Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Дар асоси ин қарор ҷиҳати татбиқи лоиҳа нақша – чорабиниҳо тартиб дода шуданд ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, амалинамоии лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ гардид.
Ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкур, яъне лоиҳаи «City Card» («Корти шаҳрӣ») аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешаванд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум мебошад.
Тавре зимни суҳбат намояндаи лоиҳаи «City Card» Садриддин Зиёваддинов иброз дошт, алҳол дар 17 хатсайри нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахт (автобус ва троллейбус), роҳкирои мусофирон тавассути воситаҳои электронӣ пардохт мешавад.
НАМУДИ ТАРОФАҲО
Тарофаи одӣ (Хуш омадед) корти одӣ ба ҳисоб рафта, барои хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум пешбинӣ шудааст ва тибқи тарифи муайяннамудаи мақомоти марбута ҳаққи роҳкиро ҷиҳати истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ситонда мешавад ва имтиёзу тахфифро дар бар намегирад.
Тарофаи тахфифӣ (15 фоиз тахфиф) ҳангоми зиёда аз 50 сафар харид намудан (ба мувозинати корти пластикии нақлиётӣ гузарондани маблағи зиёда аз 50 сомонӣ) ба таври автоматӣ тахфифи 15 % пешниҳод гардида, муҳлати истифодаи тахфиф 90 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад.
Тарофаи донишҷӯӣ (30 фоиз тахфиф) барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус пешбинӣ гаштааст ва ҳангоми дар портали махсуси низом (сомонаи www.CityCard.tj ) худро ба қайд гирифтани донишҷӯён ба онҳо тахфифи 30 % пешниҳод мегардад.
Тарофаи наврас (50 фоиз тахфиф) ба наврасони аз 5 то 12 - сола пешбинӣ гардида, ҳангоми дар портали махсуси низом (сомонаи www.CityCard.tj) ба қайд гирифтани онҳо тибқи қонунгузории амалкунанда тахфифи 50 % пешниҳод мегардад.
Тарофаи ройгон (100 фоиз ройгон) ба шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунанда, имтиёз вобаста ба ройгон истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум доранд, пешниҳод мегардад.
Тарофаи амалкунанда ба ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ҷиҳати қабул намудани пардохти ҳаққи роҳкиро дар шакли нақдӣ (дар хатсайрҳое, ки пардохти хаққи роҳкиро пурра тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда нашудааст) ва бо истифода аз корти мазкур пардохт кардани маблағи ҷамъшуда тариқи ғайринақдӣ пешбинӣ карда шудааст.
ИМТИЁЗҲО
Шахсоне, ки дар доираи қонунгузории амалкунанда дорои имтиёзи ройгон рафтуо намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ доранд, тибқи тартиби муқарраргардида ба онҳо корти нақлиётии ройгон пешниҳод карда мешавад. Алҳол барои истифода зиёда аз 30 ҳазор адад корти нақлиётии ройгон (бо назардошти дархостҳои воридгардида) пешниҳод карда шудааст. Илова бар ин, дар асоси дархости (мактуби дахлдор) аз ҷониби мақомоти марбута, ки ҳайати шахсии онҳо ба доираи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шомил мебошанд, пешниҳод карда мешавад.
ТЕРМИНАЛ ВА ВАЛИДАТОР
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ зиёда аз 400 терминали Express Pay насб гардидааст, ки аз он 125 терминал дорои диспенсор (диспенсор - гирифтани корт ва пур кардани ҳисоби он) ва боқимонда барои пурра намудани тавозуни корт ва пардохти дигар намуди хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Дар зиёда аз 450 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус ва троллейбус) таҷҳизоти қабули пардохт, яъне валидаторҳо ва антенаҳои GPS насб карда шудаанд.
ДАСТРАСӢ БА КОРТ
Ҷиҳати ба шаҳрвандон (донишҷӯён ва наврасон) шароити мусоид оид ба гирифтани корти донишҷӯӣ ва наврас (иваз намудани тарофа) фароҳам овардан, Лоиҳаи «City Card» якчанд роҳи муроҷиати шаҳрвандонро бобати ҳаллу фасли он ба роҳ мондааст:
- тариқи онлайн дар портали махсус ба қайд гирифтани донишҷӯ ва наврас.
- тариқи телефонӣ (муроҷиат ба Call center 446011111).
- ҳозир шудан ба дафтари (офиси) лоиҳа бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати зарурӣ (билети дошишҷӯӣ барои тарофаи «донишҷӯ», шаҳодатномаи таваллуди наврас ва шиносномаи волидайн барои тарофаи «наврас»).
ҚОИДАИ ИСТИФОДАБАРӢ
Истифодабарандагони кортҳои нақлиётӣ бояд донанд, ки корти «наврас» ва «донишҷӯ»-ро ғайри навраси то 12 - сола ва донишҷӯён дигар касе истифода бурда наметавонад. Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки корти ройгонро шахсе, ки дорои имтиёз вобаста ба ройгон истифода намудани нақлиёти ҷамъиятӣ намебошад, ҳуқуқи истифода бурдан надорад, яьне набояд шахсони имтиёздор корти нақлиётии ройгони худро барои шахси дигар (писар, ҳамсар, бародар ва ғайра) барои истифода пешниҳод намоянд. Дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолат, нисбат ба шахси имтиёздор ё истифодабарандаи он (имтиёз надорад) чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
ПАЗИРОИИ МАРДУМ
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, инчунин, бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ шуда истодааст. Аксар шаҳрвандон тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи роҳкироро хуб пазируфтаанд. Зеро, барои шаҳрвандон (сарфи назар аз синну сол) имконият вобаста ба тариқи тахфифӣ пардохт намудани ҳақки роҳкиро мавҷуд аст, ки ҳангоми ба ҳисоби корти нақлиётии худ 50 сомонӣ маблағ гузарондан, метавонанд соҳиби 15 фоиз тахфиф гарданд. Ин амал таъсири мусбати худро ба буҷети мусофирон (истифодабарандаи корти нақлиётӣ) мерасонад.
НАТИҶА
То ҷорӣ гардидани «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе», дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобусу троллейбусҳо) нофаҳмиҳо байни ронанда ва мусофир вобаста ба кам баргардондани бақияи маблағ, додани маблағи фарсуда ва дигар ҳолатҳо ба мушоҳида мерасиданд. Ин низом имкон дод, ки нофаҳмиҳои зикргардида, инчунин, муносибати молиявии байни ронанда ва мусофир аз байн бурда шаванд. Аз байн бурдани ин муносибат ҷиҳати осон гардидани тарафҳо барои паст кардани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ замина мегузорад.
P.S.
Корти роҳкиро «City Card» - ро метавон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз нуқтаҳои савдо бо ишораи «Фурӯши кортҳои нақлиётӣ», истгоҳҳо ва ё терминалҳоии Express Pay харид намуд. Инчунин, дар терминалҳои Express Pay мусофирон метавонанд тавозуни корти худро пурра намоянд.
сабрина Сафарова