Мурод аз иншои ин мавод бонувон – ҳунармандони хушсалиқаи ҷамоҳири шӯравӣ дар филмҳои бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» аст. Аз замони бунёди студияи кинои тоҷик, аз нимаи дувуми солҳои 30 - юми асри ХХ – даврони шӯравӣ барои иҷрои нақшҳои мухталиф аз ҷумҳуриҳои бародарӣ (бештар аз Россия) ҳунарпешаҳо ба «Тоҷикфилм» ҷалб мешуданд. Ин усули корбарӣ дар соҳаи кино шеваи маъмулист. Киносозони тоҷик дар зарфи 90 соли мавҷудияти хеш аз ин неъмат бебаҳра намондаанд.
Саҳеҳ аст, ки тӯли ин солҳо на ҳамаи нақшофарон – бонувони ҳунарвари беруна, дар лавҳи хотири мухлисони кинои тоҷик нақш бастаанд.
Ба андешаи инҷониб, ҷалби бонувони ҳунарманди ғайритаҳҷоӣ ба се давра рост меояд: нахуст солҳои 1932 – 1943 (давраи Комил Ёрматов – У.Ш.), баъдӣ 1956 - 1992, солисан аз соли 1998 то 2018.
Муроди инҷониб на таҳлили мӯшикофона, балки ёдкарди чанд нукта аз ин боб аст. Аз филмҳои давраи аввал «Одам пӯсташро иваз мекунад» (таҳиягар Р. Перелштейн, 1959), «Дӯстон боз вомехӯранд» (режиссёр Комил Ёрматов, 1939) хотирмонанд. Дар титрҳои ин филм Т. Рахманина ном ҳунарпеша (дар нақши муаллима Раъно)-ро мебинем, ки он ба назари тамошогар бозии яклаҳзаинаро мемонад.
Филми дигар «Нидои авлодон» (муаллифи сенария ва режиссёр Даниил Храбровитский) соли 1965 ба прокат баромад. Иштироки ҳунарпешаҳои номвари Иттиҳоди Шӯравӣ В. Санаев, О. Стриженов, Н. Михалков, В. Меркурйев, М. Қосимов, Е. Вестник, Е. Стеблов дар ин филм шоёни зикр аст. Дар радифи эшон ду тан аз бонувони ҳунарманди маҳбуби СССР М. Вертинская ва Т. Доронина низ нақш офаридаанд. Ин филмро тамошогарон хуб дар ёд надоранд. Аммо, аз он ваҷҳ, ширкати ин ду бонуи ҳунар - дурахши кинои шӯравӣ филмро ҳусн бахшидааст, гап нест. Аммо, сарфи назар аз ансамбли ҳунарпешаҳои маъруф, «Нидои авлодон» дар хотир намондааст…
Аз давраи дувум, хотирмонтарин ҳунарпеша ин Светлана Норбоева, Артисти халқии РСС Ӯзбекистон аст, ки дар филмҳои режиссёри номвар Борис Кимёгаров «Бо амри дил» (соли 1968), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976) ва «Асрори оилавӣ» (таҳиягар Валерий Аҳадов, соли 1983) нақшҳои ҷолибу диданӣ офаридааст. Ин чеҳра аз он боис дар ёд мондааст, ки филмҳои мазкур дар таърихи кинои тоҷик барҷастатарин маҳсуб ёфта, баъдан, пайваста тавассути телевизион пахш мегарданд. Шояд ин эпопея аз ҷумлаи ангуштшумори кинои тоҷик аст, ки мардум ҳар як ҳунарпешаи он, амсоли Бибо Ватаев, Ҳошим Гадоев, Отар Коберидзе, Маҳмудҷон Воҳидов, Гурминҷ Завқибеков, Сайрам Исоева ва дигаронро хуб дар хотир доранд.
Ҳунарпешае, ки сар аз соли 1962, аз ҳама зиёд ном баровардааст, ин Тамара Кокова, Артисти хизматнишондодаи РСФСР аст, ки дар кинои тоҷик аз ҳама беҳтару хубтар нақш бозидааст. Бо бовари том метавон гуфт, ки дар зарфи 90 соли таърихи кинои тоҷик аз миёни бонувон - ҳунарпешаҳои ғайритаҳҷоӣ касе аз ӯ беҳтар дар «Тоҷикфилм» нақш наофаридааст. Бозии ӯ дар экран бо таҷассуми симои миллии бонувони тоҷик басо барҷаста баромадааст.
Тамара Кокова дар зарфи 9 сол дар киностудияи «Тоҷикфилм» чор нақши ҷолибу диданӣ офарид: Зумрад (»Зумрад», таҳиягарон Абдусалом Раҳимов ва А. Давидсон, 1962), Қумрӣ («Хокистари сӯзон», таҳиягар Абдусалом Раҳимов, 1967), Розия («Рояли сафед», таҳиягар Муқаддас Маҳмудов, 1969), Норбибӣ («Духтари сеюм», таҳиягар Анвар Тӯраев, 1970). Боиси тазаккур аст, ки Тамара Кокова дар филми таҳиягар Анвар Тӯраев «Ҷаҳиш» («Бросок», «Тоҷикфилм», 1981) нақши эпизодӣ - зани дуохонро бозидааст, ки он хотирмон набаромада…
Дар лавҳи хотири мухлисони тоҷик ҳунарнамоии ду тан аз ҳунарпешаҳои хушрӯ ва бомаҳорати шӯравӣ, ду Тамара - Тамара Кокова ва Тамара Яндиева сахт нақш бастаанд.
Бозии бонуи мумтоз, Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Чечену Ингуш, Абхозистон ва Осетияи Шимолӣ Тамара Яндиева, ки қалбҳои тамошогаронро мусаххар намуд. Вай бо нақшофарии волои худ дар дилу дидаи ҳаводорони тоҷик маскан гузида.
Ҳақ бар ҷониби журналисти шинохта, киношинос Тиллои Некқадам, ки гуфта: «Вале, самимияте, ки ду қафқозидухтар, ду Тамара (Тамара Кокова ва Тамара Яндиева – У.Ш.) соҳиб гаштаанд, то ҳанӯз ба касе муяссар нашудааст». Онҳо, воқеан ҳам, бо тамоми нозукиҳо ва чеҳраҳои монанд ба бонувони тоҷик, симо, нақши бону - занҳои қашанги тоҷикро бағоят барҷаста ва шоиста офаридаанд.
Мутаассифона, аввалӣ бо ҷурми садамаи автомобилӣ дигар натавонист бо кинои тоҷик (умуман бо кино) ҳамкориро идома бахшад. Зеро тарҳи рӯи ин парирух сахт осеб дида буд…
Тамара Яндиева, қаблан, дар дигар киностудияҳои ҷамоҳири шӯравӣ чандин нақшҳои ҷолиб офарида буд, аммо обрӯи ӯро маҳз «Тоҷикфилм», режиссёр Тоҳир Собиров ба арш бурд. Нақши духтари савдогар Анор аз филми бадеии «Боз як шаби Шаҳрзод» (таҳиягар Тоҳир Собиров, 1984) ва Ӯсмагул аз филми «Шаби охирини Шаҳрзод» (таҳиягар Тоҳир Собиров, 1987) ва «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (таҳиягар Т. Собиров, 1986) Тамара Яндиеваро шуҳраи ҷаҳон гардонд.
Ин ду филми режиссёри мумтоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҳир Собировро қариб тамоми киноширкатҳои хориҷӣ харид намуданд. Акси зебои Тамара дар сурат – плакатҳои таблиғотии филмҳои мазкур нахуст муаррифгари ӯ шуданд. Ҳам филмҳои ҷолибу диданӣ ва ҳам чеҳраи зебои ингушдухтар бо сеҳри чашмони ҷодувонаю дилрабояш ҳазорон – ҳазор тамошогар – мухлисони кинои тоҷику хориҷиро волаву шайдо гардонда буд.
Боис ба ёдоварист, ки Тамара Яндиева ду сол қабл аз он, возеҳтараш соли 1982, дар филми бадеии «Агар дӯст дорӣ» (режиссёр А. Қуддусов «Тоҷикфилм») нақши журналист Лоларо басо ҷолиб офарида буд. Ҳамчунон, ин давра ширкати Тамара Яндиеваро мухлисон дар филми дигари киносозони тоҷик дар нақши муаллимаи мусиқӣ, филми «Салом, Гулнора Раҳимовна!»-и таҳиягар А. Қуддусов (1986) фаромӯш накардаанд.
Аммо, истеъдоди волои ин бонуи ҳунарварро танҳо режиссёри маҳбуб Тоҳир Собиров кушода тавонист. Гумони ғолиб аст, ки ин андешаро аксар ҳаводорони кинои тоҷик ҷонибдоранд. Нақшҳои Т. Яндиева тавассути филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм»: «Боз як шаби Шаҳрзод», «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Шаби охирини Шаҳрзод» далели барҳақи гуфтаҳои болоянд.
Нимаи дувуми солҳои 70-ум ҳунарпешаи моҳир Ирина Калиновская дар кинои тоҷик рух намуд. Ин филмҳои «Зане аз дур» (таҳиягар Тоҳир Собиров, 1978) ва «Вохӯрӣ дар дараи марг» (таҳиягар Тоҳир Собиров, 1980) мебошанд.
Солҳои гуногун дар «Тоҷикфилм» ҳунарпешаҳои шинохтаи шӯравӣ Т. Рахманина, Ирина Мелник, Елена Медведева, Маргарита Терехова, Светлана Тома, Елена Тонунс, Лариса Белогурова, Г. Савелйева, О. Полевая, И. Извитская, Н. Машкова, Г. Фролова, Р. Куркина, С. Бородина, М. Вертинская, Т. Доронина, Н. Шатская, А. Завялова, Е. Соловей, Т. Конюхова, Г. Вишневская, А. Хитяева, В. Духина, Е. Драпеко, С. Орлова, Д. Қамбарова ва дигарон нақшҳои хурду бузург офаридаанд.
Ба боди фаромӯшӣ нарафта, ки солҳои гуногун, ҳамчунон, дар «Тоҷикфилм» ҳунарпешаҳои маъруфи шӯравӣ Татяна Пелтсер (Лидия Федоровна, «Бо амри дил», 1968, режиссёр Б. Кимёгаров), Маргарита Терехова (филми телевизионии «Кӣ ба Трускаветс меравад?», таҳиягар Валерий Аҳадов) нақшҳои ҷолиб офаридаанд.
Умари ШЕРХОН