Анвои рангҳо
Ин ҷо дар мавриди рангҳое сухан хоҳад рафт, ки барои тарҳрезии ҳуҷраи ҳам писарон ва ҳам духтарон мувофиқанд. Нахуст ранги деворҳо, дувум мебел ва ашёҳои калон (қолин, парда ва ғайра), савум ва чорум - рангҳои форамро мебояд ба инобат гирифт.
Сафед + ранги нофармон. Ин тарзи рангороии девор барои ҳуҷраҳои кӯдакона дар услуби неоклассикӣ мавҷуд аст, ки ҷойи хоби афсонавиро мемонад. Ҳамчунин, ба рахти хоби духтарон каме рангҳои арғувонӣ ва ба писарон бунафшранг илова намудан бамаврид аст.
Қаҳваранг + ванилӣ + нофармон + гулобӣ. Чунин навъи рангҳо бештар ба услуби классикӣ хосанд. Пешниҳоди мазкурро метавон дар ҳуҷраи хоби кӯдаконае, ки беш аз ду нафар - ҳам духтару ҳам писар истифода бурд. Назди рахти хоби духтар бояд ранги гулобӣ бештар бошад.
Қаҳваранг + сафед + рангҳои табиӣ (масалан, рангҳои зарду норинҷӣ ва қаҳвагӣ). Ин анвои рангҳоро танҳо дар ҳуҷрае, ки он ҷо ду кӯдак хоб меравад, истифода мебаранд. Чунин тобишҳо барои ҳуҷраҳои хоби алоҳида тавсия дода намешаванд.
Ҳуҷраҳо вобаста ба синну сол
Ҳуҷраи хоби тифлакони синни то 6 - моҳа бояд одӣ ва босалиқаву зебо оро дода шавад. Беҳтар он аст, ки миқдори мебел ва ҷиҳозу либосворӣ он ҷо кам бошад. Зеро дар ин син барои кӯдак танҳо оромӣ лозим аст.
Ҳуҷраи кӯдакони 4 - 8 - моҳа. Дар ин вақт кӯдак ба ҳаракат оғоз мекунад. Аз ин рӯ, нахуст ба ӯ бозичаҳои безарар, кӯрпа ва кати бароҳатро муҳайё намуда, фаршро бо қолин густурдан зарур аст.
Ҳуҷраи кӯдакони аз 9 - моҳа то 3 - сола. Маҳз дар ҳамин айём, харид намудани чанд намуди мебел барои анҷомнигаҳдорӣ лозим аст. Барои кӯдакони 1 -2 - сола дар гӯшае сохтани хайма ё қалъача, ки аз матоъ ё пластика сохта шудааст, мувофиқ аст. Ба ин тариқ, кӯдак онро «хонаи худ» мепиндорад. Аксаран кӯдакони то 3 - сола дар назди падару модар мехобанд, аз ин рӯ, бисёриҳо аз он афсӯс мехӯранд, ки чаро катча харид кардаанд. Зеро баъд аз ин син, барои кӯдак харид кардани кати бузургтаре зарур меафтад.
Ҳуҷраи хоби кӯдакони 3 -12-сола. Ин ҳуҷра бояд васеъ, офтобӣ ва ба қадри имкон озод бошад, яъне дар маркази ҳуҷра барои бозиҳо ва паҳн кардани бозичаҳо ҷойи холӣ мавҷуд бошад. Дар ҳуҷраи кӯдакони то 3 – сола беҳтар аст, ки аз рангҳои қаҳвагӣ, сафед ва рангҳои табиӣ истифода бурд. Пас аз 3 - солагӣ метавон матоъҳои ғайриодӣ, рангҳои ҷилонок, ҳар гуна суробҳои шавқовар ва усулҳои ороиширо истифода бурд.
Ба девор овехтани акс ва тасвирҳо тавсия дода намешавад, зеро аксари кӯдакон ҳини хоб рафтан аз расму тасвирҳо ҳарос доранд, агарчи он зеботарин чӯҷа ва ё қалъаи афсонавӣ бошад.
Ҳуҷраи хоби духтарон
Шукӯҳ ва ҷилои замонавӣ. Дар ин ҳолат, мебели муосир (масалан, ранги сап - сафед) интихоб гардида, рангҳои таъсирнок дар матоъҳо, бозичаҳо ва ороиши ҳуҷра истифода бурда мешаванд. Пасон, барои ороиши он маводи канселярӣ, овезаҳои хурд, гулдону туҳфаҳо, аксу суратҳо ва қолини паташ зиёдро ҷой додан бамаврид аст.
Услуби парижӣ ва ё неоклассикӣ. Услуби парижӣ одатан бо мебелҳои хокистарранги рӯшану қаҳваранг ва девору фарши сафед сохта мешавад, ки хоси ҳуҷраи кӯдакона барои духтарон мебошад. Дар услуби мазкур одатан ба рангҳои нофармон, гулобӣ ва хокистарӣ афзалият медиҳанд.
Ҳуҷраи хоби писарон
Скандинавӣ ё муосир. Дар ин навъи услуб бештар барои ороиши фарш ва сақфи хона аз рангҳои хокистарӣ ва тобишҳои пасттари он истифода мебаранд. Барои девор рангҳои хокистарии рангпарида ё зардтоб тавсия дода мешаванд.
Неоклассика. Барои чунин навъи услуб мебелҳои ранги хокистарӣ ва хокистарии рангпарида, инчунин, зардчатоби хокистарӣ мувофиқ мебошанд. Дар чунин ҳуҷраи хоб парда, курсӣ ва ҷевони калони оинадор ҷой дода мешаванд. Чаро ки писарон аз хурдсолӣ худро ба калонсолон монанд карда, ҳуҷраи хобро низ мувофиқ ба он дидан мехоҳанд.
Ҳусейн ҚУДРАТОВ,
хонапардоз