Нигора Назарзода, муовини аввали Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, иқрор меояд, ки ҳар узви иттифоқи касаба кафили солимии худ асту ҷиҳати барқарорсозии саломатӣ ва қувваи кории хеш ҳуқуқ дорад, то аз имконоти доштаи корхона ё муассиса дар самти солимгардонӣ истифода барад. Бахусус, занон, ки думболи рӯзгордорӣ ва рушди касбияти хеш интихоби тарзи ҳаёти солимро ба худ раво надида, собиқаи зиёди меҳнатиро паси сар кардаву дар андешаи истироҳат ва саломатиашон нестанд. Ин аст, ки бо гузашти солҳо, пас аз 40–45 - солагӣ аз маризиҳои гуногун ранҷ мекашанд.
- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 34, аз соли 2017 маблағҳое, ки барои солимгардонии аъзои иттифоқи касаба дар буҷети корхонаю муассисаҳо нигоҳ дошта мешавад, дар ҳамкорӣ бо иттифоқи касаба корфармо метавонад ин маблағро барои солимгардонии корманд истифода намояд. Воқеан, аксар вақт шаҳрвандон мепурсанд, ки чӣ гуна метавон аз маблағ барои солимгардонии аъзои иттифоқи касаба истифода кард? Фоизе, ки аз маоши корманд дошта мешавад, ба суратҳисоби Федератсияи иттифоқи касаба ворид намегардад. Баъдан, дар корхона ё муассисае, ки шумори кам, 20–25 нафаранд, корфармо имкон дорад, беш аз як-ду коргарро барои тафреҳ дар давоми сол ба осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳо бо роҳхат таъмин намояд. Чаро ки фоизе, ки барои солимгардонии корманд аз маош дошта мешавад, хеле кам аст ва аз он ки аксари истироҳатгоҳҳою осоишгоҳҳо хусусианд, вобаста ба шарту шароиташон ҳар сол нархномаи роҳхатҳоро боло мебаранд, - иброз медорад мавсуф.
Ба гуфтаи Нигора Назарзода, яке аз самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон мебошад ва мебоист шаҳрвандон ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.
- Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо 11 ҳазор корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ шартномаи коллективӣ дорад ва дар вохӯриҳою чорабиниҳо бо кормандони ин коргоҳҳо эҳсос мешавад, ки аксаран шаҳрвандон дар ҳифзи ҳуқуқҳояшон беаҳамият ҳастанд. Махсусан, аз ҷониби корфармо беасос аз кор рондан, яъне поймолшавии ҳуқуқҳои коргар зиёд мушоҳида мешавад. Неруи инсониро рушд бояд дод, - мегӯяд Нигора Назарзода.
Духтари шаҳрам, валекин…
Нигора Назарзода пеш аз он ки дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба фаъолият пардозад, нахуст дар соҳаи кишоварзӣ таҷриба андӯхт ва ба кашфи навъҳои пурмаҳсули картошка муваффақ ҳам гашт…
- Таҷрибаи чӣ гуна кашф намудани навъҳои картошкаро дар Рашт гузарондам. Писаронам Амирҷон ва Абдусамад, ки ҳанӯз 6–7 сол доштанд, ҳамроҳам дар он саҳрои паҳнои картошкапарварӣ буданд. Дигар илоҷ ҳам набуд, чаро ки кори оғознамударо сомон бояд дод, - ёд аз он вақт мекунад ҳамсуҳбатам.
Агарчи аксар маврид волидон дар интихоби пеша фарзандонро раҳнамун бошанд, Нигора бидуни чашмдошт пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 шаҳри Душанбе давом додани таҳсилро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур пазируфт. Ӯ кайҳо муҳаббати касби ояндаашро ба дил ҷой дода буд.
- Бобоям дар ҷодаи кишоварзӣ дар Даштиҷум ҳамто надошт ва аслан шуғли асосиаш картошкапарварӣ буд. Аз он ки самараи заҳматаш ба чашми ҳамдеҳагонаш бештар менамуд, давраи ҳосилғундорӣ номи бобоям вирди забони мардум мегашт. Аз таҷрибааш омӯхтан мехостанд, аз ӯ барои соли баъдина барои киштукор маслиҳат мепурсиданд. Замони фориғ аз таҳсил муддати се моҳ бо бобои деҳқонам, ба гуфтае дар сари замин рӯзҳоро пушти сар мекардам. Ҳамин буд, ки меҳри замин дар дилам ҷо гирифт ва боиси иқдом намуданам барои таҳсил дар донишкадаи аграрӣ гардид, - иқрор меояд Нигора Назарзода.
Дар роҳи илм
Ӯ соли 1999 бо ихтисоси олим - агроном донишгоҳи мазкурро бомуваффақият ба итмом расонд. Замони донишҷӯӣ бо саводи комил ва таҷрибаандӯзиаш тафовут аз ҳамсабақон дошт, ки саъю талошҳояш дар самти андӯхтани илми кишоварзӣ аз назари устодонаш дур намонд. Нигораро ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ нигоҳ доштанд.
- Боварии устодон эътимодамро ба ояндаам бештар намуд. Дар симои онҳо такягоҳ дарёфтам ва вуҷудамро дар такмил додани донишу малака дар ҷодаи илм гӯиё қувваю неруи фавқулодае фаро гирифт. Ҳамин буд, ки бо дастгирӣ ва тавсияи устодон Салимзода Амонулло, Абдуҷаббор Раҳмонов ва Қурбон Алиев ба корҳои тадқиқотӣ машғул шуда, то ҷое дар риштаи илм мавқеи хешро пайдо намудам, - бо сипос аз устодон иброз медорад Нигора Назарзода.
Роҳ пӯйидан дар ҷодаи илм барои як бонуе, ки мебоист рисолати ҳамсарӣ ва модариро сомон диҳад, осон набуд. Нигора Назарзода иқрор меояд, ки аслан рисолаҳои илмиашро замони дар рухсатӣ буданаш барои нигоҳубини дугоникҳояш, Фотима ва Зӯҳро навиштааст. Сипас ба хотири такмили дониш ва муваффақ гаштан дар роҳи илм ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба кор омад ва муддате ба ҳайси ходими илмӣ дар кафедраи физиологияи растанӣ ва генетика ба фаъолият пардохт. Дар ин муддат соҳиби унвонҳои номзади илмҳои биология ва доктори илмҳои кишоварзӣ гардид.
- Аз он ки раҳпӯйи ҷодаи илмам, мехоҳам донишу таҷрибаи андӯхтаамро ба ҷавонон омӯзонам, аз ин рӯ, ғайр аз он вазифаи роҳбариро дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дорам, боз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шогирдон аз фанни биоинформатика ва биологияи молекулавӣ дарс мегӯям. Чаро ки волидони омӯзгорам дар сириштам меҳри ин пешаро низ ҷой намудаанд. - иқрор меояд муаллима.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО