Ӯро бори нахуст панҷ сол қабл дар литсейи касбии саноатии шаҳр дида будам, ки бо гуфтору афкори ҷолибаш атрофи масоили оиладорӣ аз дигар ҳамcабақонаш ба куллӣ фарқ мекард. Чашмони обию мӯйҳои тиллорангаш ба чеҳраи мисли гули себи ӯ ҳусни дучанд мебахшид. Гулсимо, ки дар қатори дуввуми синфхонаи компютерӣ нишаста буд, лаҳзае аз ҳуруфчинӣ мураххас шуда, ба суҳбати мо ҳамроҳ мешавад.
- Мутаассифона, ҳавасҳои сар-сарии зодмандон боис гашт, ки дар овони 18 солагӣ ба ҷойи идомаи таҳсилоти олӣ маро бидуни хоҳишам ба шавҳар доданд. Қаблан дар бораи ҳаёти оилавӣ ҳамин қадар иттилоъ доштам, ки духтарбача баъди издивоҷ дар хизмати аҳли оилаи шавҳар буда, бояд дар рӯзҳои камбуду мушкилиҳои зиндагӣ сабру шикебоӣ пеша намояд, - сӯҳбатро чунин оғоз намуд ӯ.
Аммо аз рӯзҳои аввали ҳаёти оилавӣ эҳсоси навмедӣ дошт, ки падару модар дар мавриди барвақт оиладор кардани ӯ иштибоҳ кардаанд. Чунки аҳли оилаи шавҳаре, ки модар барояш интихоб карда буд, дар симои арӯси оила хизматгори хонаро дида, рӯ ба рӯ шудан бо ҳамсоязанҳо он тараф истад, ҳатто намегузоштанд, ки лоаққал бо модару хоҳарони худ телефонӣ гуфтугӯ намояд.
Дар ин хонаводаи хушдомани бармаҳал бева мондаву фарзандони бесаводаш фарҳанги оиладорӣ куҷо келинҳо аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонии худ маҳрум буданд. Бар замми муносибати дағалонаи шавҳарон ду тан наварӯсони ин оила аз таъқибу фишорҳои равонии хушдомани золим пайваста дар азоб буданд. Бевазан ошкоро ба писаронаш мегуфт, ки худ куҷое хоҳанд бираванд, лекин ҳамсарони онҳо набояд аз хона берун бароянд. Гулсимо танҳо баъди шаш моҳи ҳаёти оилавӣ бори аввал ба аёдати зодмандонаш омад. Рӯзҳои аввал намедонист дар мавриди ҳаёти тоқатфарсои хонаи шавҳар чӣ гуна ба модари худ рози дил кушояд. Чунки модар ба сад орзуву ҳавас нахустфарзанди худро хонадор карда, ҳанӯзам ғарқи орзуву ҳавасҳои фиребои худ ба духтараш мегуфт: “Духтарҷонам, баъзе камбуду мушкилиҳои ҳаёти оилавиро чун амонати шавҳар маҳфуз бидор ва назди ману дигарон танҳо аз хубию хушбахтиҳои арӯсиат сухан бигӯ”.
Гулсимо ба баҳонаи ҳафтабиёӣ дигар нияти ба қафо баргаштан надошт, ки пайт меҷуст, то ҳар чӣ зудтар аз тасмимаш модарро огоҳ созад. Рӯзе аз суоли шухиомези модар, ки “кай бибӣ мешавам?” ба шӯру исён омад: - Оча бас кун ин фикру хаёлҳои хоматро, фарзанд куҷо, ман аз ҷони худ безор шудаам. Шумо маро ба ҳаёти мустақилона не, ба одамони золим фурӯхтаед, ки ба ҷуз марг орзуе дар дил надорам...
Зулфия баъди огоҳӣ ёфтан аз ҳаёти сангину рӯзгори паси сар намудаи духтараш, аз хашму ғазаб намедонист чӣ кор кунад.
- Фардо рафта осмонро ба сарашон рехта ҷиҳози арӯсиатро кӯч баста ба хона меорам. Тан сиҳату умр боқӣ бошад, бахти худро меёбӣ,- гуфта, модар духтарашро тасаллӣ медод.
Он рӯз модару духтар то поси шаб ба ҳам рози дил гуфтанд. Гулсимо бори аввал дар симои модар дугонаи наздикашро медид, ки ҳама дарду ғамҳои ниҳонашро қисса дошт.
– Очаҷон, аз шарму нанги он бадахлоқиҳои маҳрамонае, ки шавҳар нисбатам раво мебинад, мурданро қабул дорам, аммо идомаи зиндагӣ бо ин ҳайвонсиратро не,- мегуфту ба алам мегирист.
Вале гӯё ба умеди одат кардани Гулсимо дар хонаводаи ҳамсараш модар ба фанди қудо бовар карда, се моҳ онҳоро ба ҳоли худ гузошт.
Гарчанде Гулсимо ба ин имтиҳони навбатии ҳаёт омода набуд, аммо модар ба умеди ҳифзи оилаи ҷавон илоҷи дигар надошт. Ба гоҳи зангҳои телефонӣ ба суханони хушдомани Рухшона бовар мекард, ки гӯиё ҷавонон оҳиста – оҳиста ба ҳам унс гирифта, дар муҳити хонадорӣ одат карда истодаанд. Вале, дар асл шавҳару хушдоман арӯси бечораро дар итоби навбатӣ гирифта, дигар саҳни ҳавлии баландошёна баромадан куҷо, ҳатто намегузоштанд, ки аз тирезаи хона ба берун нигоҳ кунад. Агар сунҳори хурдии оила пинҳонӣ ба модари Гулсимо занг намезад, кӣ медонист, аҳволи духтар чӣ мешуд?
Баъди баҳсу ҷанҷолҳои навбатии модару хушдоман, ки ба таънаву маломати фарзандони якдигар ва хонавайронии онҳо анҷом ёфт, пирамарди ҳамсоя оҳи дардманде кашида мегуфт: «Худоё, духтарҳои маъсумро аз офати бесаводию кибру худхоҳӣ ва беандешагии модару хушдоманҳо нигоҳ дор». Гулсимо гирякунон омин карда, даст ба дуо бардошт, ҳол онки дигар чизе барои аз даст додан надошт. Мехост ҳарчӣ зудтар ба танҳоие паноҳ бибарад, то касеро набинаду садоеро нашунавад…
Ҷалолиддини Сайфиддин