Баробари ба боғ ворид гаштан, ғалоғулаи шаҳр ба назар хомӯш шудаву ҳама ҷоро чаҳ – чаҳи парандаҳо фаро мегирад. Ҳавои фораму бӯйи гулҳои рангоранги назаррабо касро ба дунёи дигар мебарад. Гӯиё худро дар биҳишти рӯи замин эҳсос менамоӣ. Воқеан ҳам, бо дидани гулгаштҳову манзараҳои дилфиребаш кас ба дунёи дигар ворид мегардад. Хонаҳои гиливу шиғҳои бобоӣ дунёи рангини кӯдакиро пеши назар меоранд.
Нафароне барои оғози рангини зиндагӣ арӯси орзуҳояшро ба тамошои намои табиати ин макони фарҳангиву фароғатӣ меорад, то рӯзу рӯзгорашон то абад чунин хушу зебо ва пур аз нишоту шодмонӣ бошад. Иддае барои ба эътидол овардани вазъи сиҳатӣ, тамринҳои ҳаррӯзаашонро дар ин макони сабзу хуррам мегузаронад. Ин боғистон барои рассомон макони илҳом асту эҷод. Ҳар лаҳзаву ҳар соат зебоиҳои ин гӯшаи биҳиштосоро рӯи авроқ мерезанд.
Чанде аз дастандаркорони маҳфилу ҷашнҳои фарҳангиву фароғатӣ низ барои баргузории чорабиниҳо ин боғи хурраму сарсабзро ихтиёр кардаанд. Ба ҷуз сокинони кишвар, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ низ аз ин боғ дидан менамоянд ва ин макон яке аз хатсайрҳои сайёҳии кишвар маҳсуб меёбад. Албатта, дар баробари зебоӣ, покизагии боғ низ тамошогарони зиёдеро ҷалб намудааст. Барои тозагиву сарсабзии боғи «Ирам» бонувони поккори он нақши муҳим мегузоранд. Бо чарх задан дар боғ ва бохабар гаштан аз заҳматҳои ҳамешагии занони тозанигор аз фаъолияти эшон, қарор додем матлаберо ба риштаи тасвир бикашем.
Бино бар маълумоти Маҳбуба Солиева, мудири шуъбаи кадрҳои боғ дар Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» алҳол 106 нафар коргар заҳмат мекашад. Аз ин шумора, 66 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Соати корӣ ҳашти пагоҳӣ оғоз гардида, то 17:00 идома меёбад. Коргарон бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин мешаванд.
Дар боғ суроғи бонувони коргар рафтем. Ҳар якеро побанди коре дарёфтем, нафаре ба гулҳо об медоду дуюмӣ хасу хасрӯбаҳоро ҷамъ меовард, дигаре тухми гул меғундошт. Бонуи миёнсоле товусҳои боғро дохили ошёнашон меронд, гаҳе ҳамроҳи онҳо медавиду гаҳи дигар бо суханони хуш онҳоро аз шохҳои дарахтон ба поён мехонд.
Чун наздиктар шудем, маълум гардид, ки ин холаи меҳрубон Ҳабиба ном доштаву тайи 10 сол боз ба нигоҳубини товусҳои боғи «Ирам» машғул аст. Товусҳо ба ӯ чунон унс гирифтаанд, ки аз дасти хола дон мехӯранд. Ба ғалоғулаи товусон ӯ хӯ гирифтаву гӯё аз он лаззат мебарад. Ба дунёи онҳо ғарқ гашта, бо меҳру муҳаббати беандоза бо мурғон суҳбат меорост. Ин бонуи парастор ҳолати ҳар яки онҳоро бо як нигоҳ дарк менамояд. Ҳар гаҳе табъи гирифтаи товусеро мебинад, пай мебарад, ки бемор шудааст. Дар ин росто, аз табъи нозуки ҳар кадоме воқиф ва аз рӯи завқи онҳо хӯрокашон медиҳад. Ба ҷуз товус, дар боғ санҷобу заргӯш, сангпушту ба ин монанд дигар ҷонваронро вохӯрдан мумкин аст.
Боғи мазкур соли 1933 таъсис ёфта, дар аввал ҳамчун боғи ботаникӣ машҳур буд. Баъдан, боғи «Ирам» ном гирифт. Масоҳати умумии боғ 40 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол, боғ дорои ду ҳавзи хурд, шаҳри ҳунармандон бо биноҳои сабки миллӣ дошта, як амфитеатр ва як чойхона барои қабули меҳмонони олимақом мебошад.
- Солҳои пеш боғ то ин ҳад зебо набуд. Ёдам ҳаст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтеро аз Муғулистон оварда, ғамхорона ин ҷо шинонданд. Ин лаҳзаест, ки ҳеҷ аз хотир зудуда намегардад. Баъди ин боғ обод шуд.
Ҳоло, мо, кормандони боғ, зиёда аз 20 намуд гулҳои мавсимиро дар гармхона парвариш менамоем. Ҳамчунин, теъдоди дарахтону рустаниҳо низ сол ба сол афзуда, алҳол 4500 навъи он ба зебоии боғ намои дигар мебахшад. Дар ин самт Фирӯза Зоирова – номзади илмҳои биологӣ, ходими калони илмии Боғи ботаникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрирасону роҳнамои мост, - иброз медорад Раҷабмоҳ Хоҷаева, корманди боғ.
Орзуи зан
Холаи Раҷабмоҳ ба кори ҳаррӯзааш хӯ гирифтаву аз он дил канда наметавонад. Чун рӯзе ба кор наояд, гумон мебарад, ки чизеро аз даст додаву бидуни он зистан барояш маънӣ надорад. Ин модари бузург се фарзандро тарбия намуда, барои илмомӯзиву соҳибтахассус гардиданашон пайваста талош меварзад.
Масъулони МД илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» заҳматҳои кормандонашро қадр намуда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим менамоянд.
Дар ин росто маълум гашт, ки аксарияти бонувони даст ба кори боғи «Ирам» аз ноҳияи Варзоб мебошанд. Чеҳраҳои офтобхӯрдаву дастони шахшӯли онҳо дарак аз садоқату дӯстдории кор медиҳанд.
Фарзона ВОСЕЕВА