Бо ҳар чи дур шудан аз рӯзу моҳҳо ва солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо ба миён омадани ҳар як насли нав, то ба ҳадди ниҳоӣ расидани шумораи диловарони он ҳарб, хотираи онҳо бомаром аз лавҳи хотирҳо зудуда мегарданд…
Дар ин ҷанги хонумонсӯз Иттиҳоди Шӯравӣ талафоти беҳадди ҳам моддиву ҳам ҷонӣ дид. Миллионҳо модарони зору низор аз ҷигарбандони хеш маҳрум монданд. Аммо, дар ин рада бонуи рус Епистиния Степанова, аз ноҳияи Тимашёвски кишвари Краснодар, аз ҳад зиёд ҷабр дидааст. Ин бонуи фариштахисол баҳри ҳимояи Ватан дар набардгоҳҳо 9 писар - нуҳ ҷигарбанди дилбанди хешро аз даст додааст.
Епистиния Степанова (18.11. 1874 – 7. 2. 1969) дар ҳудуди Украинаи имрӯза ба дунё омадааст, аммо аз хурдсолӣ дар Кубан умр ба сар мебурд. Аз 8 - солагӣ дар хутор муздур (батрак) будаву ғозу мурғобӣ бонӣ мекард, ғалла медаравид. Бо шавҳараш – Михаил Николаевич Степанов (1878 – 1934) ҳангоми хостгорӣ омаданаш шинос мешавад. Бо Михаил, бригадири колхози ба номи Г. Д. Димитров, дар хутори 1-уми Май (ҳозира хутори Олховский, ноҳияи Тимашёвски кишвари Краснодар) мезист.
Епистиния Фёдоровна 15 фарзанд таваллуд кардааст. Аз ин шумора Стешаи чорсола (нахустфарзандаш) якумин талафи хонадон, дар оби ҷӯш месӯзад. Ду писараш – дугоникҳо мурда ба дунё меоянд. Гришаи 5-сола аз бемории дарди ханозир (свинка) ва соли 1939 духтараш Вера заҳролуд гашта мефавтанд.
Дар ин оила 10 фарзанд – 9 писару 1 духтар ба воя мерасанд.
1. Степанов Александр Михайлович (писари калонӣ) (1901–1918). Барои ёрӣ расондани оилаашон ба Армияи Сурх, ӯро гвардиячиёни сафед мепарронанд.
2. Степанов Николай Михайлович (1903–1963). Моҳи августи соли 1941 дар ҳайати корпуси 5-уми гвардияи савораи Дон ба ҷабҳа меравад. Сарбози гвардия дар Қафқози Шимолӣ бар зидди истилогарони фашист размида, дар озод намудани Украина ширкат варзида, чандин маротиба захм бардоштааст.
Моҳи октябри соли 1944, оҳанпораҳои мина ба пои росташ сахт осеб мерасонанд. Як қисми пораҳоро духтурон бадар оварда, қисми дигар ҳамин хел то охири умр дар бадани сарбоз монд. Николай аз ҷанг маъюб баргашта, бар асари ҷароҳат аз дунё мегузарад.
3. Степанов Василий Михайлович (1908 - 1943). 21 майи соли 1941 бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба аскарӣ меравад. Сержант Степанов командири отделенияи полки 553 - юми артиллерии дивизияи 106-уми тирандози армияи 9-ум буд. Дар набарди шаҳри Ҷанкойи РАСС Қрим (30.10.1941) бедарак мешавад. Пас маълум гашт, ки ӯ ба асорат афтида. Соли 1942 фирор мекунад. Дар ноҳияи Николск (Днепропетровск) бо пинҳонкорон робита барқарор намуда, тавассути онҳо бо партизанҳо мепайвандад.
2 ноябри соли 1943, ҳангоми иҷрои супориши фармондеҳи отряди партизании «Барои Ватан», Василий ба дасти фашистон афтида, ба маҳбас меғалтад. Моҳи декабри соли 1943 немисҳо ӯро мепарронанд. Ҷасади ӯро дар гӯристони бародарӣ, дар деҳаи Сурск – Михайловкаи Днепропетровск дафн намудаанд.
4. Степанов Филипп Михайлович (1910 - 1945), бригадир – зироаткори колхози 1-уми Майи Кубан.
Бо даъвати комиссариати ҳарбӣ 22 майи 1941 ба хизмат меравад. Дар Қрим бар зидди фашистон ҷангидааст. Сарбози ротаи 1-уми баталиони 1-уми полки 699 - уми тирандоз Ф. Степанов 24 майи соли 1942 дар муҳосираи Харков ба асорат меафтад. Ва 10 феврали соли 1945 фавтида, дар шталаг (лагери сарбозони қатории ба асорат афтода – қувваҳои мусаллаҳи фашистӣ)-и YI K (326) – лагери асирони ҳарбии «Форелкрутс» мадфун аст.
5. Степанов Фёдор Михайлович (1912 - 1939). Баҳори соли 1939, пас аз хатми курсҳои командирони хурд дар Краснодар, ба ӯ рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд медиҳанд ва ба округи ҳарбии Забайкалйе мефиристанд. Дар задухӯрди вазнин ҳангоми взводро ба ҳуҷум хезондан, лейтенант Ф. Степанов қаҳрамонона ҳалок шуд. Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР барои нишон додани матонат командири взвод Ф. Степанов бо медали «Барои шуҷоат» (пас аз марг) сарфароз гардид.
6. Степанов Иван Михайлович (1915 - 1942). Мудири хонаи пионерон, дар кумитаи ноҳиявии комсомоли Тимашёвск кор мекард. Соли 1937 ба аскарӣ рафта, (Украина) пас, омӯзишгоҳи ҳарбии Байрақи Сурхдори Орҷоникидзеро поён бурд.
Лейтенанти хурд Иван Степанов командири взводи 310-уми пулемётчиёни полки 8-уми дивизияи тирандоз соли 1941 дар фронти Ғарбӣ бедарак мешавад. Маълум гардид, ки ӯ ба асорат афтидааст. Тирамоҳи соли 1942 Ивани беҳолу шалпар ва аз гуруснагӣ бемадоргашта то ба деҳаи Великий Лес, ноҳияи Смолевич (қарибиҳои шимолу шарқии шаҳри Минск) мерасад. Ӯро оилаи колхозчиёни артели хоҷагии қишлоқи «Добрая воля» П. И. Норейко пинҳон мекунад. Вай ҳамон ҷо хонадор шуда, ба партизанҳо мепайвандад. Дар ҷабҳа ҳалок мегардад. Дар гӯристони бародарӣ, дар деҳаи Драчковои ноҳияи Смолевичи вилояти Минск, мадфун аст.
7. Степанов Иля Михайлович (1917 - 1943)-ро моҳи октябри соли 1937 ба аскарӣ мегиранд. Баъди ду сол, хатмкардаи омӯзишгоҳи 10-уми қӯшунҳои танку автомобилҳои зиреҳпӯши Саратов лейтенант Иля Степанов командири ротаи бригадаи 250 - уми танкӣ (дар Прибалтика) таъйин гардида, ҳамон ҷо набарди аввалини хешро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мегузаронад.
Дар яке аз задухӯрдҳо сахт захм мебардорад. Моҳи декабри соли 1942 бори савум ярадор мешавад. Пас аз табобат ёфтан, боз ба сафи пеши ҷанг роҳ мегирад. Капитан Иля Степанов, командири ротаи идоракунии бригадаи 70-уми алоҳидаи танкии корпуси 5 - уми танкӣ, 14 июли соли 1943 ҳангоми бомбапартоии душман дар муҳорибаи камонаки Курск ҳалок мешавад. Баъдтар, ҷасадашро ба гӯристони бародарӣ, ба деҳаи Афанасовои вилояти Калуга, мекӯчонанд.
8. Степанов Павел Михайлович (1919 - 1941). Соли 1939 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ленинград ӯро ба аскарӣ мегирад. Барои идомаи таҳсил вайро ба омӯзишгоҳи артиллерии Киев мефиристанд.
Тобистони соли 1941 лейтенант Павел Степанов дар Украина, дар полки 141-уми гаубитсаи артиллерии дивизияи 55-уми тирандози фронти Брянск, хизмат мекард. Моҳи декабри соли 1941 дар ҷабҳа бедарак гашт.
9. Степанов Александр (хурдӣ) Михайлович (1923 - 1943). Дар РККА аз моҳи октябри соли 1941. Пас аз итмоми курсҳои омӯзишгоҳи ҳарбии Орҷоникидзе моҳи августи соли 1942 ӯро ба ҷабҳаи Ленинград мефиристанд.
Командири взводи миномётҳои 50 - мм, ротаи 1-уми тирандози полки 1133 - юми тирандоз А. Степанов 22 апрели 1943 барои шахсан аз миномёт нобуд кардани 2 пулемёти ДЗОТ-и душман бо ордени Ситораи Сурх сарфароз мегардад.
2 октябр дар наздикии Киев, дар қисмати Селише – Бобритса, шаш ҳуҷуми ҷавобии немисҳоро ақиб мегардонанд. Александр тани танҳо ҳуҷуми 7-уми душманро зада гардонда, шахсан 15 сарбозу афсари душманро нобуд месозад. Бо гранатаи охирин худ ва ҳам фашистони иҳотакардаро метарконад.
Ҷасади ӯро дар гӯри № 642, пуштаи қисми шимолии деҳаи Бобритсаи ноҳияи Каневски вилояти Черкасск, мегӯронанд.
Солҳои охири ҳаёт модари қаҳрамон Епистиния Фёдоровна, нафақахӯри аҳамияти умумииттифоқӣ дар Ростови лаби Дон, дар хонаи ягона духтараш – муаллима Валентина Михайловна Коржова мезист. Модари сарбозони Ватан дар ҳамон ҷо 7 феврали соли 1969 вафот мекунад. Ӯро дар станитса (деҳаи казакҳо)-и Днепровск, ноҳияи Тимашёвски кишвари Краснодар, бо иззату ҳурмати ҳарбӣ ба хок месупоранд.
Бо чунин талафоти даҳшатангез авлоди Степановҳо канда нашудааст. Шумораи набера ва абераҳои Епистиния Фёдоровна то соли 2010 – 44 нафарро ташкил медод.
Шоёни зикр аст, ки ҳукумати вақт Е. Ф. Степановаро дар қатори нахустин модарони советӣ бо ордени «Қаҳрамонмодар» ва соли 1977 (пас аз марг) бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I мукофотондааст.
Қаҳрамонон, сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи хидмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Онҳо баҳри ҳимояи марзу буми хеш ҷонбозиҳои зиёде кардаанд, то Иди Ғалаба - 9 май ба яке аз бузургтарин идҳо мубаддал гардад.
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!
Таҳияи Умари ШЕРХОН