- Чӣ ҷаззобияте ин шаҳрвандонро ба саёҳати Тоҷикистон таҳрику ташвиқ намуда? Маҳз аз ин пурсиш суҳбати мо бо устоди кафедраи биоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Рамзия Назарбекова шурӯъ шуд.
-Бештари шаҳрвандони Аврупо ва Амрикову кишварҳои тараққикардаи Осиёро аз тамошои манзараҳои зебои серодаму пурғалоғулаи фароғатгоҳҳои лаби баҳр ва ҳуталҳои «панҷситорадор», эҳсоси хастагӣ гирифта, ин аст, ки онҳо солҳои ахир ғолибан ба саёҳату тамошои табиати дастнохӯрда рӯ меоранд. Дар ин замина табиати биҳиштосо, фарҳангу ҳунари бостонии мардум чун макони сайёҳии экологӣ таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб месозад. Ба гуфти коршиносон ва ҷаҳонгардон Тоҷикистон ба яке аз беҳтарин минтақаҳои сайёҳии экологӣ табдил хоҳад ёфт. Бори савум қаторкӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба феҳристи «100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон» шомил гардида, бо рушди ҷабҳаҳои гуногуни зидахл мақоми ҷумҳуриамон дар шуҳратзинаи кишварҳои ҷолиб барои ҷаҳонгардӣ ба маротиб боло рафтааст. Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳа такони бузург бахшид.
- Рушди сайёҳии экологӣ чӣ бартарӣ дорад?
- Сайёҳии экологиро сайёҳии устувор меноманд. Он тахриби захоири табиӣ ва экосистемаи маҳалро истисно мекунад. Таъйиноти чунин сайёҳӣ ба барқарорсозӣ ва ҳифзи муҳити табиӣ нигаронда шудааст. Сайёҳии экологӣ аз сокинони маҳал ва сайёҳон фарҳанги муштараки баланди муносибат ба муҳити зистро тақозо мекунад. Бубинед, фароғатгоҳҳои зиёди ҷаҳонӣ, ки дар лаби баҳр доман густурдаанд, дар баробари даромад пайомади манфиро низ ба таркиб доранд. Мушкилоти ҷамъ омадани партовҳои зиёди пластикӣ, таъсири корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист зарари ҷиддӣ меоранд. Ба маконҳои сайёҳии Тоҷикистон бошад, ҳанӯз чунин хатари экологӣ таҳдид наменамояд. Ҳангоме ки сайёҳон эҳтиром ва муносибати дилсӯзонаи сокинони маҳаллиро ба муҳити зист мебинанд, онро қадр мекунанд ва бо чунин тарз ба сарватҳои табиӣ муносибат мекунанд. Рушди сайёҳӣ дар кишварамон бояд бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои экологӣ сурат бигирад.
- Шумо дар заминаи мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» оид ба ташкили мониторинги сайёҳии экологӣ пажӯҳиш анҷом додаед. Чаро маҳз ин мамнӯъгоҳро интихоб намудед?
- «Зоркӯл», ки яке аз мавзеъҳои ҷолиби табиии Помир ба шумор меравад, зиёда аз 87,7 ҳазор гектар масоҳатро дар бар гирифта, омӯзиши он аз арзиши баланди илмӣ ва зистшиносӣ бархӯрдор аст. Мамнӯъгоҳ дар иртифои 4100–4200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст ва баландтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Мамнӯъгоҳ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар ҳолати табиӣ ҳифз намудани саршумори намудҳои олами набототу ҳайвоноти барои ҳамин минтақа хос ташкил гардид.
Дар вусъати мамнӯъгоҳ намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла гӯсфанду бузи кӯҳӣ, харгӯш-толай, суғури сурхи думдароз, гург, рӯбоҳ, қоқум, муши даштии нуқрамӯй, миримушони хокистарранг, хояндаи гӯшкалон ва бабри барфӣ ба сар мебаранд. Гурги сурх, гӯсфанди кӯҳӣ, бабри барфӣ, қоқум, хирси бур ва силовсин шомили «Китоби сурх»-и кишвар гардидаанд.
Дар гирду атрофи кӯл села-села парандаҳои мавсимӣ барои истироҳат ва ғизогирӣ ҷамъ меоянд. Дар ҷазирачаҳои сершумори кӯл ғози ҳиндӣ, ки онро «Маликаи Зоркӯл» ҳам меноманд, тухм гузошта, дар охири моҳи июн насл меорад.
Табиати мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» барои рушди самараноки сайёҳии экологӣ захираҳои нодир дорад. Ҳудуди мамнӯъгоҳ бо гуногунрангии биологӣ, мавҷудияти намудҳои ҳайвоноту набототи нодир, маҷмӯи беҳамтои экосистемаи кӯҳ ва мероси ғании экологӣ ва таърихиву фарҳангӣ фарқ мекунад. Захираҳои табиӣ-рекреатсионии мамнӯъгоҳ барои равнақ додани самтҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва маърифатӣ мувофиқанд.
Синамогарони ватаниву хориҷӣ дар ин ҷо оид ба зиндагии бабри барфӣ ва намудҳои дигари ҳайвоноти ваҳшӣ филмҳои мустанад низ таҳия намудаанд.
- Барои ҳифзи экосистемаи табиати нодири кишвар кадом тадбирҳоро бояд рӯи кор овард?
-Маълум, зимни ба роҳ мондани фаъолияти сайёҳӣ дар мамнӯъгоҳҳо, Боғи миллӣ ва дигар маконҳои нодири сайёҳӣ, баробари таъсироти мусбат ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, сар задани омилҳои хатаровари экологӣ низ эҳтимол доранд. Ба инобат нагирифтани хатарҳои эҳтимолӣ вобаста ба рушди фаъолияти туристӣ-рекреатсионӣ дар мавзеи мамнӯъгоҳ ва сари вақт пешгирӣ накардани онҳо, метавонад ба экосистемаи табиат, ҳаёт ва фаъолияти мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон, пайомадҳои ногуворро барангезад.
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти самараноки сайёҳӣ-рекреатсионӣ дар маконҳои нодири сайёҳии кишвар бояд гурӯҳи мониторинги сайёҳӣ ташкил шаванд, то дар ҳамкорӣ бо маъмурият оид ба ҳолати мавзеъҳо ва осебпазирии онҳо маълумоти кофӣ ба даст ояд. Натиҷаҳои илмӣ ва таҷрибавиро барои беҳбудии вазъи экологӣ бояд истифода бурд.
Дар мисоли «Зоркӯл» дидан мумкин аст, ки, агар пештар гирду атрофи кӯл аз чарогоҳҳои мавзеъҳои дигар фарқ намекарду шикори моҳӣ ва ҳатто ба даст овардани тухми нодири «Маликаи Зоркӯл» ба хотири ғизо аз ҷониби сокинон ва роҳгузарон ҳодисаи муқаррарӣ ҳисоб мешуд, бо таъсиси мамнӯъгоҳ ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ муносибати мардуми маҳал ба ҷиҳати мусбат тағйир хӯрд. Сайёҳии экологӣ на фақат даромад аз манобеи фаровони табиист, балки истифодаи як қисми онро барои ҳифз ва барқарорсозии сарватҳои табиӣ дар назар дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва сокинони маҳал беҳу болотар дарк мекунанд, ки инсон барои ҳифзи офаридаи шигифтангези Худованд масъул аст.
Мусоҳиб
М. САИД