Дар иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилоят мегӯянд, ки то ҳол мисли ӯ мудири бахши кадрҳо пайдо накардаанд. Аз соли 2014 ба тариқи озмун ҳамчун мутахассиси бахши кадрҳои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пазируфта шуда, ба қавли ҳамкорон вазифаашро хуб иҷро мекунад. Дар бинои 27 А-и маҳаллаи «Тиллокон» (маҳаллаи 12-ум) раис аст ва аксари 54 хонаводаи ин иморати зист аз кори ҷамъиятии ӯ розиву миннатдоранд. Ин шунидаҳо моро ба суҳбати ӯ таҳрик доданд.
- Шумо ҳам хеле касбҳо доштаед. Хуб мешуд, ки суҳбатамонро аз оғоз, аз солҳои бачагию мактабхониятон сар кунем.
- 23-юми августи соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаам. Падарам шодравон Ваҳҳоб Ғаниев ошпази номӣ буд. Модарам Саломат Иноятовнаи 70-сола тамоми умр дорусоз буданду моҳи майи ҳамин сол ба нафақа баромаданд ва ҳоло ҳамроҳи ман зиндагӣ мекунанд. Дар ташаккули шахсияти ман тағоям Икром Қурбонов ва ҳамсари он кас Тамара Абдушукурова, ки ҳар ду ҳам солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон вазир буданд, саҳм доранд. Хондани китобу маҷалла ва рӯзномаҳоро хеле дӯст медоштам ва соли 1987 баъди хатми мактаби миёнаи № 12 ба китобхонаи шаҳрӣ ба кор омадам ва доираи мутолиаам хеле васеъ шуд. Бо тавсияи шуъбаи фарҳанги шаҳр соли 1988 ба шуъбаи китобдории омӯзишгоҳи мусиқавии ба номи Содирхон Ҳофиз (ҳозир коллеҷ шудааст) дохил гардидаму онро соли 1990 хатм намудам ва фаъолиятро дар китобхонаи шаҳрӣ чун мудири филиалҳои 1-уму 4-ум ва баъдан солҳои 1992–1993 дар китобхонаи вилоятӣ давом додам. Сипас 6 сол телефончии идораи алоқаи шаҳри Хуҷанд будам.
- Мегӯянд, ки ҳангоми ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев Шуморо гаравгон гирифта будаанд. Ин рост аст?
- Оре. Субҳи он рӯз аз хонаамон, ки дар мавзеи Панҷшанбе буд, ба таври маъмулӣ ба ҷойи корам – идораи почта роҳ пеш гирифтам. Дар гардиши Кооператор роҳҳо баста буданд. Шахсони мусаллаҳи ришдор мошинҳоро истод дода, одамонро мефуроварданд ва баъди пурсуҷӯву кофтукоб ба бинои раёсати корҳои дохилии вилоят мебурданд. Маро ҳам, ки бо онҳо каме сари баҳс омадам ва гуфтам, ки телефончӣ ҳастаму бояд ба кор равам, он ҷо бурданд. Бинам, ки додарамро ҳам аз мошинаш фуроварда, бурда истодаанд. Гуфтам, ки ӯ гуноҳе надорад. Озодаш кунед. Чун ҳуҷҷатҳояшро гирифта буданд, аз ман ному насабу санаи таваллуди додарамро пурсиданд. Ман ҷавоб додам, ки рост баромад. Ӯро раҳо карданд. Сипас яке аз калонҳояшон бо ман суҳбат карда, аз кору борам пурсон шуд. Чун донист, ки дар шуъбаи алоқаи байнишаҳрӣ кор мекунам, гуфт: «Мо ҳукуматро мегирем ва ту ба мо хизмат мекунӣ, ҳозир одамони мо туро ба корхонаат мебаранд. Ба ҳама мегӯӣ, ки Маҳмуд Худойбердиев ҳукуматро гирифтааст». Ду нафар маро ба мошин шинонданду то бинои ҳозираи Қасри ҷавонон оварданд. Маҷбур карданд, ки ба пасам нигоҳ накарда, гаваккашон то корхонаамон, ки 150–200 метр масофа дорад, равам. Азбаски Қалъаи Хуҷанд ҳам дар наздикии бинои почта аст, тирпарронии шадид давом дошт. Дар атроф ҷасадҳо ва маҷруҳон ҳам ба назар мерасиданд. Ман гавак мекашидаму маҷоли ба қафо нигаристан надоштам. Ҳар лаҳза аз пеш ё пас ҳадафи тир шудан имконпазир буд. Нигоҳдоранда нигоҳам дошт, ки ба назди бино расидам ва бо дасту зонувони хуншор ба ҷои кор ҳозир шудаму бастро қабул кардам. Ба роҳбарон ва коргарон ҳақиқати ҳолро гуфтам. Ҳама, ки дигар аз идора баромада наметавонистанд, бе ҳангомаю овоза гуфтанд, ки ҳукумат дар ду – се рӯз ин роҳзанҳоро шикаст медиҳад ва зиндагӣ боз орому осуда мешавад.
- Ва дар ҳамон шароит кор мекардед?
- «07», ки алоқаи мустақим асту яке аз масъулонаш ман ба шумор мерафтам, гарму доғ буд. Чун он солҳо телефонҳои мобилӣ набуданд, роҳбарони вилоят ҳар дақиқа бо пойтахт ва нуқтаҳои доғ дар тамос мешуданд. Аз вазъият воқиф мегардиданд, супоришҳо мегирифтанду дастур медоданд. Тӯли се шабонарӯз коргарони мо, ки аксарашон духтарон буданд, аз бино берун нарафтанд ва дар ҳолатҳои тирборони сахт ба таҳхонаи бино мефуромаданд. Маҳз он рӯзҳои душвор дӯстию рафоқати байни ҳамкорон қавитар гардид ва мо, собиқ ҳамкорон – Сулҳия Муъминова, Светлана Аиткулова, Ирина Версякина, Шарафнисо Турсунова, Светлана Адамович, Матлуба Қаюмова ва дигарон сари чанд вақт, хусусан дар 7-уми май, ки Рӯзи радио ва алоқа аст, сари мизи идона ҷамъ мешавем ва гузаштаҳои талху ширинро ёдоварӣ мекунем.
- Хизматҳои Шумою ҳамкасбонатон дар он рӯзҳои мудҳиш оё сазовор қадр шуданд?
- Ростӣ, мо кори муқаррарии худро иҷро мекардем ва барои хизмат ба Ватани маҳбуб подоше интизор набудем. Аммо, роҳбарияти вақти вилоят хизматҳои моро сазовор қадр карданд. Аз ҷумла, ман маҳз бо дастгирии роҳбарияти вилоят солҳои 2006–2011 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғоибона таҳсил карда, таҳсилоти олӣ гирифтам.
- Сабаби аз идораи алоқа рафтанатон чӣ буд?
- Ҳаёт рӯз ба рӯз пеш меравад ва техникаву технологияи нав рӯи кор меоянд. Рушди алоқаи мобилӣ ҷои тамоси маъмулиро танг кард ва мо ихтисор шудем. Аз соли 1999 то соли 2002 дар шуъбаи абонентии китобхонаи вилоятӣ, солҳои 2002–2005 дар идораи хоҷагии ҷангали вилоят, солҳои 2005–2014 дар Коллеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофиз кор кардам. Аз соли 2014 ба тариқи озмун дар вазифаи ҳозираам заҳмат мекашам.
- Моҳияти ин вазифа аз чӣ иборат аст?
- Ташкили озмуни қабули кормандони нав, таҳияи парвандаҳои шахсӣ, омодасозии фармоишоти рухсатӣ, табелсозӣ ва ғайраҳо. Умуман, дар раёсати вилоятии мо 225 нафар хизматчии давлатӣ, 85 нафар корманди техникӣ кор мекунанд, ки ҳадафи аслияшон сари вақт ҳисобу китоб кардани нафақа мебошад. Бо мақсади осон намудани хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ роҳандозӣ шудаанд.
Хуллас, Гулнора Ғаниеваро бонуе комёб дарёфтам, ки бархӯрдор аз фазои сулҳу суботу ваҳдат хушу хуррам ба сар мебарад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд