Духтарак ҳусни расо надошт, вале ҷозибияте дошт, ки ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Шояд нигоҳҳои гарм, лабханди зебо ва ё чуқурчаи бари рухсораҳо, одоби ҳамидааш бошанд, ки ҳанӯз ҳамсабақон солҳои охири таҳсил бо нигоҳи харидорӣ сӯяш менигаристанд. Вале ҳушу ёди ӯ ба хондан банд буд.
«Мехонам, тарроҳ мешавам, барои бонувон либосҳои зебои миллиро омода месозам, либосҳое, ки арзиши дастрасу сифати ҷаҳонӣ дошта бошанд», - мегуфт бо ҳавас Баҳрибону.
Мактабро хатм накарда буд, ки падараш думболи зане рафту дигар суроғашон накард. Бори зиндагӣ ба дӯши модар афтод, ки ҳатто маълумоти миёна надошт. Охири солҳои 80-ум зиндагӣ то андозае мушкил гардид. Ба неву нестони Баҳрибону гӯш надода, барои он ки як нонхӯр кам шаваду аз ҳисоби хӯроквории барои тӯй овардаи қудоҳо зиндагиашонро каме беҳтар созанд, ӯро ба писарамакаш ба шавҳар медиҳанд. Ҳарчанд писарамакашро чун бародар медонисту заррае меҳр надошт, чун аксар духтарони деҳ ба тақдир тан дода, сар фуроварданро авло донист.
Модараш ба таъкид мегуфт, аз бегона дида, хеши худамон хубтар аст ва туро хор шудан намемонад.
Хушбахтии арӯси зери чодар ҳамагӣ як ҳафта давом кард. Танҳо баъди тӯй фаҳмид, ки писарамакаш тамоман ӯро намехостааст ва духтареро аз деҳаи ҳамсоя дӯст медоштааст. Домоди ҷавон шабҳои дароз ба хона намеомад, агар ояд ҳам, фақат сархуш буд. Арӯс аламашро аз гиря мегирифт. Модараш батаъкид мегуфт, фикри баргаштан ба хонаи падариро ба сар нагирад. Санги хоҳаронатро сабук мекунӣ, касе ба хонаи мо хостгорӣ намеояд.
Зани амакаш ҳам пӯстинашро чаппа пӯшида: «Ман туро намехостам, вале амаки ноуҳдабароят хост арӯси арзон ёбад, ту лоиқи писарам набудӣ», -мегуфт. Баҳрибону эҳсос намуд, ки ҳомила аст ва инро шабе ба шавҳари масту аласташ гуфт. Баумед, ки ӯ шод мешавад, вале баръакс, Насим ӯро зери мушту лагад гирифта, аз хона баромада рафт. Янгааш ин суханҳоро шунида, гуфт: «Бояд сабр мекардӣ, кӯдакро баҳона накуну ҳаёти писарамро насӯзон».
Дунё дар назари Баҳрибону тор гашт, вале лаб зери дандон, ба хотири бахти хоҳарон, ба хотири модарашро сархам накардан назди мардуми деҳа, ба хотири фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадаашро ятим надидан ба ҳамааш таҳаммул кард.
Писарчадор шуд. Ӯ як себи дукафон ба Насим монанд буд, вале на писар, на тозарӯзгории Баҳрибону дили модару писарашро ба ин ҷавонзани нозукандому меҳнатӣ гарм накарданд.
Баъди чанд моҳи таваллуд Насим рӯирост гуфт: «Соҳиб дошта бошӣ, баромада рав. Занам барои ман духтарча зоид, ӯро бояд хона орам».
Дунё дар назараш тор гашт. Замин гӯиё зери пояш фурӯ рафт. Гумон дошт, тавлиди фарзанд зиндагии пур аз маҳрумиятҳояшро дигар мекунад, вале ҳайҳот. Бегоҳ дар мошини боркаше анҷомҳояшро партофта гусел кардандаш. Бо писарчаи ширмакаш бо ашки шашқатор ба болои анҷомҳо савор шуда, ба хонаашон равон гашт. Модар мошини анҷомҳову духтари гирёнашро дида, беҳуш ба замин ғалтид. Фарзандонаш ба сару рӯяш об пошида, модарро ба ҳуш оварданд, тасалло доданд: «Очаҷон, тақдир будааст, худро азоб мадиҳед». Чанд моҳ пас, ҳарчанд модар зид буд, Баҳрибону писарчаашро гирифта ба шаҳр омад. Ӯ намехост зиндагии бе ин ҳам вазнини модарро сангинтар созад. «Шаҳр равӣ, мардуми деҳа чӣ мегӯянд. Ба доми фиреби ягон шаҳрӣ афтӣ, чӣ кор мекунем?», - мегуфт модар бо ашки шашқатор…
Чанде дар хонаи хеши дурашон зист. Баъд дар хонаи пиразани меҳрубоне иҷора ёфт. Салими хурдсолро назди кампир монда дар донишкадаи иқтисодӣ ба бахши шабона дохил шуд. Шабҳо таҳсил мекарду рӯзона дар фабрикаи дӯзандагӣ кор мекард. Аз ҳисоби маош ҳам рӯзгорашро пеш мебурд, ҳам барои хоҳарону модараш маблағ мефиристод.
