Хонаи бечораҳолонаи падар, нуҳ хоҳару бародар, шиками нимсер ва либосҳои куҳнаи апаҳо, баъди дарс то шом дар саҳро кор карданашро ба ёд овард. Зеби дастархонашон як табақи чӯбин, ки аҳли хонадон аксар вақт дар он шакароб мехӯрданд, як чойники оҳанин ва 5- 6 пиёла буд, ки ҳам падару модар ва ҳам хоҳару бародарон навбатакӣ чой менӯшиданд.
Олуфта аз рӯзе, ки каму беш ба дарки мушкилоти рӯзгор қобил шуд, ҳаваси ҳиҷрати шаҳру тамдиди таҳсилот дар ӯ чира мешуд ва қасдаш аз ин дарёфти мақому мансаби рӯғанӣ буду шӯи пулёб. Ҳамсони шаҳриҳо дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунад, дар тарабхона ғизои шом- сихкабобу тандуркабобу гули ғизоҳоро мехӯрад. Аммо, ба мактаби олӣ дохил нашуд, ҷои кори маъқул ҳам наёфт, бо духтарони тардоман даромехту на ба ҳавлии падар баргашту на муқими шаҳр гардид.
Аз ҳамболинӣ бо мизоҷони пулмаст меболиду худро дар самои дигар меангошт. Ифтихор мекард, ки мардуми розошно гоҳи рӯ ба рӯ омадан онҳоро «шабпарак» меномиданд. Ҳар гоҳе барои қабули мизоҷи навбатӣ ва ё ба назди ӯ рафтан дар назди оина менишасту худро орову торо медод, аз ҳусни худододаш меболиду мешукуфт. Аз оинаи барқад зебонигоре бо табассуми латифи ба худаш зебанда ба ӯ менигарист, ки қомате дошт, чун сарв сиҳӣ, чашмоне мисли олуи пухта, лабҳое ҳамсони ғунчаи гули ношукуфта, миҷгонҳои дарози то абрувон расидаву ба боло хамида, мӯйҳои ҷингилаи ҷодувона басо зебо ороёфта, як қабзаи мӯй чун занҷира, ҳамоил ба як бари рӯяш. Дугонаву «ҳамкоронаш» ба ӯ менигаристанду баъзан аз ҳасад, баъзан аз сари сидқ ба лаҳни насиҳату гоҳе сарзанишу накуҳиш мегуфтанд:
– Олуфта, ба Худо, ба ҳамсарии шоҳ меарзӣ, аммо… Афсӯс, сад афсӯс, ки дар сад сол ягон мард моро ҳамчун зани қонунӣ эътироф намекунад. Танҳо ба қасди айшафрӯзӣ барои суроғи мо меоянд, аммо барои соҳиби хонааш, модари фарзандаш шудан, ҳеҷ гоҳ!
Олуфта ин лаҳзаҳоро ба хотир оварда, оҳи амиқе аз дили пурдардаш бароварду боз ашки яъсу навмедиро аз гунаҳояш тоза намуд. Ҷавоне, ки вазифаи миёнаравиро иҷро мекард, бо маблағи ночизе куртаҳои ҳаррангаи бо муҳраҳо орододаро харида, ба Олуфта ва «ҳамкоронаш» пӯшонда буд. Шабҳо дар рӯшании чароғҳои канори роҳ бо ҷилои муҳраҳои куртаашон мизоҷонро маҷзуби худ менамуданд. Карашмаву хирому дурахши чашмҳои зебо башорат аз он медод, ки ту гуфтӣ ба чизе эҳтиёҷ надоранду шодкому озодному масруранд.
Бо «мизоҷ»- ҳои ҳархела вомехӯрд: яке дасткушод буду сахӣ, дигаре мумсику мурдаи бехосият, сеюмӣ бадқаҳру ҷоҳил… Рӯзе «мизоҷ»-и навбатӣ марди дурушту дағалу зишт баромад: дасту пои Олуфтаро баста, бо миёнбанди чарминаш то беҳушӣ ӯро зери латукӯб кашид. Бечора духтар ду ҳафта захмҳои баданашро табобат карду аз ноомади кор, имрӯз, ки баъди дуруст шудан бори нахуст ба «шикор» баромада буд, дар амалиёти навбатии кормандони милитсия ба чанг афтод. Як гурӯҳ «шабпарак»-ҳоро ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд.
– Апаи Олуфта! Ба чашмонам бовар намекунам, шумо дар ҳалқаи фоҳишаҳо? – гуфтани милитсионери ҷавон Олуфтаро ба худ овард.
Ӯро шинохт: Ғайратшоҳ, писари муаллиме аз деҳаашон буд. Осмон ба сараш фурӯ рафт. Кундаву карахту лол гашт. Сараш чарх зад: «Худоё, анде ҷонамро биситон, аламон аз шармандагӣ! Ҳай дареғи падару модар, ки бо фахр «духтари мо донишҷӯ» гуфта, ба ҳамсояҳо қисса мекунанд. Ман сияҳрӯи ду олам шудам. Агар волидайн шунаванд, ба ин шармандагӣ тоб меоварда бошанд? Бечора падарам дигар ба масҷид рафта, намозашро хонда метавониста бошад? Модари муштипарам - чӣ? Ӯро ҳатто ба маъракаи гаҳворабандон даъват нахоҳанд кард, талбанд ҳам, наметавонад рафт. Барои хоҳаронам касе ба хостгорӣ намеояд. Ба бародаронам низ духтар додани ҳамдеҳагон дар гумон аст. Касе аз хонаи мо нони худоӣ намехӯрад, чунки ман, фарзанди ин хонадон, фоҳиша ҳастаму бо танфурӯшӣ рӯз мебарам. Рӯят сиёҳ, Олуфтаи олуда!!!»
Ин ҳама андешаро дар як чашмзад гузаронд. Охир, он ҷо шаҳр нест, ки ҳамсояатро нашиносӣ. Он ҷоро деҳа мегӯянду духтари ҳамсоя чи ки ҳатто, сагашро мешиносӣ. Ба нигоҳи маҳкумкунандаи Ғайратшоҳ тоб наовард. Бо домони куртаи танги кӯтоҳаш бо азоб зонувони бараҳнаашро панаҳ кард. Мӯйҳои парешону ба таври худ оро додаашро, ки дар болои сараш лонаи парандагонро мемонд, хост ба тартиб дарорад. Натавонист. Аз ҳар ду бари рӯ мӯйҳои ҷингилаи чун шаби тор сиёҳаш бетартиб ба поин ҳамоил шуда, китфҳояшро пӯшонда буданд. Пеши бари кушодаашро, ки аз он хати байни синаҳои дамидааш аён мешуд, хост бо кафи даст пинҳон кунад, аммо…
Оби дида беихтиёр аз чашмони рангмолидааш мерехту дар чеҳраи сап-сафедаш бо ҷӯяҳои сиёҳ осори безеб мегузошт. Қатраҳои ашки сӯзону ранголуд аз рухсораҳояш шорида, пеши барашро низ сиёҳ карданд. Сиёҳ… сиёҳтар аз шаби тор, тиратар аз қисмати ноҷур, мудҳиштар аз он рӯзи шуме, ки деҳаи азизашро тарк гуфта буд…
Дар ин лаҳзаҳо Олуфта мехост, ки бол кушода, ба ҳавлии фақиронаи падар, ба деҳаашон, парвоз намояд ва дар он ҷо, дар пушти девори гилини бобоӣ, шояд аз ин шармандагӣ паноҳанда тавонад будан?! Оё падару модар ин гуноҳи ӯро мебахшида бошанд? Кош қаноат мекард ба ҳамон шакаробе, ки модар аз шибиту райҳону пудина, гашничу чакаву қаланфур, ки дар табақи чӯбин кӯфта, бо нони гарми аз орди осиёбӣ пухтааш тайёр мекард? Бомаза буд, чунки аҳли хонадон бо хандаю шӯхӣ, дар паҳлуи волидайн нишаста, нӯши ҷон мекарданд. Розӣ мешуд, фақат бо баргҳои ӯсмаи тар, ки ҳар баҳор бечора падараш пал мекашиду тухми онро ба замин пошида, бо меҳр мегуфт:
– Барои духтаронам ӯсма мекорам, то абрӯвонашонро об диҳанд, зебо шаванд…
Мехост фирор кунад аз ин дунё, пеш аз ҳама, гурез намояд аз худ, аз худе, ки барои худ бегона шуда буд…
«Эҳ, кош падар маро бубахшаду ба бозгаштанам розӣ шавад…» Аз фикрҳои сарбаста сараш чарх зад, пардаи сиёҳе пеши чашмонашро гирифт. Худро нигоҳ дошта натавонист, аз ҳуш рафт ва дар назди пои Ғайратшоҳ ба рӯи фарши сементии хунук афтид…
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА