«Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ифтитоҳи пули Майрам дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Қубодиён ҳадияи ёдмоне ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ буд, ки аз оғози ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар раванди созандагии Ватан дарак медиҳад. Сокинони рустои мазкур пули навбунёдро ба ифтихори бунёдгузори он Майрам Ёрматова ном мебаранд, ки мардумро аз мушкилу хатарҳои гузаргоҳи фарсуда наҷот бахшид.
- Навбати ба зиёрати хонаи Худо рафтани ман ба солу замоне рост омад, ки дар кишвар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, кас мехоҳад cаҳме дар ин марҳилаи рушду ободии диёр гузорад,- иброз дошт дар оғоз Майрам Ёрматова. – Майлу ихтиёри дил буд, ки бояд сафари ҳаҷро ба вақти дигар гузошта, маблағи пасандозамро дар сохтмони пули деҳа масраф намоям. Чаро ки аз хавфи шикастурехти пули фарсудаи даромадгоҳи деҳа кулли сокинон нигаронӣ доштем.
Пули Майрам ба дарозӣ 18 метру ба паҳноӣ 2,5 метр дар болои ба ном «Наҳри калон» сохта шудааст, ки деҳаи Арабхонаро ба роҳи асосии самти маркази ноҳия ва дигар маҳаллаҳои атроф мепайвандад. Пули пешинаи чӯбӣ шалақ буду аз ҷунбиши тахтафаршҳои сӯроху пояҳои пӯсидааш раҳгузаронро ваҳм фаро мегирифт. Масолеҳи сохтмонӣ ва тамоми хароҷотро Майрамбону ба уҳда гирифту дар корҳои сохтмонӣ тамоми сокинони деҳа ба ҳашар баромаданд. Тавре ки раиси маҳалла Сафар Мирзоев қисса мекунад, акнун аз он ҳама азоби гузарондани молу колоҳоямон аз гузаргоҳи ваҳмангез ва то хона пойи пиёда омаду рафтанҳо афсонаи маҳзунеро мемонад, ки сокинон ба наслҳои ояндаи деҳа ҳикоят хоҳанд кард. Майрамбону бо бунёди пули мустаҳками мошингард мушкилоти беш аз 5 ҳазор сокини деҳаи Арабхонаро осон гардонд, ки барои ин амали шоистаи таҳсинаш мардум як умр дуогӯяш хоҳанд буд.
То рӯи даст гирифтани иқдомҳои хайру мардумнавозиаш, Майрам Ёрматоваро ба унвони пахтакори номдор ё вакилзани маъруфи ноҳияи Қубодиён мешинохтанд. Пайроҳаи тайнамудаи зиндагиаш достони пандомӯзеро мемонад, ки чӣ гуна як деҳқондухтари одӣ то минбари Парлумони Олии кишвар роҳ ёфта, дар ҳалли масоили мубрами деҳот нақши муассир дошт. Ӯ, ки умре дар кори саҳро панҷа нарм кардаву аз тору пуди соҳаи кишоварзӣ огаҳии хуб дорад, парвариши пахтаву сабзавоти барвақтиро манбаи асосии ғанисозии буҷети маҳал ва беҳбудии сатҳи иҷтимоии деҳотиён мешуморад.
- Барои зодмандони деҳқонам таъминоти моддии бародару хоҳарбузурги донишҷӯям ниҳоят мушкил буд. Бинобар ин, орзуву омоли таҳсилоти олиро дар дил нуҳуфта, ба кори саҳро пайвастам, - ба хотир меорад рӯзгори гузаштаро Майрамбону. - Фаъолияти меҳнатиро аз коргари одӣ шурӯъ карда, баъдан дар баробари чанд тан бонувони фаъоли ноҳия сардори яке аз бригадаҳои пахтакории ноҳия таъйин шудам.
