҳолии духтарчаҳои хурдсол мӯйҳояшонро бо пиликча ё ҷамолак пичабофӣ менамуданд. Дар давраи наврасӣ бошад, мӯйҳояшонро майдабофӣ мекарданд ва анъана буд, ки духтар ба хонаи шавҳар бо чунин тарзи мӯйбофӣ арӯс шуда мерафт. Баъдан, мӯйи сари зани шавҳардор дуто бо усули ростбофӣ бофта мешуд, ки рамзи ҷуфт шудани занро ифода мекард. Зан, ки бачадор мешуд, усули чапбофиро дар бофтани мӯй истифода мебурд. Яъне, тарзу усулҳои бофтани мӯй ҳаёти шахсии бонувонро таҷассум мекард.
- Мутаассифона, имрӯзҳо чунин анъанаҳо байни мардум хеле кам мушоҳида мешаванд ва, албатта, ин ҳама бо ҷурми тақлидҳои кӯр - кӯрона ба фарҳанги бегона аст. Ниёгони мо аз мӯйҳои парешони зан ҳазар мекарданд, ки ин маънии хосро дошт. Ҳадаф аз бофтани мӯй нишони зебову пероста будани зан ва покизагиро дар рӯзгордорӣ ифода менамуд. Зан, ки ҳамеша дар ошхонаву сари оташдон ва суфа аст, бояд мӯйҳояш ҷамъ бошанд, то аз пайдо шудани мӯйи сар дар таом ё нон истеъмолкунанда нороҳат нагардад. Ҳоло бошад, санъати мӯйбофӣ танҳо ба хотири ороиш асту бас, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Барои қавию серавҷ мондани мӯйи сар нигоҳубини махсус мебояд. Бонувон аз қадим қоидаҳои беҳдошту нигоҳдории мӯйро риоя менамуданд.
Момои Менглихол мегӯяд, ки гузаштагонашон пештар мӯйи дарозу қавиро гувоҳи солимии зан медонистанд. Аз ин лиҳоз, ҳар модар мекӯшид, то духтараш соҳиби мӯйи зебову дароз бошад ва ба нигоҳубини он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд. Дар фасли сармо ба сари духтарон равғани зард мемолиданд ва тобистон онро бо ҷурғоту тухм мешустанд. Барои нигоҳубини мӯй чанд қоидае ҳаст, ки ҳар зан онро медонист ва барои солим нигоҳ доштани мӯйи худ риоя мекард. Барои дарозтар шудани мӯй ба нӯгҳои он ҷамолаку пилик ё пулакчаҳо мебофтанд.
- Зеби рӯю чашми зан ӯсмаю сурма ва зеби қадаш мӯйи дарозу майдабофта. Мутаассифона, аксари ҷавондухтарону наварӯсони замона аз ин анъанаи гузаштагонамон сар мепечанд. Чаро ки на ҳар бонуи имрӯза ҳунари мӯйбофиро омӯхтааст ва чӣ гуна метавонад онро тарғиб намояду ба ҷавондухтарон ёд диҳад. Агар набераҳоро гӯӣ, ки биё мӯятро бофам, розӣ намешаванд. Ба онҳо кокулбофӣ маъқул нест. Мӯйҳои парешону буридаро хуш доранд, - бо таассуф мегӯяд момо.
Ба гуфтаи донишманди фолклоршинос Маҳина Ниёзова, анъанаи қадимаи мӯйбофӣ имрӯз байни бонувони Бадахшон бештар мушоҳида мешавад. Аз рӯи расму оини ниёгон наварӯс бояд ҳатман бо мӯйи бофта ба хонаи бахт гуселонда шавад. То давраи арӯсӣ духтарони қадрас ба мӯйҳояшон қайчӣ намезананд. Бо эътиқоди комил ба мӯйҳояшон ҷамолаки сурхранг мебофанд, ки он ифодагари рамзи хушбахтист. Ин анъана хоси бонувони бадахшонист. Аслан дар дигар минтақаҳои кишвар ба мӯй ҷамолаки сиёҳ низ мебофанд, ки шояд ба хотири ҳамранг будан бо мӯй бошад.
- Ҳангоми пажӯҳиш бо ҳунари мӯйбофии бонувони зиёде ошно шудам. Дарк намудам, ки модарон ягона нафароне ҳастанд, ки бо тарғибу тақозои хеш метавонанд дар баробари дигар ҳунарҳои қадимаи марбут ба бонувон ҳунари мӯйбофиро низ бо тарзу усулҳои пештара роҳандозӣ намоянд. Бонувони ҳунармандеро вохӯрдам, ки ба омода намудани туф (як намуди кокул барои наварӯсон) машғул буданд, ки ин намуди ороиш қариб барои бонувон аз байн рафтааст. Дар замони муосир наварӯсон, ки аксаран либосҳои арӯсии аврупоӣ ба бар менамоянд, аз ороиши мӯй ба таври аврупоӣ истифода мебаранд ва ин гуна афзори ороишро ба мӯй намебанданд. Агарчи намудҳои бештаре аз ҷамолаку кокулҳоро имрӯз духтарон истифода намебаранд, вале ҳунармандон аз тарғибу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гашта, дар эҳёи ин навъи ҳунари мардумӣ саҳм мегиранд.
«Чакомаи гесӯ» аз зумраи чорабиниҳоест, ки солҳои охир дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад ва шавқу завқи дуюмбораро дар қалби ҷавондухтарон нисбат ба мӯйи дароз ва нигоҳубини он бедор намудааст. Ё дар баробари омӯзиши дигар ҳунарҳои мардумӣ курсҳои махсусе дар мавриди аз бар намудани санъати мӯйбофӣ дар шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ шудааст, ки ҳар бону имкони бархўрдор шудан аз ин ҳунарро дорад, - иброз медорад Маҳина Ниёзова.
Воқеан, кишварҳои дунё, ки дар арсаи љањонишавї ќарор доранд, таъсири манфии худро барои аз байн бурдани бархе аз расму одат ва таомули мардумӣ мегузорад. Агарчи мардуми тољик дар давоми асрҳо шоҳиди садҳо ҳодисаву бархӯрдҳои таърихӣ буд, то имрӯз тавонист, ки ба воситаи шахсони фарҳангдӯст урфу одатњои суннатї ва анъанањои аљдодии хешро ҳифз намояд.
АНОҲИТО