- Чӣ шуд? – садо баровард ҳамшираи шафқат–духтараки харобаки қадбаланд, ки хилъати сафед хеле мезебидаш, падид омада.
- Духтарам, хунук хӯрдам, аъзои баданам ларзида истодааст,–бо овози пасту ларзон гуфт мӯйсафед.
Ҳамшира ҳарорати маризро санҷида, дартоз ба роҳрав баромада, духтури навбатдорро садо кард:
Таби бемори ҳуҷраи панҷ 39 шудааст, чӣ кор кунам, сӯзандору гузаронам ё ҳаб диҳам?
Духтури навбатдор Пӯлод Ватанов зуд ҳозир шуд. Фишори мӯйсафедро санҷида, ба ҳамшира супориш дод.
Ба ҳоли бемор дили Рашид сӯхт. Охир, рӯзи чорум аст, ки бо ӯ дар як ҳуҷра бистарист, касе аз ҳолаш хабар намегирад. Ба саволҳои «Зану фарзанд доред? Чаро касе аз ҳолатон хабар намегирад?» мӯйсафед оҳи чуқур кашида, ҷисми лоғари худро базӯр ҷунбонда рӯяшро тарафи девор гардонда, паст-паст менолид.
Бо оҳу воҳи пир он шаб низ рӯз шуд. Саломатии ӯ торафт бад мешуду беҳ не.
Субҳгоҳон назди Рашид ҳамсараш омада, зуд аз термос дар ду чинӣ гардсӯз рехта ба мӯйсафед:
-Падарҷон, гардсӯз овардам, хезед, гарм–гарм дам кашед, иншооллоҳ, сиҳат шуда мехезед,- гуфту косаро болои мизи назди мӯйсафед монда, назди шавҳараш омад:
- Дадеш, ҷои истироҳататонро ёфтед, бас будагист хоб рафтан. Бачаҳо ёд карданд шуморо.
- Росташро гӯй, бачаҳо ёд карданд ё очаҷонашон?- гуфт. Ҳар ду хандиданд.
Мӯйсафед аз хандаи онҳо нороҳат шуда, болои кат печида, сулфид.
- Падарҷон, келинатон гардсӯз овардааст, хезед, ман ба шумо ёрӣ расонам,-гуфта Рашид назди мӯйсафед рост шуд.
-Не, намехоҳам,–гуфта, рӯяшро тарафи девор гардонд.
Рашид косаи пури гардсӯзро дам кашида:
- Биё, очеш, берун бароем, аз ҳавои тоза нафас гирем,–гуфта ҳар ду аз ҳуҷра баромаданд.
Бӯйи гардсӯз ба машоми мӯйсафед хуш омад. Ӯ аз ҷой хеста бо дастони ларзон косаро ба даҳон наздик бурд. Якчанд бор фурт кашид. Дастонаш монда шуданд. Аз тарси он ки косаро наафтонад, онро рӯи ҷевонча монд.
Чароҳои зиёд майнаашро ба дард оварданд. Зиндагиаш мисли тасмаи кино аз пеши назар гузашт.
Баъди хатми донишкада ба зодгоҳ баргашта, бо розигии падару модар оиладор гашт. Соҳиби шаш фарзанд-чор писару ду духтар шуд. Зиндагии хушу хуррам дошт. Дар яке аз корхонаҳои ноҳия роҳбар таъйин гардид. Чанде пас ба котибааш Фаттона дил баст. Пинҳонӣ ишқварзӣ карданд. Котиба ҳомиладор шуд. Оғози нохушию хархашаҳо рӯ зад. Котиба «назди калоншавандаҳо рафта шармандаат мекунам ё маро ба занӣ мегирӣ ё аз вазифа мепарӣ», -
гуфта таҳдидаш кард.
Аҳтам вазифа гуфта, аз баҳри зану фарзандонаш гузашт. Бо котибааш оила бунёд кард ва соҳиби се писари дигар шуд. Қариб ҳар ҳафта ӯро ба мактаб даъват карда, аз беинтизомиву пархоши фарзандони зани якум ва дуюмаш хабар медоданд.Чор писар аз зани якум ва се писар аз зани дуюм ба ҳам соз намегирифтанд. Кор ба ҷое расид, ки бачаҳоро ба қайди милиса монданд. Обрӯи Аҳтам ба гуфте ду пул шуд, ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд. Саргардонӣ ва мушкилиҳои зиндагӣ пайи ҳам думболагираш шуданд. Саломатиашро аз даст дод. Зани дуюм, ки ҷавонтар буд, «дигар ба ман ту барин пири касалманд даркор нест», гуфта рӯи хуш намедод.
-Падарҷон, имрӯз, ба фикрам, каме вақтатон хуш аст,- Рашиди аз берун омада, мӯйсафедро дилбардорӣ карду дар як тақсимча ду дона себу як нокро болои мизи бобои Аҳтам монд.
Фикраш парешон шуд. «Ин қадар ҷавонмарди меҳрубон.Чор рӯз боз бо ман овора, раҳмат ба падараш», аз дил гузаронд мӯйсафед. Ман ҳам ҳафт писар дорам. Канӣ онҳо?
Ба ёдаш омад, зани якум ба дафтари кориаш омада хоҳиш карда буд. «Ба ман аҳамият надеҳ, лекин барои бачаҳо насиҳати падар лозим, онҳоро зери қанотат гир. Дар мактаб хуб намехонанд, рӯзи дароз корашон оворагардӣ». Ӯ занашро ронда, «аз худат ҳам безораму аз бачаҳои бесаводат ҳам» гуфта буд…
-Бо ворид шудани бонуи тахминан 50–55–сола фикраш гурехт.
–Оҳ, акаҷонам, ба шумо чӣ шуд?–гуфта, болои сари мӯйсафед хам шуда, аз ҷабинаш бӯсид он зан.
Бобои Аҳтам базӯр чашмонашро нимкоф карда, хоҳараш Холидаро шинохт.
-Хоҳарҷон, саргардон шуда омадӣ?–гуфт.
-Акаҷон, чӣ хел саргардонӣ, аз рӯзе, ки аз хонаи мо омадӣ, ҳар шаб падару модарамро хоб мебинам, ки хавотиранд. «Аз ҳоли акаат хабар гир», гуфта таъкид мекунанд. Дирӯз омада будам. Зани калониатон гуфт: «Мо хабар надорем, мумкин бо зани ҷавонаш бошад». Хонаи зани дуюм рафтам, ба ҳавлиаш даромадан намонд. Гуфт: «Дуюм бор пайи поятро набинам…»
Мӯйсафед аз нақли хоҳар ба худ печида, нолиши сӯзоне аз қалби пурдард баровард.
- Холаҷон, ғамгин нашавед. Баъди чанде аз гуфта пушаймон гашта узр мепурсад,–гуфта ҷавонмард холаро таскин дод.
- Бечора, акаам, аз зиндагии нобасомон монда шудааст…
Илоҳо, барака ёбӣ, писарам. Хока гирӣ зар гардад. Акаам гуфтанд, ки аз ҳолаш доимо бохабарӣ. Қисмати талхи бародарамро бин, ки аз ду зану ҳафт писару ду духтар яке дар назди бемор нест.…
Холида бо Рашид хайрухуш кард:
-Писарам, бегоҳ шуда истодааст, раҳам дур, автобус намеёбам, акаам бедор шуд, аз номи ман узр пурс. Хайр, бачам,–гуфт Холида маъюсу ғамгин.
Саломатии мӯйсафед соат ба соат бад мешуд. Ӯ дигар ёрои чашм кушодан надошт. Фишораш ҳамеша баланд буд. Ҷавонмард дар ташвиш шуд. Ҳамшира–Меҳрӣ тез-тез назди онҳо даромада:
- Бародар, агар фарзандонаш меомаданд, мумкин аҳволи мӯйсафед беҳ мешуд. Ман онҳоро ҷустуҷӯ кардам, аммо афсӯс, ягонтаи онҳоро пайдо карда натавонистам. Ҳама берун аз ҷумҳурӣ дар мардикорӣ будаанд. Духтарон низ шавҳар карда аз ноҳия рафтаанд. Ин ҷо фақат занҳои ӯ мезистаанд, ки мӯйсафедро чашми дидан надоранд,- гуфт ӯ.
Рӯзи дигар Рашид аз беморхона рухсат шуд. Ӯ бо мӯйсафед хайру манзур кард: «Пагоҳ, албатта, шуморо хабаргирӣ меоям».
Дар дили шаб аҳволи мӯйсафед бад шуд. То субҳ духтурон бо марг дастбагиребон буданд, аммо бенатиҷа. Субҳ бобои Аҳтам ин олами фониро падруд гуфт.
Духтурон ҳуҷҷатҳои майитро тахт намуда, ба мошини ёрии таъҷилӣ бораш карданд. Меҳрӣ хомӯшу ҳазин мегирист.
Ӯро аввал ба хонаи Зулхумор–зани калонӣ бурда, аз марги шавҳараш хабар доданд. Зулхумор сари ҷаҳл:
- Вай дар ин ҷо зиндагонӣ намекард. Ба хонаи зани ҷавонаш баред,–гуфта зан дарро ба рӯи духтури роҳбалад баст. Назди хонаи зани ҷавон расиданд.
- Ман кайҳо ӯро аз дафтари ҳаётам хат задаам. Ба худаш гуфта будам,–эътироз кард Фаттона. Ӯ низ аз ҷисми беҷони Аҳтам рӯ гардонд.
Духтури роҳбалад аз рафтори бонувони сангдил ҳайрон, ба беморхона сим зад, ки бо майит чӣ кор кунад?
Супориш шуд, ки майитро оварда, дар мурдахона нигоҳ доранд.
Рашид аз рӯи ваъда, бехабар аз марги мӯйсафед нону хӯрок гирифта, ба хабаргирӣ омаду дар роҳрав Меҳриро гирён дарёфт.
- Акаҷон, он кас даргузаштанд. То имрӯз ягон маротиба мошини ёрии таъҷилӣ ягон майитро пас нагардонда буд. Бечора, бобои Аҳтам,–гуфта, Меҳрӣ бо овози баланд гиря кард.
Рашид лаҳзае хомӯш монд:
-Хоҳарҷон, бо иҷозати сардухтур ӯро ба хонаам бурда, мувофиқи расму оин ба хок месупорам,–гуфт.
Ҳамон дам ҳамсари калонии мӯйсафед ба ин тарафу он тараф рафта «хонамой, хонамой, оҳ мардаки бе аҳду вафо,оҳ мардаки бесоҳиб» гуфта, бо овози баланд нола мекард…
Зулхумор сари нанг омада, сари кӯча мошинеро дошта, аз ронанда хоҳиш кард, то ӯро ба беморхона барад. Дари ҳуҷраи кории сардухтурро кушода:
-Шавҳарамро диҳед, зиндааш ба ман вафо накарда бошад ҳам, мурдаашро худам гӯру чӯб мекунам,–гуфта беҳол назди сардухтур нишаст.
Духтур ба кампир ёрӣ расонда, бо майит ба мошини ёрии таъҷилӣ савораш карданд. Рашид фарзандвор ёрирасон шуд.
Сардухтур Меҳриро вобаста кард, ки бо онҳо рафта, аз ҳоли кампир бохабар бошад.
Ба зудӣ овозаи майитро қабул накардани ду зан дар ноҳия паҳн шуд. Яке аз рӯи ҳавову ҳавас, дигаре чун тамошобин, савумӣ баҳри ширкат дар ҷаноза назди хонаи кампир ҷамъ омаданд. Ду-ду, се-се байни худ дар бораи майит сухан мекарданд. Аз мурдахона ягон овоз намебаромад. Касе намегирист…
Мошине назди мурдахона қарор гирифт. Аз он фиғонкунон хоҳари майит Холида баромад:
- Оҳ, акаи ормониам, ака, оҳ, акаи роҳгумзадаам, ака, оҳ, акаи бачадори бебачаам, ака, оҳ, акам,ҷон акам, вой ака,–гӯён менолиду менолид…
Кампири Зулхумор нолаҳои Холидаро шунида, миёнашро маҳкам баст. Нолаи талху ҷонсӯз карда, ҳар як одами омадаро «хуш омадед, ба ҷанозаи бахти аввалу охирам, ҷанозаи марди бевафоям, ҷанозаи падари фарзандони мусофири аз рӯи падар сернашудаам, ҷанозаи шавҳари сарсону саргардонам, ҷанозаи марди дузана»,–гуфта ашкҳо рехт…
Майитро тибқи расму русум дохили қабр шахси наздик бояд мемонд. Рашид ин масъулиятро бар дӯш гирифт. Ӯ майитро ба лаҳад монда, оҳиста «падарҷон, Илоҳо, охиратат чун зиндагиат сарсону саргардон набошад», гуфту ду қатра ашки сӯзон аз бари рухсораҳояш болои хоки нарм фурӯ рехт.
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА