Ӯ соли 1913 дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Волидонаш аз мардумони оддию заҳамткаш буда, аз рӯи эҳтиром Бибиҷон нидош мекарданд. Бибиҷон тамоми шуғлу ҳунарҳои мардумиро аз модар омӯхта, дар корҳои саҳроӣ ҳам ба қавле ҳамто надошт. Баъди издивоҷ бо ҷавоне бо исми Тӯрахон муқими Тоҷикистон гашт.
Ибтидои солҳои 1930 дар қаламрави имрӯза ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сокинон ангуштшумор буданд. Мавзеъи интихобнамудаи муҳоҷирони ӯзбекистонӣ марзҳои ҳудуди имрӯзаи хоҷагии ба номи Тӯрахон Исанқулови ноҳия буд, ки дар он шабу рӯз дар ин дашту ёлаҳои беодам тулӯи сапедадам аз доманаи туғайзорҳо сар мекашиду ягон - ягон мусофирони аз ин ҷодаҳо мегузашта дар болои асп ҳам аз ҳуҷуми гургон дар амон набуданд. Муҳоҷирати оилаҳои нав ба рӯзу солҳое рост омад, ки дар минтақаи бунёди бузургтарин иншооти обёрӣ - Канали Қумсангир оғоз ёфт. Паҳнои наҳри мазкур 20 ва ҷуқурии он 15 метр ва дарозиаш беш аз 40 киллометрро ташкил медод. Он замонҳо, ки ҳама корҳо дастӣ анҷом мешуд, занон низ дар баробари мардон гоҳе ҷӯй меканданду гоҳи дигар бо занбару сабад аз шеби 10-12 метр хокро ба боло мебароварданд.
Кор дар иншооти мазкур ба ҳадде пурҷӯшу хурӯш буд, ки мардум на ёди гуруснагию ташнагӣ дошту на дар фикру андешаи дигар. Новобаста ба он ки бештари синфи коргари он давра таҳсилнодида буданд, аммо аҳамияти бузурги сойи Қумсангирро, ки манбаи таъминоти оби полезӣ барои садҳо ҳазор гектар заминҳои минтақа ба ҳисоб мерафт, ба хубӣ дарк мекарданд. Дар он солҳои пурташвишу серкорӣ Бибиҷон фарзанди нахустини хеш Соҳибҷамолро ба дунё овард. Ӯ барин бонувони деҳоти навбуна ба замми зоишу нигоҳубини фарзандон баробари дигар ҷавонмардон дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳро заҳмат мекашиданд.
- Мардум аз субҳ то шом дар ҳашари кандани Канали Қумсангир иштирок карда, то як поси шаб атрофи манзилҳои худро аз хору дарахтони ёбоӣ тоза менамуданд, то заминҳои кишоварзиро васеъ намоянд, - қисса мекунад Эшбурӣ писари Бибиҷон Эсанқулов ва ба нақлаш идома медиҳад, -зеро то солҳои 1931 марзҳои ин диёри сарсабзу ҳосилхез туғайзореро мемонд, ки на заминҳои корам дошту на об. Дар он солҳо хору рустаниҳо ҷангалӣ ба ҳадде зичу баланд буд, ки ба гуфти шоҳидон одамро аз болои асп ҳам гург мегирифт. Умуман, достони ҳаётӣ ва шеваи оиладории зодмандонам бозгӯи як фарҳангу маданияти аҷибест, ки онро бояд ба наслҳои имрӯзу фардо бояд омӯзонид.
Бар замми заҳмати тоқатфарсои кори саҳро Бибиҷон нисбат ба дигар соҳибхоназанҳои деҳот пуркору серташвиш буд. Зеро аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дар ин диёр ҳамсараш Тӯрахон Эсанқулов нахуст саркору баъдан раиси хоҷагӣ буд ва хонаи онҳо меҳмонхонаро мемонд, ки тамоми гурӯҳҳои кории аз вилояту ҷумҳурӣ ташрифовардаро меҳмондорӣ мекард. Чанде пас Бибиҷон фарзанди дуюмаш - Холматро ба дунё овард. Баъдан Эшбурӣ ва Алаёр таваллуд шуданд ва ҳамин тариқ, Бибиҷон 11 фарзанд зодаву ба воя расонидааст. Ӯ қаҳрамонмодар гашту ҳамсараш давоми 30 соли ба ҳайси раиси хоҷагӣ фаъолият доштанаш тамоми ордену медалҳои замони худро мушарраф гардид.
Бибиҷон дар саҳро пешқадамона заҳамт мекашид, чаро ки ӯ ҳамсари раиси номдори кишвар ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Тӯрахон Эсанқулов буду мебоист, ки намунаи ибрати дигар коргарзанон бошад. Дар хона бояд беҳтарин кадбону мебуд, зеро дар он давру замон роҳбарони олимақоми кишвар зуд-зуд меҳмони хоҷагии номдори шавҳараш мешуданд. Лаззати нону ғизоҳои омоданамудаи ӯро роҳбарони аввали Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов чашидаанд. Қадри нону намаки ин хонадон буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъд аз муолиҷа дар Москав ба Ватан баргашта ҳамсари Бибиҷонро наздаш хонда, давоми 10 рӯзи охири умр бо ӯ ҳамнишин буд.
Дар тарбияву ташаккули зеҳнии фарзандони ин хонаводаи машҳур ба хусус, модари кӯдакон Бибиҷон Эсанқулова нақши бузург дошт. Хусусияти наҷиби фарҳанги оиладории мардуми он замон дар ин буд, ки дар муносибатҳои зану шавҳарии онҳо рашку дигар ҳиссиётҳои манфӣ эҳсос намешуд. Дар ин бора замоне Бибиҷон чунин изҳор доштааст: «Мо вақти рашк кардану дар фикри ҳар гуна андешаву гумонҳои нохуб шудан надоштем. Зеро тамоми фикру зикри мардум дар банди обёрии водию кишту кору дигар корҳои ободонӣ буд. Як вазифаи ҳаррӯзаи ҳамсари раис сари вақт омода намудани атола ва тақсимоти он ба мавзеҳои корзор буд, то мардум қуввати иҷрои корҳои мушкилро дошта бошанд. Ҳамин тавр, то соли 1944 кори мо рӯз то бегоҳ омода намудани ғизо ва тақсимоти он ба коргарону колхозчиён буд».
Шуҳрати ин хонавода замоне дар кишвар маълуму машҳур гардид, ки соли 1949 раис Тӯрахон 10 тонна гандуми захиракардаро ба мардуми аз дигар минтақаҳои кишвар муҳоҷиршуда тақсим намуд.
- Дарвоқеъ дар он давру замон ҳамсари раис будан аз зан-модар заҳмату масъулияти ниҳоят зиёд мехост. Мутмаинам, ки дар он солҳо на ҳама бонувон орзуи ҳамсари раис шудан доштанд, зеро ҳолу аҳволи моро бо чашми сар медиданд. Ҳамсари раис будан дар баробари вазифаҳои сарборӣ инчунин ҷавобгарии масъулияти шавҳарро ба зимма гирифтан буд, - замони дар қайди ҳаёт буданашон гуфтааст Бибиҷон.
Фарқияти дигари кору зиндагии Бибиҷон аз дигар бонувони деҳот дар он буд, ки ҳамсари раис ба ҳар мушкилу масоили майда чуйдаи рӯзгор шавҳари худро ташвиш дода наметавонист.
- Ҳатто аз пуркорию ташвишҳои хонаи раис модарам вақте намеёфтаанд, ки аз барои дарду бемориҳои андак ба табибон муроҷиат намояд,- мегӯя Бибихатича яке аз духтарони Бибиҷон, - модари таҳсилнодидаи мо дар таълиму тарбияи фарзанд намунаи ибрати ҳамсояву ҳамдеҳагон ба шумор мерафт. Модарам барои писаронаш худ сунҳор интихоб мекарду ба бачаҳо мегуфт, ки рафта духтари фалониро бубин маъқул меафтад ё не? Ӯ бад-ин андеша буд, ки муҳим зиндагиро дӯст доштан асту тавони рӯзгори хонаводаро пеш бурдан, боқӣ хостаҳои ҳаётӣ ва хушбахтию саодати рӯзгор худ ба даст меояд.
Аз рӯи иқрори баъдии модар ба фарзандон баъзан ҳолатҳое пеш омада, ки бо ҳамсар баҳсҳои ҷиддие дошта бошад, аммо на дар пеши фарзандон. Бибиҷони ташнаи илму дониш аз қисмату рӯзгори ба сар бурдааш изҳори шукргузорӣ намуда, фарзандону наберагонро панд медод, то ба қадри обу хоки ин Ватан расида бошанд. Ба истилоҳи мардуми зани раси бар замми таваллуду тарбияи фарзандон бо заҳмати софдилонаву содиқона дар обёрӣ намудани даштҳои туғайзору саҳроҳои хушк саҳм мегузошт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН