- Солҳост, ки тавассути ин шоҳроҳи бузург ба кишвари шумо аз Чину Қирғизистон коло ворид месозем. Ва маҳз ҳамин ошхонаи «Соҷида» - ро ҷои ғизохӯрӣ интихоб намудаем. Мавзеи ҷойгиршавӣ, истгоҳ барои мошинҳои боркаши калонҳаҷм, хӯрокҳои болаззату нархи дастрас ва бахусус меҳмоннавозиву чеҳраи пурмеҳри соҳибаш моро мизоҷи доимии ин макон гардондааст. Фарсахҳои зиёду ошхонаҳои бешуморро тай мезанем, то маҳз дар ҳамин ҷо таом хӯрем, - мегӯяд яке аз ронандаҳои қирғизистонӣ Бақитбек.
Соҷида дастпарвари коллеҷи тиббии ноҳияи Лахш аст. Соли 1985 пас аз хатми коллеҷ ба шавҳар баромада бо ҳамин тахассуси зани хонашинро касб менамояд. Азбаски аз хурсолӣ ба пухтупаз шавқу ҳаваси зиёд дошт, дар дил ҳамеша орзуи таъсиси ошхонаро мепарварид.
- Хонаи падарам доимо сермеҳмон буд. Мо ба модарамон, ки дар воҳаи Лахш яке аз кадбонуҳои номвар маҳсуб меёбанд, дар нону хамир ва пухтупази таом ёрӣ мерасондем. Аз хурдсолӣ модар ба мо дастархонороӣ ва тайёр намудани хӯришҳои гуногунро меомӯхт. Модарам қирғизтабор буданд, аз ин рӯ, дар баробари пухтупази хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, инчунин бо тарзи пухтупази таомҳои халқи қирғиз низ хуб ошноӣ дорам. Мавқеи ҷойгиршавии ошхона ва гуногунии таомнома аз ҳисоби ғизоҳои тоҷикиву қирғизӣ сабаби афзудани мизоҷон мебошад, - мегӯяд Соҷидабону.
Тавре ӯ иброз медорад, замоне бо шавҳараш Ҷонибек Раҳимхонов тасмими созмон додани ошхонаи сарироҳиро карданд. Маблағи дар дасташон буда, барои ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ нарасид ва қариб буд кор нимкола монад.
- Сад дарро кӯфтему саду як ҷои дигар қарз кофтем. Вале касе ба додамон нарасид. Фаҳмидам, ки барои бонувони соҳибкор дар бонк қарзҳои имтиёзнок медиҳанд. Ба филиали Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» рафтам. Рӯзи дуюм аллакай маблағи зарурӣ дар дастам буд. Ҳазорон бор шукрона аз давлату Ҳукумат мекунам, ки барои мардум, бахусус барои мо - бонувон ҳама шароитҳоро муҳайё ва баҳри рушди соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам овардааст, - мегӯяд мусоҳибам.
Соҷида аз чандин омӯзишу семинарҳои барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ, аз ҷониби созмону ташкилотҳои гуногун гузаронда баҳравар шудааст. Дар самти фаъолияти худ низ сатҳу савияи донишу маҳораташро боло бурдааст.
- Бештари нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ки корро дар андозаи қаҳвахонаи канори роҳ оғоз мекунанд, он қадар муваффақ намешаванд. Зеро бештари маҳсулотро онҳо аз бозор мехаранд ва ин боис мегардад, ки нарх боло равад. Барои ронандагону сайёҳон бештар қаҳвахонаву ошхонаҳои сарироҳии дараҷаи «эконом класс», ки нархи дастрас доранд, писанд аст, - мегӯяд ӯ ва меафзояд: - мо 90 % маҳсулоти ошхонаро худамон истеҳсол мекунем. Ҳатто нону кулчаро худамон мепазем. Картошка, сабзӣ, караму шалғам ва дигар маҳсулоти полизӣ аз замини хоҷагии худамон аст. Гӯштро низ аз чорвои куштаи худамон истифода мебарем. Ҳамин тавр дар рақобати ин тиҷорат истодагарӣ карда, сафи мизоҷонро зиёд намудем.
Ошхонаи мазкур дорои 50 ҷои нишаст мебошад. Дар он Соҷида, шавҳараш Ҷонибек ва духтару сунҳораш заҳмат мекашанд.
- Тавре дар омӯзишҳо ба мо фаҳмонданд, қоидаҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳангоми фаъол намудани ошхона ё қаҳвахона бояд ба инобат гирифт. Нахуст дохили ошхонаи сарироҳӣ набояд васеъ бошад. Будани 40 - 50 ҷои нишаст барои мизоҷон кофист. Фазои бароҳат, шароити ба хона монанд, ороишу зиннати гӯшаҳои гуногун низ муҳиманд. Даромадгоҳу таваққуфгоҳ, ҷои хобу ташноб, ҳаммом ва 24 соати фаъолият маҳакҳои муваффақияти ошхонаи сарироҳист, - боварибахш изҳор медорад мусоҳибам.
Зиёда аз 10 номгӯи таом, аз қабили қайлаву манту, бешбармоқу кашк, шӯрбои калапочаву картошкабирёни ин нуқтаи хӯроки умумӣ байни мусофирон овозадоранд.
Дар мисоли Соҷида метавон гуфт, ки завқу хоҳиш бошад, ҳатто як бонуи хонашини кӯҳистонӣ метавонад тоҷиру соҳибкор ва ё дукондори муваффақ гардад. Барои ин дар қаламрави мамлакат ҳама гуна шароит ва имтиёзҳо фароҳаманд. Ва Соҷидаҳои хонашин ба Соҷидаҳои «Бизнес вумен» мубаддал гашта, соҳиби ошхонаву қаҳвахонае мисли «Соҷида» - и лахшӣ гарданд.
Д. САФАР