06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АНДЕША

09 201922ШАҲЛО АБДУРАҲИМЗОДА, МУШОВИРИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

- «Бонувони Тоҷикистон» яке аз маҷаллаҳои хондании кишвар буда, аз ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули бонувон дар самтҳои гуногун, аз қабили сиёсат, илму фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии онҳо маводи ҷолиб ба нашр мерасонад.

Имрӯзҳо бонувони дип­ломати тоҷик дар баробари мардон ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, рисолати азалии худ - масъулияти тарбияи фарзанд, модари мушфиқ ва ҳамсари меҳрубон буданро низ ба дӯш дорад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки минбаъд дар маҷалла роҷеъ ба ҷанбаъҳои мухталифи фаъолияти бонувони сиёсатмадори кишвар ва берун аз он маълумоти ҷолиб ва хонданӣ таҳия гардад.

 

09 201938ДИЛАФРӮЗ АМИРЗОДА, ДИРЕКТОРИ МД «ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН - БАҲОРИСТОН»:

- Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» имрӯз миёни дигар воситаҳои ахбори оммаи кишвар нуфузу эътибори хосса дорад. Он воқеан розгӯву роздону розкушои кулли бонувони Тоҷикистон аст. Махсусан, чеҳракушоӣ дар маҷалла хуб ба роҳ монда шудааст. Аз таҷрибаи рӯзгор, фаъолияти меҳнатӣ, таҳсилу дастовардҳои бонувони хушрӯзгору ҳаётдида, бонувони роҳбари ин ё он мақомот, ҷавондухтарони муваффақ, ки намунаи ибрати дигаронанд, маводи хонданбоб ба табъ мерасанд.

Умед дорем, ки дар маҷалла гӯшаи махсуси маслиҳатҳои равоншиносӣ таъсис меёбад. Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои рафъи мушкилот ё ҳалли баъзе масъалаҳо барои бонувони кишвар чунин маслиҳатҳо каманд. Тарбияи дурусти кӯдак, риояи қоидаҳои тарзи ҳаёти солим, масоили хонадорӣ, мушкилоти ба воя расондани духтарон, интихоби касб ва ғайра аз зумраи масъалаҳое ҳастанд, ки метавон аз ин боб навишт. Таъсиси гӯшаи махсуси саволу ҷавоб доир ба мавзӯъҳои мухталиф ва бахшҳои фароғатӣ низ аз манфиат холӣ нест.

 

09 201911ЮСУФҶОН ЮСУБАХМЕДОВ, МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ПАРВОЗҲО, САРҲАВОНАВАРД - ДАСТУРДИҲАНДАИ ҶДММ «ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР»

- Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муддатест дар дохили ҳавопаймоҳои худ ба мусофирон маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро пешниҳод менамояд ва бо пайдо шудани имконият маҷалларо, албатта, аз назар мегузаронам. Ахиран бароям маводи марбут ба рушди Шашмақом дар Тоҷикистон ҷолиб буд. Ман яке аз ҳаводорони ин жанри мусиқӣ мебошам ва ҳар чи ки ба Шашмақом рабт дорад, бароям писанд аст. Касби ман, агар бароям имкони парвоз карданро фароҳам оварда бошад, мусиқӣ маро илҳом бахшида ба дуриҳои дур мебарад. Ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» қабл аз ҳама муваффақиятҳои эҷодӣ ва боз ҳам зиёд шудани шумораи хонандагони маҷалларо таманно менамоям. Бароятон мавзӯъҳои шавқовару қаҳрамонҳои аҷиб ва баромадан ба сатҳи байналмилалиро бо интишори маводҳо ба забонҳои русиву англисӣ хоҳонам.

:.  Аз ҳар боб 07.09.2019 06:17 917

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz