Даря Кабудова, барои пиру барнои ноҳияи Ҷайҳун чун намоди ҷасорату ҷонфидоӣ ва муборизи роҳи озодии башарият аз зулму истибдоди фашизм маълуму машҳур аст. Сарнишини ҳавопаймои тирандоз Дария Кашвиддиновна ёдгори зиндае аз он муҳорибаҳои даҳшатбори ҷанги ҷаҳонист, ки ин баҳорон 96 - сола шуд. Кору пайкори ӯ, ки дар арзу тӯли 60 соли охир вирди забонҳост, далели хоксорию исмати зан-модарест, ки баъди бозгашт аз майдони набард дар ҳаёти осоишта ҳам тимсоли як сокини одии русто намунаи ибрати мардум аст.
- Бибикалон Дария ба синну сол ва ҳам хизмату қаҳрамониҳояш дар зиндагӣ идеали ҳамагон аст ва солмандони маҳалла иқрор меоянд, ки аксарияти ҳамдиёрон дар ҷавонӣ орзуву ҳавас доранд, ки мисли модарнамоди деҳа ҳавонавард бошанд, - қисса мекард наврасе, ки моро то суроғаи собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон роҳнамоӣ дошт.
- Хонаи бибиам дар он ҷост,- гӯён набераи кампир шитобон дари ҳуҷраи хоби Дарияхоларо ба рӯи мо кушод. Ӯ дар хобхалати зимистонааш худро печонда, болои кат пинак рафта буд. Ба ростӣ, то садои дилнишину зарофатгӯиҳои пиразани дарёдилро шунидан, ҳар лаҳза надидани пойафзоли кампир дар остонаи хонааш пеши чашмам меомаду гумон надоштам, ки куҳансолтарин сокини рустои Зарнигор тавони дар пой истодану завқу мадори суҳбатороӣ дошта бошад.
Он субҳи даҳшатборе, ки ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашизми гитлерӣ дунёро дар назари мардум тира сохт, Дария Кашвиддиновна ҳамагӣ 16 сол дошт. Аз миёни хатмкунандагони синфи 8-уми мактаби зодгоҳаш ягона навҷавони шуҷое буд, ки барои ба ҷабҳа рафтан, роҳ сӯи комиссариати ҳарбии шаҳри Уфа пеш гирифт. Азму иродаи қатъияшро дида, ӯро нахуст ба курси омодасозии ҳамшираҳои тиббӣ ва баъди хатми он ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд.
- Дар қатори беҳтарин хизматчиёни ҳарбӣ маро низ барои таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоии шаҳри Хабаровск интихоб намуданд,- қисса оғоз кард Дарияхола. - Баъди хатми мактаби ҳавонавардӣ маро барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба қӯшуни ҳавоии фронти Украина фиристоданд, ки он вақт рутбаи сержанти ҳарбӣ доштам. Бо гузашти қариб 80 сол ҳанӯз ҳам он лаҳзаҳои даҳшатбор аз хотирам зудуда нашудаанд, аммо аз нақли онҳо худро бисёр нороҳат эҳсос мекунам,- иқрор меояд собиқадори ҶБВ Дария Кашвиддиновна.
Дар ҳамин ҷабҳа Дария бо ҳамсари ояндааш ҷавонписари тоҷик Раҷаб Кабудов шинос мешавад. Бо гузашти чанд моҳ аҳду паймон мебанданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳам ҷудо нашаванд. Аз қазо баъди бозгашт аз як амалиёти ҳарбӣ Дария дӯстдоштаи худро дар қисми ҳарбӣ пайдо карда натавонист.
Дар баробари рӯз аз рӯз шиддат гирифтани ҷанг яку якбора нопадид шудани Раҷаб бароям зарбаи ниҳоят сангин буд, аммо мо - ҷавонони он давр ба рағми шикасту нест кардани душмани башарият тавони бардошти ҳама мушкилоту имтиҳони зиндагиро доштем, - рӯҳбаландона изҳор дошт Дарияи ҷасур.- Солу замони дақиқи он ҳодисаҳоро аз хотир баровардаам, аммо ёд дорам, ки баъди бедарак шудани Раҷаб моро барои омодагӣ ба ҷанги Ҷопон тавассути қатораҳо ба Владивосток оварданд. Дар Шарқи Дур курси кӯтоҳмуддати ронандагиро аз бар намуда, сипас, вориди размгоҳ гардидем, ки масоҳати он аз қаламрави Муғулистону Владивосток то он сӯи баҳри Ҷопонро фаро мегирифт.
Хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёти ман ба Рӯзи Ғалаба рост меоянд,- гиря дар гулу рози дил дошт Дария Кабудова. – Аз ин ҷанги даҳшатбор як ёдоварди ниҳоят арзишманд ҳам дорам, 23 августи соли 1945 бо фармони Сарфармондеҳ И.В Сталин бо медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» сарфароз гардида будам. - Соли 1945 ба зодгоҳам баргаштам, сукути ваҳшатзои хонаи холиамон маро мефаҳмонд, ки ҳамаи аҳли оилаи мо аз дасти фашистон кушта шудаанд. Аз он пас, шояд зиндагӣ дигар бароям маъние надошт, агар аз ишқи аввалу умеди охиринам, Раҷабҷон, номаи саломатӣ намеомад. Худоро сад шукр гуфтам, ки дар баробари мусибатҳои сангин хушбахтии бузургеро бароям ато намуд.
Ба қавли Дария ҷавони дӯстдоштааш дар амалиёте ба асорати фашистон меафтад, ки онҳоро аз чанд кишвар гузаронда то Фаронса бурдаанд. Аскарони амрикоӣ асиронро аз лагерҳои фашистӣ озод намуда, ба шаҳри Красноярск мефиристанд. Соли 1946 онҳо ба дидори ҳамдигар расида, оила барпо карданд. То соли 1957 дар шаҳри Красноярск зиста, соҳиби се писар мешаванд ва тӯйи суннатии фарзандон сабаб шуду барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Раҷаб ба ҳайси барқҷӣ ба кор даромаду Дария бошад фаъолияти худро нахуст аз кори фурӯшандаи мағоза оғоз намуд. Бо мурури саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ миёни фаъолзанон мақому эътибор пайдо кард. Минбаъд, Дария Кабудова тақдири худро ба кори таълиму тарбияи томактабӣ бахшида, то бознишастагӣ дар вазифаҳои роҳбарии муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият дошт.
- Мо 66 сол бо меҳру муҳаббати содиқона нисбат ба якдигар хушбахту саодатманд ҳаёти ширине ба сар доштем. Акнун 15 сол мешавад, ки ҳамсарам ҳамроҳи мо нест, аммо панҷ писару биступанҷ набераву даҳҳо абераҳоямон зодаҳои он сарнавишти ошиқонае аз фронти Украинаанд, ки баъди мо ишқу зиндагиро дар рӯи замин идома медиҳанд. Васияти ман ба пайвандонам ин аст, ки мазмуни зиндагиро хизмат ба халқ дониста, ҳама ҳастии худро дар роҳи ободию пешрафти Ватани хеш бибахшанд. Барои хизмати шоёни ҳарбӣ аз номи Пешвоёни машҳури дунё Сталину Путин ва Эмомалӣ Раҳмон сипоснома гирифтаам, ки ин шарафи бузург ба ҳар кас муяссар намегардад. Аз ҳама туҳфаи арзишманду бебаҳо барои ман китоби «Қуръон» бо забони тоҷикист, ки онро аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадия гирифтаам. Мутолиаи ин китоб ғамбарори қалбҳои хаставу ҳамдами мо - пирони барҷомондааст, - изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Дарияи ҷанговар.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
ноҳияи Ҷайҳун