06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАМЪЕ ДАР ГӮШАИ ДУНЁ

 

10 20198Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо кору зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ аз Хабаровск ба Сахалин парвоз кардам. Ҳар куҷое равам, фаъолияти бонувони тоҷик дар мусофират маро бетаваҷҷуҳ намегузорад. Зеро дар тарғиби расму оинҳои миллӣ ва баланд бардоштани номи миллату Ватан нақши онҳо хеле назаррас аст.

Дар бархе аз шаҳрҳои Россия ҷамъиятҳои тоҷиконро бонувон роҳбарӣ мекунанд. Дар Хабаровск аз раиси ҷамъияти тоҷикони Комсомоли лаби Амур Қосим Абдуллоев дар бораи раиси ҷамъияти «Тоҷикони Сахалин» Лайло Исомова суханҳои хуб шунидам. Нияти бо ин васила дидан намудан аз манзараҳои зебои нимҷазираи Сахалин ва кору рӯзгори ҳамватанон маро ба назди онҳо овард. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Рӯи олам дидан, рӯи одам дидан аст, неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст».

Алъон дар вилояти Сахалин садҳо ҳамватанони мо бо дигар халқияту миллатҳо ва мардуми таҳҷоӣ, аз қабили «нивхҳо», «айнҳо» ва «нанайҳо» зиста, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то аз урфу одат ва забони асили тоҷикӣ дур нашаванд.

Лайло Исомова зодаи Бухорои шариф буда, дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Бухороро хатм ва ба ҷавони тоҷик ба шавҳар мебарояд.Чанде дар шаҳри Хуҷанд иқомат ихтиёр мекунанд. Шавҳараш ба ҳайси корманди масъули давлатӣ бо кори хизматӣ ба вилояти Сахалин омада, 10 сол аст, ки ин ҷо сукунат дорад. Онҳо соҳиби се фарзанд бошанд ҳам, боз панҷ кӯдаки ятимро ба фарзандӣ қабул карда, тарбия менамоянд.

Мусаллам аст, ки дар мусофират пайдо кардани ҷойи кор, маоши хуб ва макони зист осон нест. Лайло ҳам, гарчанде маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, то дуруст намудани ҳуҷҷатгузориҳои марбут ба қонунгузориҳои кишвари Россия дар ошхонаҳо ба ошпазӣ шуғл варзида, гоҳҳо косаву табақшӯӣ ҳам кард, то музди бештаре ёбад. Лайло маълумотдидаву саводнок бо суханҳои пухтаву санҷидааш ба дили мизоҷони қаҳвахона роҳ ёфта, аз маърифати баланд ва ҳунари ошпазиаш обрӯ пайдо намуд. Миёни мизоҷон кормандони сохторҳои қудратӣ кам набуданд. Боре бо хоҳиши нафаре аз онҳо тарҷумонии мурофиаҳоро ба уҳда гирифт. Аз он ки дар баъзе аз мурофиаҳо бо иллати хуб надонистани забон ва набудани тарҷумон ҳуқуқи муҳоҷирон поймол ва баъзан бегуноҳ ҷаримабандӣ мегарданд, Лайло бепарво буда натавонист. Бо адои ин рисолати пурмасъулият обрӯю эътибораш миёни ҳамватанон афзуд.

10 20194То ҳамон дам тоҷикон дар вилояти Сахалин ҷамъияти пурра ё роҳбаре надоштанд. Аз ин лиҳоз, ҳамватанон пешниҳоди таъсиси ҷамъияти тоҷиконро карданд ва Лайло Исомова раиси ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷикони Сахалин» таъйин гардид.

- То ин вақт тоҷикон дар доир намудани чорабиниҳои сатҳи давлатӣ чандон фаъол набуданд. Чаро мо - миллати қадимаву таърихӣ ва бо маданияти волои худ шинохта, имрӯз дар гузарондани маъракаҳои фарҳангӣ ақиб монем?! Дар ин гӯшаи дурдасти кишвари Россия рӯзҳои аввали мусофират ба роҳнамое ниёз доштани ҳамватанонро дарк мекардам. Бо маслиҳату машварати ҳамватанон тасмим гирифтем, то барои таъсиси ҷамъияти тоҷикон ба ҳукумати Сахалин муроҷиат намоем ва хушбахтона, дастгирӣ ҳам ёфтем. Кӯшиш мекунем, тавассути ҷамъияти навтаъсис фарҳанги тоҷиконро ба мардуми гуногунхалқияти Сахалин ошно созем, - мегӯяд Лайло Исомова.

Аз таъсиси ҷамъияти «Тоҷикони Сахалин» Каромат Юнусова изҳори хушнудӣ намуда, мегӯяд:

- Ростӣ, аввалҳо намедонистем дар ҳалли масоили мушкил дар ин кишвари бегона ба кӣ муроҷиат кунем. Лайлохон ҳамин кори масъулро ба уҳда гирифту мо - тоҷикон сарриштаи корамонро ёфтаему чун як миллати пешрафтаи фарҳангӣ миёни дигар миллату халқиятҳои вилояти Сахалин шинохта шудем.

Лайло Исомова дар ҳама чорабиниҳои ҳукумати Сахалин ва ҷашнҳои Тоҷикистон меҳмонони зиёдеро бо хӯрокҳои миллӣ, бо шеърҳои баланди тоҷикӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ пазироӣ мекунад.

Ҳарчанд ҷамъияти «Тоҷикони Сахалин» нав­таъсис бошад ҳам, аллакай дар миёни мардуми Сахалину гирду ванаи он бо чорабиниҳои дар сатҳи баланд гузарондаашон, бо нону намак ва хӯрокҳои миллӣ ва бо ҳимматбаландии тоҷикона маъруф гардидааст. Ҳар боре иду маъракаҳо барпо мегардад, меҳмонон бештар ба назди гӯшаи таъсисдодаи тоҷикон меоянду ба санъати асили мардуми тоҷик шинос шуда, баҳои баланд медиҳанд.

- Яке аз мушкилиҳои мардуми мо, ки нахус­тин бор ба Сахалин меоянд, дарёфти ҷойи хоб ва дар қайди манзиле истодан мебошад. Ҳоло бо шавҳарам ва дигар ҳамватанон роҳҳои сохтани хобгоҳе бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳазро барои ҳамватанон ҷустуҷӯ дорем. Агар Ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид бо ҳукумати вилояти Сахалин мусоидат кунанд, беҳтарин дастгирӣ барои мо мешавад. Ҳамчунин, ният дорем, ба ҷуз хобгоҳ ошхонаи ғизоҳои миллӣ, гӯшаи фарҳангӣ соз­мон диҳем, ки фарзандони мо дур аз Ватан аз нозукиҳои ҳунару забони ноби тоҷикӣ баҳравар гарданд, - иброз медорад Лайлобону.

Роҳравон чашмам ба овезаҳои канори роҳи калон, ки дар он эълони консерти ҳунармандони шинохтаи Ӯзбекистону Қирғизистон ҳаккокӣ шуда буд, афтод ва Лайло инро пай бурда афзуд:

- Дар ин ҷо мардуми мо ташнаи шеъру суруди тоҷикианд ва бисёр мехостам, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим бигираду ҳунармандони шинохтаро дар ҳамкорӣ бо ҳукумату Вазорати фарҳанги ФР ва Сахалин, барои дили мардуми тоҷикро шод кардан ба ин диёр раҳнамун созанд. Шахсан бисёр мехоҳам тамоми халқиятҳои Сахалин ҳунари асили санъаткорони тоҷикро бубинанд. Ин васила барои баланд бардоштани номи тоҷик, барои муаррифии фарҳангу ҳунари волои миллатамон аҳамияти хосса дорад.

Дар кӯчаҳои Сахалин бо Лайло қадам мезанам. Ҳавои салқину насими сабуке аз ҷониби баҳр мевазад. Дилам рӯшан мешавад, ки маҳз Лайлобону, чунин бонувони дилогоҳу хештаншинос тавонис­таанд, дар як гӯшаи дурдасти олам шамъи ҳунару фарҳанги миллии тоҷиконро барафрӯзанд.

 

Садбарг Сулаймон,
Хабаровск - Сахалин - Душанбе

:.  Аз ҳар боб 05.10.2019 08:04 909

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz