Ҷамолбибӣ аз зумраи бонувони деҳоти марзии вулусволии Шуғнони Бадахшони Афғонистон аст, ки дар тобистон бештар вақташ ба тутчиниву алафдаравӣ мегузарад. Дар минтақаи камзамин, ки ҳосили ғалладонаи аксари хонаводаҳо ҳамагӣ барои 5 - 6 моҳ мерасад, тут нони дувум маҳсуб меёбаду Ҷамолбибӣ ҳар субҳи содиқ нахуст барои чидани тути рехта аз шохаҳо ба боғ мебарояд ва саъй меварзад, ки пеш аз баромадани нурҳои офтоб то донаи охирин тутро чида, анбор кунад. Сипас бо дос алафзори гирду атрофро даравида дарза мебандад ва ҷамъ меорад, то барои гову гӯсолаашон дар фасли зимистон захираи хӯрокаи кофӣ дошта бошанд.
То рӯзи шанбе корҳои рӯзгордориашро анҷом медиҳад, зеро шанбеи ҳар ҳафта бозори марзӣ, воқеъ дар маҳали Теми Хоруғ во мешаваду вай ҳамроҳи занони зиёд аз пули болои рӯди Панҷ, гузаргоҳи марзӣ ва гумрукиро убур намуда, барои савдо ба ин бозор меравад.Занони деҳоти марзии Афғонистон одатан дар бозор тутмавиз, сурма, гиёҳҳои худрӯйи шифоӣ, ки дар талу теппаҳои маҳали зисташон ҷамъоварӣ мекунанд, маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили ҷамолаку шероза ва бандҳои махсуси пашмини гулдор, ки дар гаҳворабандон истифода мешавад, ба фурӯш мегузоранд. Дар бештари мавридҳо савдо барор мегирад ва дар иваз Ҷамолбибӣ макарон, марҷумак, биринҷ ва ё равған харида ба фарзандонаш, ки дар хона чашминтизоранд, мебарад.
Ҷамолбибӣ дар симои сокини шаҳри Хоруғ Гулғунча хоҳари қиёматӣ ёфтааст, ки гоҳ - гоҳе барои дидорбиниаш ба бозор меояду халтаи пур аз шириниҳо ва маводи хӯрокаро бо худ савғотӣ меорад. Ин дафъа низ Гулғунча, аз хоксорӣ нахост насабаш дар матлаб зикр шавад, барои Ҷамолбибӣ дастовез дошт.
Қиссаи хоҳари қиёматӣ шудани Гулғунчаву Ҷамолбибиро аз забонашон шунидам. Вақти маҳкам шудани бозори марзӣ наздик мешуду фурӯшандагону муштариён онро тарк мекарданд, зане бо нигоҳи изтироболуд халтаи тутмавиз дар даст дар канори бозор ҳанӯз умедашро аз даст надода, харидор интизор буд. Гулғунча, ки барои ниёзе ба бозор омада буд, нигоҳи парешони занро дида, аз ҳолаш пурсон шуд.
- Ба фарзандонам ваъда додам, ки бегоҳӣ бар ивази тутмавиз барояшон нону макарон меорам, вале насиб набудаасту маълум мешавад, ки дастхолӣ бармегардам, - маъюсона дарди дил намуд зан. Ашкҳои ноаёни ӯ Гулғунчаро сахт мутаассир карданду ӯ гуфт:
- Хоҳар тутмавизатро ман мехарам ва барои бачаҳотон чизи ваъдакардагиатонро, албатта, мебаред.
Ӯ халтаи тутмавизро гирифту бар иваз ба дасти зан маблағ дод ва аз дукони наздик ду - се баста макарону шишаи равған ва шириниҳо харида, туҳфа намуд.
Бо гузашти чанд муддат бори дигар вақте Гулғунча бо коре ба бозор омад, он зани миёнсол бо модари солмандаш дар бозор ҳузур дошту чун Гулғунчаро дид, бо нидои «хоҳари ҷонам омад» гӯён, ӯро ба оғӯш гирифту ба модараш нишон дода, ҳодисаи гузаштаро нақл кард. Ҳамин тавр, байнашон тарҳи дӯстӣ афканда шуду чун Гулғунча аз аҳволи душвори иҷтимоии зан аз забони модараш бештар огоҳ шуд, акнун гоҳ-гоҳе фақат ба хотири хабар гирифтанаш бо дастовез ба бозор меояд.
Нахустин пул бар фарози рӯди Панҷ дар маҳали Теми Хоруғ бо ширкати Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Сипас бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷо нахустин бозори марзӣ кушода шуд. Ҳадафи таъсиси бозор мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатии сокинон дар деҳоти кӯҳистони ду тарафи марз арзёбӣ гардид. Алҳол бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистон болои рӯд, байни Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Афғонистон 5 пул дуруст кардааст, ки дар хидмати мардуми ду кишвар қарор дораду дар канорашон бозорҳои марзӣ амал мекунанд.
Барои сокинон ва тоҷирони зиёди тоҷик ҳам бозори марзӣ муфид аст. Сокинон одатан аз бозор собун ва дигар майда-чуйдаҳоро, ки фурӯшандагони бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нархашонро беинсофона боло мебардоранд, бо нархи арзонтар харид менамоянду фаъолияти бозори марзӣ ва мавҷудияти рақобат ба нарху навои бархе аз номгӯйи молҳои рӯзгордорӣ таъсири мусбат мегузорад.
Афғонистон қадамҳои нахустинашро дар роҳи тавлидоти саноатӣ мегузораду акнун дар баробари молҳои истеҳсоли Покистону Эрон дар ин ҷо сирф молҳои афғонӣ, ба мисли шоҳкосаву дег, чойники оҳанин ва намуди дигари молҳоро дидан мумкин аст. Занони афғон дар бозор пашм харид намуда, хона мебаранд ва дар муддати кӯтоҳ бо коркарди дастӣ онро ба маҳсулот табдил медиҳанду ба фурӯш мегузоранд.
Мавлуда, сокини шаҳри Хоруғ, бо шавҳараш ширкати «Тиҷорати Помир» - ро таъсис дода, ба фурӯши яклухти молҳои кишоварзӣ бо нархи арзон шуғл меварзад. Рӯзҳои шанбе молашонро ба бозори марзӣ меоранд. Ба гуфти Мавлуда, ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва кушода шудани роҳи доимоамалкунандаи аҳамияти байналмилалӣ акнун сокинони ВМКБ ба маркази ҷумҳурӣ иртиботи доимӣ дошта, маҳсулотро аз кишоварзони вилоят ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба роҳат дастрас менамоянд. Вале, ба вижа моҳҳои аввали баҳор ҷиҳати ҳанӯз банд будани роҳ, байни вулусволии Шуғнон ва шаҳри Файзободи Афғонистон талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии картошка хеле зиёд буду сокинони деҳоти марзии кишвари ҳамсоя аз имкониятҳои бозори марзӣ истифода мебурданд. Дар минтақаи кӯҳистон картошка ва дигар зироатҳо моҳи сентябр мерасанд ва ин аст, ки маҳсулоти кишоварзӣ то тирамоҳ бозоргир аст.
Соҳибони ошхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки тезтайёр, ки дар бозори марзӣ фаъолият доранд, мегӯянд, ки рӯзҳои бозор даромади хубе ба даст меоранд.
Сокинони деҳоти кӯҳистонии кишвари ҳамсоя ба зироаткориву чорводорӣ машғул буда, дар боғоташон асосан дарахтони туту зардолу доранд. Гелос, себу нокро ба таври фаровон аз бозорҳои марзӣ дастрас менамоянду тавре аз тамошои манзараи он тарафи марз дида мешавад, аз рӯйи мақоли «ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирад» боғдориро ҳам рушд медиҳанд.
Бозори марзӣ на танҳо имконияти табодули молу коло, балки ҳамгироии фарҳангиро фароҳам сохтааст. Дар ин ҷо хешовандони зиёд, ки даҳсолаҳо боз марз онҳоро аз ҳам ҷудо сохтааст, ба ҳам меоянд, суҳбат мекунанд ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешаванд.
Сайёҳони зиёд аз бозори марзӣ дидан мекунанд. Ба гуфтаи Ива Тихон, бонуи сайёҳ аз Полша, вай маротибаи чандум аст, ки гурӯҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамояд. Дар роҳи сафари Бадахшон аз бозорҳои марзӣ ҳатман дидан мекунанд. Зеро бозорҳо на фақат аз лиҳози аҳамияти тиҷоратӣ, балки дидану омӯзиши фарҳанги мардумони кишварҳои гуногун барои сайёҳону пажӯҳишгарон мароқангезанд.
Ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои расмӣ ҳавасмандиашро ба сулҳу субот ва амният дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя изҳор дошта, таъсиси бозорҳои марзӣ ба хотири мусоидат намудан ба зиндагии хубтару беҳтари сокинони манотиқи марзии он сурат гирифтаст.
Дар деҳоти марзии Афғонистон муассисаҳои маориф ва тандурустӣ арзи вуҷуд менамоянд, манзилҳои истиқоматии қашангу болопӯшида бо тунукаи сафед қомат рост мекунанд, воситаҳои нақлиёт зиёд мешаванд. Масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ тавассути пулҳо аз Тоҷикистон интиқол меёбанд. Манзилҳои истиқоматии сокинони деҳоти марзии Афғонистон, ки ҳанӯз чанд сол қабл чароғаки бобоӣ доштанд, акнун чароғонанду «Ширкати Помирэнерҷӣ» ба деҳоти марзии Афғонистон барқ содир мекунад. Фарқияти иҷтимоӣ байни сокинони ду соҳил оҳиста - оҳиста зудуда мешаваду тоҷикистониён аз пешрафти бародарону хоҳарони кишвари ҳамсоя чун дастоварди хеш истиқбол мекунанду меболанд.
М.Ҷалол,
Теми Хоруғ