Ҳамасола рӯзи аввали фасли тобистон - 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Дар саросари ҷаҳон ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногун баҳри болидахотирӣ ва дастгирии кӯдакон, бахусус ятиму бепарастор ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ва бемор доир мешаванд.
Ҳаёти бачагӣ, ки пур аз тазодҳои зиндагисту имконияти ҳар кадоме ба таври хеш фарох ва ё маҳдуд аст, ҳар як қиссаи воқеии хуррам ва ё маҳзуне дорад, ки касро ба андеша водор месозад.
Нозпарвард
Абубакри Саидаброр, ки 7 сол дорад, даврони бачагии беҳтаринро паси сар менамояд. Ҳанӯз замони ба боғча рафтанаш, волидайн мошини махсусеро баҳраш киро карданд, ки ӯро бе ягон мушкилӣ ба кӯдакистон мерасонду бозпас ба хона меовард. Имрӯзҳо низ савори мошини падар ба дарс меравад.
Пас аз итмоми дарсҳо ва рӯзҳои истироҳатӣ аз тамошои гӯшаҳои зебои диёр ва боғу гулгаштҳо баҳравар мегардад. Барои ба марказҳои дилхушӣ ва тафреҳии кӯдакона рафтан, мушкиле надорад ва аз ин имконияти хеш фаровон истифода мебарад. Дар ин росто, волидайнаш ба масъалаи таълиму тарбияи ӯ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Забони русиро аз худ карда, ба омӯзиши забони англисӣ камар бастааст.
Кош падар медоштам…
Қаҳрамони дигари мо Азиз ном дорад. Ӯ 9 сол дошта, ба санбӯсафурӯшӣ машғул аст. Айёми яксолагиаш падар онҳоро партофта, оилаи дигар барпо кард ва аз ӯ дигар хабаре нест. Модараш ҳамчун фаррош дар коргоҳе заҳмат мекашиду бегоҳ санбӯса мепухт. Азиз пинҳон аз ҳамсинфону ошноҳо дар боғҳои истироҳатӣ санбӯса мефурӯхт. Марги бемаҳал модарро низ аз ӯ рабуд. Тарбияи ӯро тағояш бар дӯш гирифт, вале ҳамоно ӯ аз ин шуғл даст накашидааст.
- Ҳар бегоҳ аз соати 17 то 21 санбӯса мефурӯшам. Аз фурӯши он 45 – 50 сомонӣ меёбам. Баъзан бе фоида мемонам, гоҳо бачаҳои калонсол базӯрӣ пулҳои кисаамро ба яғмо мебаранд. Дар ин лаҳзаҳои сангин мегӯям, ки кош, падари ғамхору пуштибон медоштам, - бо дард мегӯяд ӯ.
Нони серро надидам
Аммо, ҳаёти Манучеҳри 10-сола, ки дар деҳа ба сар мебарад, тамоман дигар аст. Чашм кушодан баробар заҳмати падари беморашро дидааст, ки аз сутунмуҳра сахт осеб дида, вале ҳамоно думболи пайдо намудани қути лоямут хизмати ҳамдеҳагон мекунад. Модараш кӯдакони хурдсол дораду дар дарёфти ризқу рӯзӣ оҷиз аст. Вақти фориғ аз дарсҳо ба корҳои хона даст мезанад ва барои дастрас кардани пораи ноне тавассути ароба партовҳои ҳамсояро ба партовгоҳ мекашонад.
- Танҳо роҳи мактабро дидааму хонаи ҳамсояро. Дилам ба падарам месӯзад, ки бо вуҷуди бемориаш талош дорад, то мо гурусна намонем. Бо бачаҳо орзуи бозӣ намуданро дорам, вале онҳо маро «партовчӣ» гӯён масхара мекунанд. Мехоҳам, ки дар оянда кор карда, маблағи зиёд ба даст ораму хонаводаамро аз чунин рӯзҳои сангин раҳо созам, - бо буғзи гиря мегӯяд Манучеҳр.
Орзуи пойи равонро дорам
Маҳваш маъюб ба дунё омадааст. Падару модараш то дусолагиаш аз ин иллати ӯ бехабар буданд. Баъдан, аз муоинаи табибони зиёде гузашта, дар натиҷа, маъюби модарзод унвон гардид, ки аз пойи равон маҳрум аст. Кунун 6 сол аст, ки Маҳваш рӯи бистар хобида, аҳёнан аз тирезаи хона ба берун менигарад. Гоҳо хоҳарбузургаш бо модар ӯро аз зери бағал дошта, ба сайругашт мебароранд. Суруду таронаҳои дилнишин месарояду ба ин роҳ дили ғамгинашро таскин мебахшад.
- Се дугона дорам, онҳо ҳар рӯз ба хонаамон омада, бо ман бозӣ мекунанд. Дар бораи бозиҳои ҳархела нақлҳо мекунанд ва ман ғамгин мешавам. Орзу дорам, ки соҳиби аробача шаваму маро савори он ба берун бароранд. Падару модарам имкони хариди аробачаро надоранд, - гуфт Маҳваши хурдсол.
Ин духтараки маҳзун дар дил як умед дорад, ки зудтар шифо ёбаду ба тамошои зебоиҳои табиат барояд, рӯи майсаҳои сабзи махмалини боғу гулгаштҳо пойи бараҳна роҳ гашта, нармиву таровати нотакрори онро аз қаъри дил эҳсос намояд.