Хоҳаронашро ба шавҳар доданд. Писарчааш панҷсола шуд. Акнун дар фикри манзил шуд, вале маошаш камӣ мекард. Модар писарчаашро назди худ гирифт. Баҳрибону бо хоҳару домод ба Россия равон гаштанд. Аввалҳо дар як хоначаи иҷора ҳамроҳ бо ҳашт нафар мехобид. Рӯзона роҳрӯбӣ мекард, шабона ҳар гуна қолабҳо мебуриду мекашид. Зеро истеъдоди тарроҳиро доро буд.
- Ин қоғазпораҳои ту ба чӣ кор меоянд?, - писханд мезаданд язнаашу ҳамроҳонаш.
-Дунё ба умед, шайтон ноумед, - мегуфт бо табассуми зери лаб. Рӯзҳои истироҳат қолабу расмҳояшро гирифта, ба корхонаҳои дӯзандагӣ мерафт. Шояд бори бистум буд, ки роҳбарони корхона беэътиноёна ба варақҳо нигариста: - «Ба мо чунин мудҳои асри даҳ даркор нест?», - гуфта, дари баромадро нишон медоданд.
Вале ӯ рӯҳафтода нашуда, боз ҳам аз картон ба мудҳои гуногун - усулҳои наву куҳан нақшу нигорҳои тоҷиконаро илова намуда, пора мекарду мекашид, дари даҳҳо коргоҳҳои дӯзандагиро мекӯфт. Рӯзе ба корхонаи хурди дӯзандагӣ ворид гашт ва он ҷо ҷавонзани тахминан ҳамсинни худро дучор омад, ки роҳбараш будааст. Надежда Михайловна - шиносонд худро он бону. Чун фаҳмид Баҳрибону тоҷик аст, хеле хурсанд шуд. Гуфт: «Бобоям солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар госпитали Сталинобод табобат ёфтааст. Баъди ҷанг чанд сол он ҷо дар коргоҳе муҳандис будааст. Нақл мекарданд, ки тоҷикон мардумони покизарӯзгору зебову меҳмондӯстанд. То вафот карданашон ҳамеша бо ҳамватанони шумо робита доштанд. Дар хонаамон чанд туҳфаи аз Тоҷикистон овардаашон ҳаст». Эскизҳои Баҳрибонуро дида, аввал бовараш наомад, ки инҳоро як зани одӣ аз кишвари дурдаст кашидааст. Матоеро оварда дод. Баҳрибону бо чолокии махсус онро моҳирона пора кард. Надежда дарҳол рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро ба ӯ дод, то омода созад. Барои ӯ дар як гӯшаи барҳавои толор мизи расмкашию порагариро ҷудо кард. Маълумоти олӣ, касби хубро ки доро буд, дар сехи дӯзандагӣ сардори дӯзандаҳо таъйинаш карданд. Дар қатори як - ду бонуи тоҷик, бонувони русу ӯзбеку қирғизу арманӣ ва озарӣ ҳам буданд. Ҳам либос медӯхту ҳам шабҳои дароз тарҳи либосҳои милливу аврупоиро дар коғазҳо кашида, ба Надежда Михайловна нишон медод. Надежда ҳайрон мешуд, ки ҷавонзани деҳотӣ ин қадар маҳорати баланди тарроҳиро дорост. Мепурсид, ки шояд мактаби махсуси тарроҳиро хатм кардааст? Чун мефаҳмид, ҳайраташ дучанд меафзуд. Надежда аз тақдири Баҳрибону огаҳ гардида, ӯро аз хонаи иҷорааш ба хобгоҳи шароитҳояш беҳтаре гузаронд. Надежда ёрӣ дод, то Баҳрибонуро чун мутахассиси соҳибкасб ғайринавбат ба хона таъмин намоянд.
Надежда ва дигар бонувон хислатҳои ҳамидаи Баҳрибонуро дида, ангушти ҳайрат мегазиданд. Ӯ ҷавон бошад ҳам, ягон бор рафтори ноҷояшро надидаанд. Ҳушу ёди ӯ танҳо ба кор, фарзанду пайвандонаш буд.
Ӯ писарчаашро ба худ гирифт. Дар назди корхона мактаби хубе мавҷуд буд. Хоҳаронашро ҳам ба корхона даъват намуд. Маоши хуб мегирифт ва ба қавле тинро болои тин монда, дар зодбум соҳиби замин гардида, ҳавлӣ сохт. Дар маркази деҳаашон дукони савдо ва корхонаи дӯзандагӣ кушода, аз Россия молу анвоҳои босифатро мефиристод, то модараш савдо карда, ҳам рӯзгорашонро пеш баранду ҳам барои соҳибилм шудани фарзандон пасандоз кунанд. Ҳамчунон, чанд бонуи ҳамсояашон соҳиби ҷойи кору музди хуб шудаву дар ҳаққаш дуои нек кунанд.
Ҳоло мехоҳад дар зодгоҳаш корхонаи бузурги дӯхти либосҳои миллиро омехта бо либосҳои аврупоӣ бо шакли шинам созмон диҳад. Барои ин нияти нек кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳарчанд модар мегӯяд, ки аввал оила созмон диҳад, ӯ бар он аст, ки нахуст масъалаҳои кориро сомон диҳад…
Баҳрибону ба падари фарзандаш, ки ҳоло бемори бистарист, ёрӣ мерасонад. Ин гуна ҳиммату номуси баланд, вафодорию дили бузургро фақат зани тоҷик дорост…
Садбарг БОҚИЕВА,
Екатеринбург - Душанбе