06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АГАР АЗ ГИРЯ КАРДАН ОБ МЕШУД…

 

04 201949Мусоҳиби навбатии мо модари воқеан пурдилу муборизест, ки панҷ сол боз дар раҳи ҷаҳду талоши шифоёбии фарзандаш аз бемории саратон, ба қавле хӯрду хобро фаромӯш кардааст. Яқин аз бози огаҳии он ки як дидаи писари дусолааш аз асари саратони чашм биноии худро гум кардааст, модарро чӣ ҳисси даҳшатноке фаро гирифт, худ медонисту Худои бузург.

– Рӯзе фарзандонам дар хона машғули рустшавакон шавқун доштанд, ки баногаҳ овози Муҳаммад ба гӯшам садо дод, ки ба хоҳарбузургаш мегуфт; «Чашми биноямро мабандед, ки бо чашми дигар ҳеҷ чизро намебинам…». Дар ҳамон шабу рӯз мураббияи Муҳаммадҷон ҳам аз рӯи мушоҳидаҳояш гуфта буд, ки писаратон ҳангоми машғулиятҳо дар боғча як чашмашро бисёр мемолад, - қисса оғоз кард модари ҷавон. – Ману ҳамсарам сару рӯи писарамонро аз назар гузаронда, аз чанд масофа ашёҳои гуногунро сӯи ӯ нишон дода, бо навбат биноии чашмони ӯро месанҷидем. Аммо, Муҳаммад, ба фаҳму гумони тифлонааш, ки гӯё кулли одамони дунёро бо як чашм медида бошанд, ба ғояти мо, зодмандонаш, ғамгину ошуфтаҳол нашуда буд.

Баъди муоина дар дармонгоҳи маҳаллӣ ва беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе табибон онҳоро ба бахши №10 шифогоҳи мазкур фиристоданд. Дар пешгоҳи бинои мазкур чашми модар ба навиштаҷоти «Маркази илмии саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон» афтоду гӯё аз сараш оби сард рехта бошанд, лаҳзае шах шуд. Тапиши қалбаш торафт баланду бештар шуда, пеши чашмонашро сиёҳӣ фаро гирифт.

-Баъди ташхис маълум гардид, ки чашми рости Муҳаммад бар асари бемории саратон нобино шудааст,- бо дидаи пуробу гиря дар гулу мегӯяд Махфиратбону. - Тибқи ташхиси тиббӣ писарам аз бемории саратони намуди авҷи шадид азият доштаасту барои ҷарроҳӣ гузарондан ҳамагӣ 10 рӯз муҳлат доштаем. Аз ин рӯ, ҳама корҳои рӯзгору тарбияи дигар фарзандонро бар зиммаи зодмандон гузошта, худ аз пайи ташхису дигар амалиётҳои пеш аз ҷарроҳӣ будем. Баъд аз ҷарроҳӣ амалиётҳои кимиёгузаронӣ сар шуд, ки дар ин давраи мушкилу сангин гирифторони ин беморӣ ба ғояте солимию неруи бадани худро аз даст медиҳанд, ки ба зинда мондани онҳо бовари кас намеояд. Барои модар ин фоҷиаи бузургу дарднок аст, ки вақте дар пеши чашмаш фарзанди вайро аз асари кимиёгузаронӣ мӯю абрӯ ва мижгонҳояш рехта, аъзои баданаш мисли пахта сафед мегардад.

04 201950Амалиётҳои кимиёгузаронӣ то шаш соат идома меёфту тифли аз сӯзанзанӣ хаставу дард­мандшуда, мабодо духтурон боз ранҷам надиҳанд гуфта, ҳангоми хоб рафтан гардани модарро раҳо намекард. Он ҳама манзараҳои ҳузновару аз дарду войи фарзанд дарун - дарун сӯхтану гиристанро модар буд, ки таҳаммул мекард, зеро барои наҷоти фарзанд ҷуз ҷарроҳию амалиётҳои вазнин роҳи дигар вуҷуд надошт. Ба хотири ояндаи тифлаш дандон ба дандон месоиду дар ҳолати тапишу ларзаҳои дили дардманди худ аз Офаридгор мадад мехост.

«Баъди осебпазирии зиёд аз кимиёгузарониҳои бардавом аз бунёни Муҳаммадҷон хунравӣ сар шуду табибон идомаи ин гуна амалиётҳои тиббиро мавқуф гузоштанд. Тавсияи табиби меҳрубонаш Лола Шарофовна буд, ки ба хотири асабонӣ нашудани бемор мебояд ҳама хоҳишу дархостҳояшро иҷро намоем. Писарамро, ки тамошои боғро дӯст медошт, аз беморхона рост ба Боғи миллӣ бурдем, аммо тавони дар бозичаҳои равон нишастан надошт, ки дар болои арғунчак хобаш бурд. Дар он лаҳзаҳо шавқу маҳорати пешинаи бозиҳояшро ба хотир оварда, қалбам реш-реш мегардид. Ҳамин сон бо тавсияи табибони ҳозиқ сабр пеша намуда, бо ин бемории даҳшатовар мубориза бурда истодаем».

Модари Муҳаммадҷон иброз медорад, ки ӯву аҳли хонаводааш як умр аз роҳбари Фонди хайрияи «Лона» Раҳмон Озода Эмомалӣ сипогузоранд, ки аз оғози муолиҷа то се маротиба ҷарроҳию дигар амалиётҳои кимиёгузаронии фарзандашонро бо ёриву дастгирии ройгони ин фонд амалӣ намудаанд.

- Дар ин миён аз афсурдагии духтаронам нигарон будам, ки машғули табобати писаракам шуда, вақти ҳамроҳи онҳо будан надоштем. Боре чашмам ба акси оилавиамон афтод, ки духтаронам дар гӯшаи он ба ҳаккокии чанд таронае эҳсоси пазмонии худро аз дурии падару модар тасвир кардаанд: «Мо суҳбати панду насиҳатомези зодмандонамонро сахт пазмон шудаем. Худоҷон, он рӯзҳои сайру тамошои оилавӣ ва шабҳоеро, ки модарҷони меҳрубонамон ба мо афсона мегуфтанд, ба зиндагии мо бозгардон…»

Зимни муолиҷаҳои тӯлонӣ дар Маркази илмии саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли Махфират чанд тан модарону фарзандони гирифтори бемории саратон ҳамдарду ҳамрози якдигар гардида буданд. Дар ин миён марги як нафар аз кӯдакони гирифтори касалии саратон дунёро дар чашми модари Муҳаммад тираву торик сохт. Ҳассосияти зиёду ҳамдарду ғамгусори дигарон будан, аламу ғуссаҳои вайро дучанд сохта буду аз тақдири ояндаи писараш бештар ғам мехӯрд.

Ҳолиё дарду ранҷҳои ҷигарбандаш паси сар шудаанд, валекин рӯзе нест, ки аз як суолу пурсиши нобаҳангоми Муҳаммад дилрешу ҷигархун нашавад. Рӯзе эътирози тифли кӯчакашро шунида, сар ба гӯшаи хомӯшие паноҳ мебарад, то нолаву шевани модаронаашро касе нашунавад ва ба гоҳи дигар орзуву ормонҳои бачагонаи фарзанд барояш болу пари дигар мебахшанд, ки аз хурсандӣ боз ҳам ашк мерезад. Бале, ашки шодию нишот ва умеду боварибахшанда ба ояндаи неки ҷигарбандаш. Ҳамин тавр, ҷигарбандаш аз як дидаи бинояш маҳрум шуда, баъди ҳар шаш - ҳашт моҳ чашми сунъии ӯро иваз кардан пеш меояд. Ба гуфти модар, баъди пушти сар шудани рӯзҳои вазнину даҳшатбор ҳамакнун ҷигарбанди якраву бебокаш бо амалу гуфторҳои наҷибаш аҳли хонаводаро мафтуну мушавваш месозад. Ӯ дар ҷамъбасти чаҳоряки сеюми соли хониш ҳамчун беҳтарин хонандаи синфи якуми литсей бо диплом ва медали ҷои аввал сарфароз гардонда шуд. Дар баробари таҳсилоти ибтидоӣ дар маркази забономӯзии «Ҳунари 41»-и шаҳри Бохтар забони англисӣ меомӯзад. Дар рушду нумӯ ва умуман ҳаёти ин тифли зиндагидӯст хешону пайвандонаш модари муборизи ӯро мадҳу ситоиш мекунанд.

- Чанде қабл зимни бозгашт аз мактаб аз дорухона чанд маводи таскинбахш хариданӣ шудам. Вай чун ҳарвақта ба суолҳои зиёдаш посух меҷуст ва дар идомаи гуфтугӯямон дар мавриди чӣ будани дорухонаҳо баногаҳ гуфт: «Модарҷон, биё як доруи дармонбахше бихарем, ки дигар чашми ману дили Шумо дард накунад» ва ба таъкидҳоям, ки мо дигар ба табобат ниёз надорем, вай бо як оҳангу шевои содаву ширине изҳор дошт: «Модарҷон, он қадар дӯстат медорам ва мехоҳам ҳеҷ гоҳ бемор нашавӣ, вагарна, ман бе ту зистан намехоҳам».

 

Ҷ. САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон

:.  Аз ҳар боб 19.04.2019 11:34 1339

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz