Иброҳимзода Мумина, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб
- «Бонувони Тоҷикистон» воқеан маҷаллаи дӯстдоштанист. Ҳар шумораи онро чеҳраҳои зебою дидании бонувони тоҷик оро медиҳанд ва фаъолияти пурсамари занону духтарони неруманди кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватан намунаи ибратанд.
Солҳост, ки тариқи обуна ин маҷаллаи дӯстдоштаамро дастрас ва мутолиа менамоям. Шумораҳои маҷалла яке аз дигаре дилчасптару хонданибобанд. Ба василаи ин маҷалла қадрдонӣ шудани заҳмати бонувон эҳсос мегардад. Бонувонеро чун шахсият ғоибона медонистем, маҳз тариқи «Бонувони Тоҷикистон» аз ҳаёту фаъолияташон аз наздик ошно гаштам.
Хоҳони онам, ки журналистони маҷалла ба ҳаёти духтарон бештар мароқ зоҳир созанд. Ҳамчунин, аз ҳаёти оилаҳои намунавӣ, зиндагии хонаводаҳое, ки бонуи он зани одии хонашин аст ва шавҳар ё писарон бо дастгирии он бону, ё модар дар ҷомеа соҳибмартаба гаштаанд, мақолаҳои ибратбахш нашр намоянд.
Аловуддин АБДУЛЛОЕВ, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
- Ман аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» чанд муваффақи арзишманди кишварро барои худ кашф кардам. Ин маҷалла бояд дастраси ҳар хонадони тоҷик бошад. Зеро он мисли як раҳнамост. Занони хонашин тавассути маҷалла бояд аз кору пайкори бонувони фаъолу муваффақи кишвар бештар огаҳӣ пайдо намоянд, зеро ҷанбаъҳои омӯзандаи ҳаёти онҳо барои ин бонувон метавонад сабақ гардад. Ё худ сухан дар мавриди модаре меравад, ки дар баробари фарзандони солеҳу накуро тарбия намудан, касбомӯзӣ карда, соҳиби маълумоти олӣ гаштааст. Бисёр хуб аст, ки чунин маҷалла дар Тоҷикистони азиз ба табъ мерасад.
Роҷеъ ба бартараф кардани мушкилиҳои оилавӣ саҳифаи ҳуқуқӣ васеъ гардад. Дар маҷалла як гӯшаи «ханда» ҷой дода шавад, ки аз забони худи бонувон садо дода, эҳтимол дар айёми ҷавонӣ чунин воқеаҳои аҷибро паси сар кардаанд. Масалан, саҳнаи «Сирри пудина»-ро ман аз забони модаре шунида, рӯи навор овардам, ки он дар ҳаёти воқеӣ рух додааст.