Замони дастоварду муваффақиятҳои меҳнатии ӯ ба даврони зуҳури бесобиқаи бонувони кордон дар ҷабҳаҳои меҳнат рост омад, ки бо кору пайкори шоистаи хеш аз минбарҳои баланд муаррифӣ мешуданд. Пешбарии номзадии занони пешоҳанг ба вазифаҳои роҳбарӣ ва маъракаҳои интихоботӣ аз эътирофи неруву тавоноии ҷинси латиф дар корҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ башорат медод. Аз ҷумла, дар интихоботи соли 1985 Майрам Ёрматова дар қатори фаъолони касбу кори гуногуни Тоҷикистон вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон, моҳи марти соли 1988 дар қатори намояндагони 106 кишвари олам иштирокчии Иҷлосияи чаҳоруми колхозчиён (кишоварзон) дар шаҳри Москва буд. Ба умеди ояндаи нек бартараф шудани мушкилоти печидаи соҳаи пахтакорӣ Майрам Ёрматова дар солҳои вазнини 90 – уми асри ХХ аз замину пешаи пахтакорӣ мунсариф нашуд.
Баъдан, дар солҳои гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ ӯ дар заминаи 13 гектар замин саҳмияҳои худу фарзандонаш хоҷагии деҳқонии «Ёрматзод»-ро таъсис дод. Бо мурури заҳмату паси сар намудани таҷрибаи талхи ҳамкорӣ бо сармоягузорону бонкҳои қарздеҳ, имрӯз мустақилона ба кишту парвариши пахта шуғл меварзад.
- Саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ, мусоидат баҳри таъмини шароитҳои иҷтимоии мардум аз талаботҳои маъмулие буданд, ки ҳар шаҳрванд метавонист аз вакили худ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шавад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои бунёди меҳмонхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва таъмини маҳалҳои дурдаст бо оби ошомиданӣ маҳз баъди масъалагузории ӯ дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ амалӣ гардидаанд,- иброз дошт Майрам Ёрматова. – Дар замони соҳибистиқлолии кишвар як навбат вакили мардум дар Маҷлиси вакилони халқи нохия будам ва алҳол ба ҳайси вакили маҳалла бояд дар ободонии деҳоти зистамон намунаи ибрат бошем.
Майрам Ёрматова муътақид аст:
- Боварии комил дорам, ки иқдомҳои созандаи моро ҷавонон низ дастгирӣ намуда, деҳу рустоҳои дурдаст чун шаҳру марказҳои маъмуриамон ободу зебо мегарданд. Ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заминро саҳми деҳқон дониста, моро соҳиби ин сарвати бебаҳо кард, боист дар пайравӣ аз иқдомҳои созанда баҳри рушди деҳот ва ободию пешрафти мамлакат ҳиссагузор бошем.
Ба гуфтаи бонуи сахопеша, сангфарш намудани роҳи гузарашон ва бунёди пули асосии деҳа ҳанӯз оғози ташаббусҳои шаҳрвандиест, ки ба ҳайси сарварбонуи собиқадори деҳа иқдом намудааст. Талаботи замони муосир аст, ки дар рустоҳо ҳам боғчаҳои бачагонаву бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода, сокинонро ба тозагии муҳити зист, бахусус, гулкорию равшаннамоии кӯчаҳои деҳот ҷалб намоем. Бинобар ин, то соли дигар ба қавле «даст ба кору дил ба ёр» саъй хоҳам кард, ки дар баробари пешбурди хоҷагидорӣ, инчунин, дар ҷараёни корҳои ободонию ҳалли мушкилиҳои деҳаамон саҳми аз ин ҳам бештар гузорам. Чаро ки дар сурати мавҷуд будани ину он мушкилоти иҷтимоӣ дар деҳаи худ, чи гуна ба зиёрати хонаи Худо меравам, ки ба қавли Аллома Иқбол:
Ба тавофи Каъба рафтам, ба дарун раҳам надоданд.
Ту буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ?
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Қубодиён