06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНИ ОҚИЛАИ ҶАҲОН

 

zani oqila1Муқаррар намудаанд, ки ба шуурнокии инсон метавон баҳои миқдорӣ дод, ки онро тариқи тестҳои муайян, аз ҷумла тести Айзенк метавон муайян сохт. Дараҷаи шуурнокии инсонро IQ меноманд. Нависандаи амрикоӣ Мэрилин вос Савант аз рӯи натиҷаи озмоишҳо дорандаи олитарин дараҷаи шуурнокӣ (IQ) дар ҷаҳон  пазируфта шудааст. Дақиқ муайян кардани оне, ки то чи андоза сатҳи шуурнокии Мэрилин баланд аст, душвор мебошад. Зеро дар ҳар тест он нишондодҳои 167+, 186, 218, 228 ва 230-ро нишон медиҳад, ки чунин натиҷаҳо ҳайратовар буда, ба нобиға буданаш ишора меравад. Аз соли 1986 то 1989 ӯ унвони дорандаи олитарин дараҷаи IQ-ро дар Китоби рекордҳои Гиннесс нигоҳ  доштааст. Аз рӯи баъзе нишондодҳо Мэрилин вос Савантро метавон зани оқилаи ҷаҳон ном бурд.

Худи Мэрилин мегӯяд, ки шуури инсонро ба осонӣ санҷидан номумкин аст, зеро натиҷаҳои нишондода мутаносибан дурустанд.

Мавсуф соли 1946 дар ИМА ба дунё омадааст. Падараш Ҷозеф Мэч ва модараш Марина фон Савант аз Олмон ва Италия ба Амрико омадаанд. Мэрилин бо насаби модараш дар ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Ӯ дар донишгоҳи Сент-Люиси Вашингтон аз рӯи равияи фалсафа дониш андӯхтааст, вале натавонист ин донишгоҳро ба итмом расонад. Зеро ёрии ӯ барои хонавода басо муҳим буд.

zani oqila2Соли 1980 Мэрилин ба Ню-Йорк кӯч баста, дар маҷаллаи «Омни» (“Omni”) матлабҳои хешро интишор дод. Баъдан ба ихтиёраш саҳифаи алоҳидаеро дар ҳафтаномаи «Парад» (“Parade”) вогузор намуданд, ки ӯ ба суоли хонандагони ин нашрия посух мегуфт. Навиштаҳои Мэрилин аксаран домани баҳсро мегустурд ва ҳафтанома мактубҳои зиёде мегирифт. Лек, аксаран дар натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ ҳама бо ақидаи Мэрилин мувофиқ меомаданд.

Баъдан, дар синни бознишастагӣ Мэрилин аз рӯи тестҳо натиҷаи андаке паст нишон додааст, ки онро олимон «заифшавии шуур» нашумурдаанд. Зеро тестҳои гуногун ҷадвалҳои ҳисоботии хешро доро мебошанд. Дар умум, натиҷаҳои нишондодаи сатҳи шуурнокии Мэрилин яке аз баландтаринҳост, ки дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.                

Мэрилин вос Савант аъзои ҷамъияти Менс ва Ҷамъияти Прометей мебошад, ки барои дорандагони сатҳи олии дараҷаи IQ нигаронда шудааст. Ӯ муддате ба ҳайси директори молиявии ширкати ҳамсари хеш Роберт Ҷарвик - яке аз офарандагони дили сунъӣ  фаъолият кардааст. Ғайр аз ин, ӯ дар Шӯрои директорони Шӯрои миллии маълумоти иқтисодӣ фаъолият карда, аъзои Шӯрои консултативии Ассотсиатсияи миллӣ барои кӯдакони лаёқатманд низ будааст. Соли 2003 Мэрилин унвони ифтихории доктори илми Коллеҷи Ню-Ҷерсиро соҳиб шудааст.

        

                                                                                                                      Ситора 

:.  Аз ҳар боб 17.10.2019 11:31 996

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz