06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОЗАНИГОР

Инак, тӯли ним аср аст, ки ин бону сапедадам ба кор мешитобад. Чиҳил дақиқа пиёда роҳ мепаймояд, то соати 5 ба коргоҳ ҳозир шавад. Имрӯз ҳам, чун ҳарвақта дар кӯчаҳои орому чароғони шаҳр қадам зада, хотираҳои солҳои пешинро ба ёд меорад. Замоне аввалин бор аз ноҳияи Ванҷ ба пойтахт омаду азми донишҷӯ шуданро кард, вале аз натоиҷи имтиҳонот ноумеду ноком ба зодгоҳ баргашт. Дар ин росто, хостгорон аз пойтахт дари онҳоро кӯфтанду бад-ин тариқ, базми арӯсиаш барпо ва озими шаҳр шуд. Ҳафт фарзанди падар таҳсилдидаи макотиби олӣ гардиданду орзуи пешаи ҳисобдорӣ дар дили духтарак ормонӣ монд…

-Салом, апаи Ҷавлонбӣ,–гӯён посбони бинои «Шарқи озод» ба ӯ хитоб кард ва аз қайди андешаҳояш ба ҳастӣ рӯ овард. «Алайк» гуфту сӯи анҷомгоҳи хеш рафт. Хилъати корӣ ба бар карда, об ба сатил гирифту латтаро намнок намуду рӯи пайкора партофт. Ба ин тариқ, рӯзи кории Ҷавлонбӣ Қувватова оғоз шуд. Муддати зиёд ба пок кардани гарду гиландудаҳои рӯи фарш андармон шуд. Дас­тони шахшӯл, вале ҳамоно пурқуввати хола бозгӯ аз меҳнатдӯстии ӯст. Моҳирона ба кор андохтани пайкора далели он аст, ки ин бону муддати зиёд ба ин шуғл даст дораду бо заҳмати ҳалол нон ёфтаасту ном. Ин коргоҳро чун зистгоҳи хеш дӯст доштаасту мардумашро ба худ қарин медонад.

- Ҳар субҳ фараҳманд ба коргоҳ мешитобам ва медонам, ки дар он ҷо ман шахси заруриям. Баробари ба бино наздик шудан, дилам кушода мешавад, мисли рӯ тофтани офтоб аз паси абрҳо. Ин ҷо одамони хубу накукор зиёданд, аз ҳолу тансиҳатиям пурсон мешаванд ва ҳамин басанда аст, ки худро хушбахт ҳисобаму шукр гӯям,–иброз дошт холаи Ҷавлонбӣ.

Дар ин бино пиру барно ӯро мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. 15 сол боз ба тозаву покиза кардани чопхонаи рӯзномаҳо шуғл дораду баъди итмоми корҳо сӯи гулҳо рӯ меорад. Зебоиву оростагиро дӯст медорад ва ба гулҳои ҳамешасабзи хонагӣ об медиҳад, гарди рӯи баргҳошонро пок карда, бо онҳо гӯё дар гуфтугӯ меояд.

Агарчи ба назар сомон додани тозагиву покизагии атроф саҳл намояд, корест, басо неруталаб ва дар ҳолати истифодаи нодуруст аз воситаҳои тамйизгардонӣ ба саломатӣ хатаровар. Ӯ тартиботи дохилии коргоҳро ба хубӣ аз худ кардаву ҳини бо маҳлулҳои тамйизкунанда кор гирифтан пӯшидани дастпӯшҳо ва пойпӯшҳои махсусро ба ҷо меорад.

- Ҳангоми поккорӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ низ басо муҳим аст. Кӯшиш мебояд, то абзори барқии фаъол аз тариву намӣ дур бошад, маводи сӯхти оташангезро низ набояд дар тозанигорӣ ба кор бурд,–иброз намуд Ҷавлонбӣ Қувватова.

Дар иду арафа, ҷашнвораҳо бо кумакпулиҳо низ қадрдонӣ мегардад. Бар он назар аст, ки агар инсон шукргузор бошаду қаноатпеша, баракату бароаташ зиёд хоҳад гашт. Ин гуфтаро ба фарзандону арӯсони хонаводааш пайваста ёдрас менамояд. Тавонистааст, ки оилаи солим созаду дар ҳалли мушкилиҳо аз раҳнамоиву машварати шавҳар баҳравар. Ҳамроҳ бо ҳамсафари ҳаёт 4 писарро тарбия карда, ба воя расонд ва дуи онҳоро соҳибтаҳсил намуд. Имрӯз дар хонаводаи онҳо 4 писару 4 келин ва 6 набера ба сар мебаранд. Иқрор меояд, ки бисёриҳо зери як бом ҳамзистии чанд оиларо дида, бо тааҷҷуб мепурсанд, ки магар миёни онҳо ихтилофе сар намезанад? Дар ҷавоб ӯ мегӯяд:

- На, ин аз бузургони хонавода вобастагӣ дорад. Ба аҳли хонавода ба дурустӣ ва аз рӯи адл мебояд рафтор кард. Агар иштибоҳе аз ҷониби онҳо сар занад, модарвор нодурустии амалашонро шарҳ медиҳам ва ба раҳи дуруст ҳидоят менамоям.

Ба арӯсони хонавода маслиҳат додааст, ки корҳои хоҷагиро миёни худ ба рӯзҳо тақсим намоянд, то ҳар кадоме то се рӯз вақти фориғ ёбанду онро ба тафреҳ ва дидорбинии наздикони хеш бахшанд. Бо тасмимҳои оқилонаи худ мекӯшад, то фазои дӯстиву ҳамдилии хонаводаро фароҳам оварад.

- Шукри сулҳу оромии кишвар, ки нимашабҳо дар кӯчаҳои шаҳр бо дилпурӣ қадам мезанам. Шабҳо мисли рӯз равшан асту рӯзаш бошад, мисли биҳишт зебост,–иброз медорад апаи Ҷавлонбӣ.

МЕҲРОНА

:.  Аз ҳар боб 01.02.2019 09:08 1323

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz