Ба ҳама маълум аст, ки дар Исроил занон барои хидмати ҳарбӣ масъулият доранд ва бо мардон баробар хизмат мекунанд. 33% сарбозони артиши Исроилро занон ташкил медиҳанд. Мӯҳлати хизмат ба занон 2 сол ва барои мардон 3 сол муайян мешавад. Занони ин кишвар метавонанд дар ҳолатҳои издивоҷ намудан, ҳомиладорӣ, тифли навзод доштан ва ё бо сабабҳои мазҳабӣ аз хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд. Исроил ягона кишварест, ки аскарони занро барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ мефиристад. Соли 2011, бори аввал дар таърихи Исроил як зан бо рутбаи генерал-майор қадрдонӣ шуд. Ӯ Орна Барбивай, сардори Раёсати захираҳои инсонии штабҳои генералии Қувваҳои мудофиаи Исроил буд.
Дар Кореяи Шимолӣ, ки яке аз давлатҳои ҳарбикунонидашудаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, занон низ ба артиш даъват карда мешаванд. Онҳо дар қисмҳои махсуси ҳарбӣ, ки аз мардон ҷудо ҳастанд, хизмат менамоянд. Мӯҳлати хидмат дар артиши Корея тӯлонӣ буда, занону мардон баробар адои хизмат менамоянд.
Занон дар якҷоягӣ бо мардҳо дар Эритрея низ ба артиш даъват карда мешаванд. Онҳо бояд 1,5 сол хизмат кунанд. Зиёда аз 25% низомиён дар Эритрея занон мебошанд. Ҳатто ҳангоми ҷудо шудан аз Эфиопия ва ба даст овардани Истиқлолияташон, занон дар ҷанги ин ду кишвар ширкат варзида буданд. Ҳамчунин, духтарони наврас низ он замон ихтиёран ба хизмат рафтанд.
Дар Тайван духтарон, ки ба синни 18-19 расидаанд ва мактабро хатм кардаанд, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Муҳлати хидмат барои мардон ва занон дар ин кишвар ду солро ташкил медиҳад.
Дар Чин низ даъвати умумии шаҳрвандон ба Артиш вуҷуд дорад. Аз сабаби зиёд будани шумораи аҳолии Чин, ба хизмат асосан ихтиёриён ҷалб карда мешаванд. На ҳама барои адо намудани хизмати ҳарбӣ қабул мешаванд, чун ин ҷо қавонин сахт аст. Духтарони ҷавон низ метавонанд хидмат кунанд, аммо барои ин ба талаботҳои муайяншуда мувофиқат кардан лозим меояд.
То давраи суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия, пеш аз амалиёти НАТО, занон ба артиш сафарбар мегардиданд. Ҳатто, худи Қаззофӣ отряди махсуси муҳофизони занонаро дошт, ки ӯро ҳимоя менамуданд.
Занон инчунин дар артиши кишварҳои Перу, Малайзия ва Бенин, даъват карда мешаванд.
Дар кадом кишварҳо занон метавонанд ихтиёран хизматчиёни ҳарбӣ шаванд?
Тақрибан 50 ҳазор зани рус дар артиш, флот ва ҳатто дар Қувваҳои кайҳонӣ хидмат мекунанд, 3 ҳазор нафари онҳо дар мансабҳои афсарӣ. Инчунин, тақрибан 50 ҳазор занон вазифаҳои шаҳрвандӣ доранд. Қариб 30 нафар занон рутбаи полковникӣ доранд.
Бонувон дар қувваҳои мусаллаҳи бисёр давлатҳои дунё ихтиёран хизмат мекунанд. Аз ҷумла, дар артиши Фаронса, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Канада, Австралия, Украина, Беларус ва бисёр дигар кишварҳо. Аммо иштирок на дар ҳар амалиёт ба онҳо иҷозат дода мешавад. Онҳо имкони дар сафҳои пеш бо мардон мубориза бурданро надоранд. Ҳамин тавр, дар Британияи Кабир ба занон рондани танк ё киштии зериобӣ иҷозат дода нашудааст, инчунин фиристодани онҳо ба фронт қатъиян манъ аст. Танҳо дар Норвегия, Австралия, Канада ва Испания бонувон иҷозаи кор кардан дар киштиҳои зериобиро доранд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба занон низ барои иштирок дар амалиётҳои воқеӣ иҷозат дода намешавад. Аз ин ҷост, ки як қатор сарбоз-занони амрикоӣ кӯшиш мекунанд, то ин мамнӯниятро лағв намоянд. Ҳатто ин масъалро ба додгоҳ кашидаанд, чун онҳо фикр мекунанд, ки аз рӯи ҷинсият нисбат ба онҳо табъиз дида мешавад.
Дар Куба занон метавонанд ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳи Инқилобии Куба ҳамроҳ шаванд, ҳатто дар вақтҳои ҷанг метавонанд онҳоро ба майдони набард сафарбар намоянд.
Бунафша