06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОИЛАИ МАН - чанд нигоҳ дар хусуси оила

05 201918МАРД ЁРУ ЁВАРИ ЗАН АСТ

Умеда аз шумули бонувони муваффақест, ки ҳам дар оиладорӣ ва ҳам дар кор ба комёбиҳо ноил гардидааст. Сафарҳои кории зиёде дорад, ки шавҳараш хуб қабул мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамаи занон метавонанд муваффақ гарданд, агар марди хонадон барои расидан ба мақсадҳои ҳамсараш ёрӣ расонад. Зеро, вақте ҳамдигарфаҳмӣ дар хонадон пойдор аст, бо табъи болида паси амалӣ гардонидани орзуҳоят мешавӣ. Яъне, шавҳар дар самти амалӣ гардондани орзуҳои ҳамсараш нақши калидӣ мебозад.

- Мард сутуни хонадон аст ва чун меҳтари хонавода бояд аз ҷониби зану фарзандон эътироф шавад. Агарчи вазифаи зан аз пешаи шавҳараш баланд бошад ҳам ин маънои онро надорад, ки худро аз шавҳар боло гузораду қадру қимати ӯро дар назди фарзандону хешу ақрабо паст бизанад. Зеро мард чун баҳри беканору зан дар он дурдона аст, - чунин мепиндорад Умеда Назирова.

Мутаассифона, баъзан бонувони ҷавони мо бо пайдо кардани ҷои кори хуб бо маоши баланд, аллакай худро мустақил пиндошта, мартабаашонро аз шавҳар боло мегузоранд. Чунин назарбаландӣ миёни зану шавҳар ҳамдигарфаҳмиро аз байн мебарад. Ҳамин аст, ки на ҳама вақт мардон барои кор кардани ҳамсарашон розигӣ медиҳанд. Зеро, ба назари онҳо, зан, ки соҳибмаблағ шуд, шавҳар назди ӯ меҳтарии худро аз даст медиҳад.

 

«БОИГАРӢ НЕ, ХУШБАХТӢ МЕХОҲАМ»

Сабоҳат, номи мустаори зани 38 - сола, сокини шаҳри Душанбе аст. Вай дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ба сарвату боигарӣ дода шуда, зани дувум шуданро пазируфтааст. Ӯ мегӯяд, агарчи аз ҷиҳати молиявӣ камбуд надораду ҳатто соле ду маротиба ба кишварҳои хориҷӣ барои истироҳат меравад, аз чунин зиндагӣ дилгир шудааст. Зеро, дар ин сафарҳо ӯро танҳо писарчаи 8-сола ва як дугонааш ҳамроҳӣ менамоянду шавҳараш аз сафар кардан бо ӯ худдорӣ меварзад.

Сабоҳат мисли дигар занҳо мехоҳад, ки шавҳараш на дар як ҳафта як маротиба, балки ба таври ҳамешагӣ канораш бошаду меҳру муҳаббати шавҳарро эҳсос намояд. Писараш ҳам, ки ҳамеша аз модар дар куҷо будани падарашро пурсон мешавад, озодона тавонад бо падараш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гаштугузор намояд.

Кунун Сабоҳат дарк кардааст, ки хушбахтӣ на дар пул, балки дар пойдории оила ва дош­тани ҳамсафари ҳаётии хуб дар зиндагӣ будааст. Шавҳаре, ки ҳамрозу ҳамдил ва розшунав бошад, то мушкилиҳои зиндагиро якҷо ҳаллу фасл намоянд. Муҳимтар аз ҳама, зан эҳсос кунад, ки ӯ такягоҳе дораду метавонад бо дили пур сарашро ба китфи марди зиндагиаш гузорад.


«МАН БО ТУАМ, ҲАМА МУШКИЛИРО ҲАМРОҲ ҲАЛ МЕКУНЕМ»

Мушаррафа Ҷӯраева тавониста, оилаи солим барпо созад ва фарзандони солеҳро ба воя расонад. Инчунин, дари муваффақият ба рӯяш кушуда. Ӯ доктори илми филологӣ, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллима бар он назар аст, ки дар зиндагӣ оилаи солим муҳим аст. Яъне, оилае, ки тору пуди он аз риштаҳои меҳру муҳаббат танида мешавад, ошёни оромиву осоиши ҳам волидону ҳам фарзандон мегардад. Дар оилаи хушбахт фарзанд медонад, ки падару модар дар ҳама ҳолат ғамхори ӯянд, ҳамеша ӯро мунтазиранд, хоҳони комёбиву пирӯзиҳояш ҳастанд. Бовар дорад, ки ҳар мушкилие ба сари ҷавонаш наояд, ӯ ба волидонаш муроҷиат карда, аз онҳо маслиҳату дастгирӣ хоҳад ёфт.

- Дар зиндагии оилавӣ зану шавҳар ду боли як кабӯтаранд, ки бо ҳаракати якмаром мувозинатро нигоҳ медоранд. Дар нигоҳ дош­тани ин мувозинат рисолати зан, бонуи хонадон зиёдтар аст, - иброз медорад муаллима.

Дар оилаҳои зоҳиран хушбахт ҳам мисли дигар оилаҳое, ки худро бадбахт мешуморанду фақат айби ҳамдигар ва ҷомеаро меҷӯянд, мушкилиҳо кам нестанд. Мушаррафа Ҷӯраева бар он бовар аст, ки танҳо дар ин гуна оилаҳо намегӯянд, ки «ба ин чиз ту гунаҳгорӣ», ин ҷо мегӯянд: «Ман бо туам, ҳамроҳ ҳама мушкилиро ҳал карда метавонем».

 

КАБӮТАРИ ДУБОМА

Мавсима (ном иваз шудааст), ки 42 сол дорад, баръакси Сабоҳат зани якум асту ба болояш шавҳараш завҷаи дигар гирифтааст. Ӯ қисса намуд, ки ҳанӯз замони донишҷӯӣ бо дӯстдоштааш оила барпо намуду ҳамсафари ҳаётиаш қавл дода буд, ки то охири умр канораш мемонад ва ҳеҷ гоҳ нисбаташ хиёнатро раво намебинад.

Пас аз оиладорӣ шавҳар ба ӯ иҷозаи идомаи таҳсилро надод ва ҳамин тавр, Мавсима ба тарбияи фарзандон машғул шуд. Ӯ зиндагии хурраму осоишта дошт, то замоне, ки шавҳараш зани дувум гирифт. Баъд аз 8 соли зиндагии якҷояашон ӯ хабар ёфт, ки ҳамсараш бо зани дигаре ба хотири молу сарваташ оила барпо намудааст. Бо шунидани ин хабар гӯиё дунё дар назараш торик гашт. Вале, чорае надошт, чунки соҳиби 4 ҷигаргӯша буду зиндаҷудо кардани фарзандонро аз падар ба худ муносиб надид.

- Дар аввал фарзандон, ки хурд буданд, набудани падарро эҳсос намекарданд ва чун бузург шуданду фаҳмиданд, ки падарашон завҷаи дигар дорад, феълу атворашон тағйир хӯрд. Аз ҷиҳати равонӣ низ зарбаи сахт гирифтанд. Шавҳарам ману фарзандонро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдааст ва ба тарбияи дурусту ояндаи онҳо бетараф аст, - арзи дил кард Мавсима…

Фаромӯш набояд сохт, ки аз оилаи солиму зани хушбахт, фарзандони накуву ботарбия ба воя мерасанд. Ва беҳтарин оилаҳоро чунин фарзандон барпо хоҳанд кард. Пас, оиларо ҳифз намоеду давлату ҷомеаро устувор.

:.  Аз ҳар боб 14.05.2019 11:25 3056

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz