06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЁ МЕДОНЕД?

 

zaboni tojikiЧанд далел дар бораи забони тоҷикӣ

Забони тоҷикиро дар Эрон форсӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ ном мебаранд.

Забони тоҷикӣ дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мақоми давлатӣ дорад.

Бо забони тоҷикӣ мардуми 29 давлати дунё муошират мекунад.

Забони тоҷикӣ пас аз забони юнонӣ дувумин забони қадимӣ мебошад. Забонҳои лотинӣ ва санскритӣ дар ҷойҳои сеюм ва чорум қарор доранд.

Дар соли 2018 забони тоҷикӣ дар шабакаҳои интернетӣ бо маъруфияташ ҷойи 9 - умро ишғол намуд. Он дар 2 фисади шабакаҳои ҷаҳонӣ истифода шудааст. Масалан, соли 2010 ҳамагӣ 0,6 фоиз буд.

Забони тоҷикӣ бо гуногунрангии калимаҳо аз дигар забонҳои дунё фарқи бештар дорад. Ин гуфтаҳоро Алӣ Акбар Деҳхудо, яке аз луғатшиносони форсзабони маъруфи асри гузашта, ки умри худро сарфи ҷамъоварии луғати тоҷикӣ намудааст, собит сохтааст.

Забони тоҷикӣ дорои беш аз 225 миллион калима мебошад.

Забони гуфтугӯии эрониҳо ва ҳиндуаврупоиҳо дар асрҳои гузашта забони тоҷикӣ буд, ки аз хонаводаи онҳо шоирону нависандагони бузурги адабиёти ҷаҳонӣ ба воя расидаанд. Аз даҳ шоири маъруфи ҷаҳонӣ панҷ нафарашон тоҷикзабон буданд.

Лаҳҷаи паҳншудаи забони тоҷикӣ лаҳҷаи теҳронӣ мебошад, ки бо он тақрибан 50 миллион кас муошират мекунад.

Дар тӯли асрҳо, аз асрҳои 9 – 10 сар карда, забони тоҷикӣ забони муоширати байналмилалӣ ва забони фарҳангу илм маҳсуб меёфт.

Забони тоҷикӣ барои ҳазориҳо, лӯлиҳо, яҳудиҳои бухороӣ ва як қатор сокинони Осиёи Миёнаю Афғонистон ва амсоли инҳо забони модарӣ маҳсуб меёбад.

Номи «забони тоҷикӣ» дар солҳои 1920 чун забони алоҳида шинохта шуд. Пештар ин забон «форсӣ» ва «дарӣ» ном бурда мешуд.

Дар Афғонистон ва Эрон хатти забони тоҷикӣ алифбои форсӣ буда, асоси он аз хатти арабӣ гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон аз солҳои 1939 ҳуруфи кириллӣ ҷорӣ шудааст, ки то имрӯз бо ҳамин ҳарф навишта мешавад.

Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ, Саъдӣ, Аттор, Рӯмӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба амсоли зиёди шоирону мутаффакирони тоҷик дар адабиёти ҷаҳонӣ оламшумуланд.

Шумораи умумии соҳибзабонони тоҷик дар рӯи олам беш аз 100 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 85 фисад забони тоҷикиро чун забони модарӣ эътироф мекунанд. Дар Эрон 65 фоиз, дар Афғонистон 60 фоиз ва дар Ӯзбекистон 38 фоизи аҳолӣ бо забони тоҷикӣ муошират мекунанд.

                                                                                                                                                               Қутбия

 

:.  Аз ҳар боб 09.10.2019 09:15 1326

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz