07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАЛЕНТИНА ТЕРЕШКОВА

 

06-2019 (25)Соли таваллуд: 1937

Нахустин бонуи кайҳоннавард дар ақсои олам (1963), номзади илмҳои техникӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, раиси кумитаи занони шӯравӣ (1968–1987), раиси Иттиҳоди ҷамъиятҳои дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ (1987–1992). Аз соли 1994 роҳбари Маркази ҳамкории байналмилали илмӣ ва фарҳангии Россия. Вакили думаи давлатӣ.

 

Вай бо ҷиддият ҳаёти шахсиашро ниҳон медорад, аз вохӯрӣ бо журналистон канора меҷӯяд, ёддоштҳо наменависад, ба баромадҳои фошкунанда рӯ намеорад. Ӯ аз чунин «худнамоиҳо» парҳез мекунад. Эҳтимол, ба боҳаёии вай тарбияи «халқӣ», ки хоксорӣ, фурӯтанӣ, одоби ҳамидаро мепарварад, асар гузоштааст.

Падараш Владимир Терешков дар ҷанги зидди финҳо шаҳид шуда буд. Ана ҳамин далел имкон дод, ки Валентина ҳангоми интихоб ба дастаи кайҳоннавардон шомил гардад.

Валентина низ ба мисли ҳазорон нафар дар ҷавонӣ деҳаи бенавою валангоргаштаро тарк карда, ба шаҳр рафту бофанда шуд. Шояд коргар гаштанаш дар ҳаёти минбаъдааш нақши муҳим бозид.

Вақтҳои холӣ ва рӯзҳои истироҳатро дар аэроклуб сипарӣ мекард, бо парашют париданро дӯст медошт. Ҳангоми қабул ба сафи кайҳоннавардон ин намуди варзиш низ саҳм гузошт.

Рақибони Терешкова чор нафар буданд: Валентина Пономарёва, Ирина Соловёва, Татяна Кузнетсова ва Жанна Еркина. Ҳама ҷавону зебову солим. Баъди хатми курси махсуси таълим онҳо се нафар монданд: Терешкова, Соловёва, Пономарёва. Якумин шудан дар сарнавишти кадоме аз онҳо бошад? Худи сардори ҳукумат Никита Сергеевич Хрушёв хушбахт­ро баргузид: Валентина Терешкова.

Ровиёни ахбор овардаанд, ки аз синфи коргар буданаш ақрабаки интихобро ба ҷонибаш гардонд. Валентина Пономарёва рисолаи номзадӣ дифоъ намуд, полковник буда, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои дақиқ ва техникӣ кор мекард. Ирина Соловёва низ номзади илм буд.

Ин воқеа 16 июни соли 1963 ба вуқӯъ пайваст. То Терешкова танҳо нуҳ нафар мард ба сафари кайҳон баромада, атрофи сайёраи заминро чарх зада буд. Зан - кайҳоннавард қариб се шабонарӯз дар само парвоз кард ва дар ин муддат ҳамаи рӯзномаҳо, радиою телевизиони дунё дар борааш иттилоъ пахш намуданд. «Бонуи коинот» ном бурда буд Терешковаро рӯзномаи англисии «Дейли экспресс».

Терешкова дар байни занони Россия ягона генерал аст.

Ҳукумати вақт ба ҷаҳониён воқеаро тарзе пешниҳод мекард, ки гӯё сафари коинот барои одамони шӯравӣ як сайругашти муқаррарист. Вале нахустин киштиҳои кайҳонии «Шарқ» барои Гагарин, Титов, Попович зарфи консервро ба ёд меоварданд. Онҳо на танҳо имкони аз ҷой бархостан, балки ҳатто даст ҷунбондан надоштанд. Мегӯянд, ки Гагарин баъди ба замин фуромадан рӯзу моҳ ва номи конструктор Королёвро ба ёд оварда натавонистааст. Ба ақидаи доктори илмҳои тиб, мутахассиси адаптатсияи кайҳоннавардон баъди бозгашт аз кайҳон Виталий Волович, организми зан ба шароити парвоз мутобиқ нест. Калсий дар бадани марди кайҳоннавард дар 10–12 рӯз барқарор мегардад, вале Терешкова натавонист то як моҳ ба по истад.

Никита Сергеевич Хрушёв сарварии базми арӯсии ӯро бо Андриян Николаев - кайҳоннаварди рақами 3 ба даст гирифт. Соли 1964 Алёна (фарзандашон) ба дунё омад. Вақте ки соли 1970 Андриян Николаев бори дуюм ба кайҳон парид, Алёнаи шашсола ҳангоми робитаи радиоӣ ба оҳанги маломатомез гуфт: «Падарҷон, чаро маро ҳамроҳат набурдӣ, охир киштиат ин қадар калон-ку?» Имрӯз духтари Терешкова оиладор аст, Валентина Владимировна бибӣ мебошад.

Юрий Шапошников, шавҳари дуюми Валентина, генерали хизмати тиббӣ буда, директории Маркази илмию тадқиқотии институти травматология ва ортопедиро ба зимма дорад. Онҳо дар шаҳраки Звёздний умр ба сар мебаранд.

 

Таҳияи Қ. мадалиев

:.  Аз ҳар боб 08.06.2019 08:27 1115

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz