Ноумед нашавед
Ноумедӣ- душмани рақами якуми муваффақиятҳои шумост. Аз ин рӯ, шуморо лозим аст, ки ноумедиро фавран аз худ дур намоед. Муҳимтар аз ҳама болои қобилияту истеъдодҳои худоди худ кор намоед. Олимон мегӯянд, ки инсон танҳо тақрибан 10 фоизи иқтидори мавҷудаи маҳорати хешро истифода менамояд. Шумо ҳади ақал 90 дарсади имкониятҳоеро доро мебошад, ки мебояд барои ба ҳадаф расидан камари ҳиммат бубандед. Дар сурати дуруст истифода бурдан, шумо қадам ба қадам ба музаффарияту пешрафт ноил мегардед.
Афтидан-роҳи дигари муваффақият
Бисёре аз ихтироъкунандагону истеҳсолкунандагон, аксар вақт ба хатоӣ роҳ медиҳанд, аммо бори дигар барои расидан ба мақсади хеш кӯшиш менамоянд. Ин, дар навбати худ, сабаби муваффақият мегардад. Агар шумо якчанд маротиба ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудед, ҳанӯз маънои онро надорад, ки ҳеҷ гоҳ ба пирӯзӣ намерасед. Дар натиҷаи уфтану хестанҳо хатои худро дарк кардаву пайи ислоҳ мешавед ва дар ниҳоят ғолиб меоед. Эҳтимол ҳамин нокомӣ барои шумо таҷрибаву малакаро меомӯзонад ва дар оянда аз нокомиҳо ба зудӣ баромаданро меомӯзед. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: «Мурча барои расидан ба ҳадафи хеш 99 маротиба кӯшиш мекунад ва дар дафъаи садум ба он ноил мегардад».
Санъати идоракунии вақт
Вақт ҳеҷ гоҳ ба қафо бар намегардад. Пас, кӯшиш кунед, то аз ҳар лаҳзаи умр фоида ба даст оред. Аз зое гузаронидани вақт парҳез кунед! Вақт хазинаи муваффақиятҳост, танҳо дар сурате, ки аз ҳар дақиқааш сарфакорона истифода баред. Маҳз дар ин сурат, шумо лаззати вақтро мефаҳмед.
Қабули қарорҳои дуруст
Қарори нодуруст- яке аз омилҳои муҳими номуваффақӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, пеш аз он ки сари қароре иктифо мекунед, дуру дароз фикр намуда, ҳамаҷониба онро баррасӣ намоед ва вақту соати муносибро муайян карда, қарори дуруст қабул намоед. Қойидаи муҳимро фаромӯш накунед, ки мегӯянд: «Роҳи кӯтоҳтарин байни ду нуқта-хати рост аст».
Чизҳои хурдро бо чашми кам набинед
Ҳеҷ гоҳ масъалаҳои хурдро камарзиш нашуморед. Баъзан бо як каме фикр метавон мушкилоти бузургро ҳал кард. Аз ин рӯ, чӣ қадаре, ки мушкилӣ хурд намояд, кушоиши роҳи ҳали он осон бувад. Танҳо бо як шарт: Боварӣ дошта бошед, ки муаммоҳои сарбаста ҳама вақт роҳи ҳали хешро доранд. Дар ин сурат, зуд кори шумо барор мегираду мушкилӣ бартараф. Муҳимтар аз ҳама, ба саросемагӣ роҳ надода, дуруст бояд фикр кард.
Муҳимияти қадами аввал
Сайёҳати дуру дароз дар дунё низ аз қадами аввал оғоз меёбад. Агар шумо ин қадами худро нагузоред, ба охири роҳ намерасед. Барои ноил шудан ба мақсади гузоштаатон, кори муҳим ин гузоштани қадами аввал ва ба ақиб бар нагаштан аст. Дар ин сурат, қадамҳои дигари муваффақият худашон аз пайи шумо меоянд. Муҳим он аст, ки ин қадами аввалро тарк накунед. Яке аз омилҳои муҳими муваффақият ин қадами якум аст.
Мақсади дуруст - калиди муваффақият
Агар шумо ҳадаф надошта бошед, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳед шуд. Дақиқ намудани мақсад ин ноил шудан ба ҳадаф аст. Пас, шуморо зарур аст, як як рӯйхати мақсадҳоеро, амалӣ шудани онро мехоҳед, тартиб диҳед. Баъд аз он роҳҳои расидан ба онҳро ҷустуҷӯ намуда, сари мақсадҳо кор намоед. Он гоҳ ба мақсадҳои хеш мерасед.
Ростгӯӣ
Агар шумо мехоҳед, ки муваффақият ёратон бошаду корҳоятон омад кунад, ростқавлиро шиори худ намоед. Дар баробари ин, ҳурмати дигаронро низ ба ҷо биоред. Он гоҳ шумо эҳтиром ва боварии атрофиёнро ба даст меоред. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳар калиме, ки шумо мегӯед, дуруст аст ва онро бисанҷед. Дониста бошед, ки ростгӯӣ яке аз роҳҳои музаффарият ва ноил шудан ба дараҷаи роҳбарист.
Вазъият ва эҳсосоти худро идора кунед
Яке аз омилҳои муҳим дар муваффақият-ин идора кардани вазъият ва эҳсосот мебошад. Агар шумо ин корро накунед, ҳолатҳои мавҷуда метавонад шуморо ташвиш диҳад ва ба шумо осеб расонад. Аз ин рӯ, эҳсосот ва асабонияти худро назорат намоед. Барои муваффақ шудан, вақт ва имкониятҳои мувоффиқ пайдо кунед. Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки мабодо ба нобарориву нокомӣ рӯ ба рӯ шавам.
Кор кунед
Кор кардан яке аз роҳҳои муҳимтарини муваффақ шудан ба ҳадафҳо мебошад. Инсонҳои муваффақ мегӯянд, ки 95 фоизи барору комёбиҳояшон аз меҳнати пайваста ва доимо кор кардани онҳост. Ақлу заковат танҳо 5 фоизи муваффақиятро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, мақсади дурустро дар назди худ гузошта, барои расидан ба он пайваста меҳнат карда, доимо дар ҷустуҷӯ бошед. Агар шумо мехоҳед, ки натиҷаҳои хуб ба адст оред, ҳангоми кор кардан сабур бошеду сахт меҳнат намоед. Танҳо дар ин сурат самари меҳнатҳои шумо бор меорад. Аз инҷост, ки мегӯянд: «Меҳнат кунӣ роҳат бубинӣ».
Бунафшаи Абдураҳим