Кӯҳҳои пойдору устувор бо қуллаҳои ҳамешасафеди ин диёр ба мӯйсафедони нуронию донишманде шабеҳанд, ки аз диданашон ба ҷони одам қувват ва ба дил нуру зиё медамад. Сангу харсангҳои ин кӯҳҳо шерони азимеро мемонанд, ки аз ҳайбаташон ҳеҷ ҷонзоди дигаре ёрои бо чашми бад нигаристани ин сарзаминро надоранд.
Рӯду дарёчаҳои шӯхобе, ки аз ин кӯҳҳо шилдирросзанон ба поён ҷорӣ мешаванд, аз ҳақиқати ин зебогиҳо қисса мекунанд. Ҷӯю чашмасоронаш бо садои маҳину латиф суруди зиндагӣ месароянд ва шукрона аз ин ҳама зебоӣ ва салоҳи мулк мекунанд.
Дар ин макон даҳҳо ва садҳо офаридаҳое ҳастанд, ки ҳамчун бозёфтҳои табиии таърихӣ диққати сайёҳонро ҷалб созанд. Чунончи кӯҳи Эмомаскара, на танҳо кӯҳ, балки санги азиму бузургест, ки садҳо гектарро ташкил медиҳад. Он калонтарин санг дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар пояи ин кӯҳи саропо санг, дар баландии 3,7 ҳазор метр, чашмаи шаффофу серобе ҷӯш мезанад...
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маконест гуногуниқлим. Агар дар як гӯшаи он баҳор бошад, дар гӯшаи дигараш ҳанӯз зимистон ҳукм мефармояд. Дар як канори он деҳқонон киштукор мекунанд ва дар канори дигар ҳосил меғундоранд.
Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки ин макон сарзамини калону серпаҳно ва мулки файзбахшу ганҷрезест, ки саховати табиати он интиҳо надорад.
МУҚАДДАСОТ ВА САҶДАГОҲҲО
Ин диёри кӯҳанбунёд амокину мадофини шахсиятҳои бузургу мутабаррик, нобиғаҳои замон, шайхони покдоману покизарӯзгор, донишмандони асилу накӯкор, рӯҳониёни худоҷӯю тақводор, уламову шуарои накугуфтор аст, ки ҳар кадоме як нақши созгор дар некномӣ андохтаанд ва номи хешро ҷовидонӣ гардониданд.
Ҳарчанд ки аз иддае ном, аз дигаре турбат, аз саввумин мазору мадфан ва қадамҷое мондааст, вале эҳтирому эътиқод ва самимияту дӯстдории мардум ба ин ҷою маконе, ки ин азизон хок шудаанд, хеле зиёд аст. Имрӯз аксари ин ҷойҳо ба зиёратгоҳ, маъбадгоҳ ва мазор мубаддал гардидаанд, ки мардум ба ин ҳама чун ба ҷои муқаддасу мутабаррик муносибат менамоянд.
Қадршиносӣ аз бузургон дар ҳар маврид хуб аст, вале мебояд он танҳо дар доирае бошад, ки фарҳанги волои инсонӣ ва дини мубини ислом мепазирад. Парастиши кӯр - кӯронаю бемоя, бо андешаҳои ифротӣ ва зиёдаравиҳои аз мантиқ дур низ боиси парҳез аст.
Аз ин хотир, муқаддасот ва саҷдагоҳҳо чун бузургтарин арзиши маънавии мардум, дар роҳи худшиносию худогоҳӣ қиммати хоса касб карда, сазовори омӯзиш ва парастиш аст.
Мазори Имом Ҷаъфари Содиқ
Мазори Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ дар наздикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болодараи Даштиҷум воқеъ гардидааст.
Дар бораи чӣ гуна ба ин сарзамин омадану ин ҷо мадфан шуданаш маълумоти дақиқе пайдо нагардидааст. Вале дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори ӯ чун як шахси таърихӣ, маълумотҳо хеле зиёданд.
Мазори Ҳазрати Эмоми Аскарӣ
Мазори Ҳазрати Эмоми Аскарӣ дар деҳи Доғистон ҷойгир аст. Дар ин ҷо як кӯҳи бузургест, ки онро кӯҳи Ҳазрати Эмоми Аскарӣ, ё мухтасар Эмомаскарӣ гӯён ном мебаранд.
Ин зиёратгоҳ аз бузургтарин муқаддасоти ноҳия маҳсуб шуда, соле онро ҳазорон ихлосмандон аз он дидан менамоянд.
Воқеан, ин зиёратгоҳ аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавиаш хеле аҷибу назаррабо буда, дар баландии тақрибан 3-3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Шайх Муҳаммадамони Валӣ
Шайх Муҳаммадамони Валӣ шахси таърихӣ буда, миёни асрҳои 12 – 13 дар деҳи Порвори мавзеи Тангноб умр ба сар бурдааст. То охири умр дар деҳа монда, дар ҳамин ҷо ба хок супорида шудааст. Баъд аз вафоти ӯ муридон ва ихлосмандонаш мақбараи ӯро дар ин ҷо бунёд намудаанд.
Дар бораи ин шайхи бузург ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Аксари ривоятҳо аз забон ба забон гузашта, такмил ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, ривоятҳо гувоҳи онанд, ки ӯ шахси хеле донишманд, пешбин ва тақводор будааст.
Мазори Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ
Мазори Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашма воқеъ мебошад. Дар бораи шахсият, зиндагӣ, рӯзгор ва осори ин марди бузург маълумоти саҳеҳе то имрӯз вуҷуд надорад. Танҳо маълум аст, ки ин одам яке аз шайхони машҳури замони худ будааст. Баъд аз фавти ӯ муридон, ихлосмандон ва пайравонаш барои гиромӣ доштани хотираш мақбараи ӯро бунёд намуданд. Ҳамзамон дар ин мақбара чанд нафар аз пайвандони ӯ низ дафн шудаанд.
Дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори ӯ байни мардум баъзан ривоятҳо низ вуҷуд доранд. Мувофиқи шаҳодати бархе аз сокинони ин диёр дар ибтидои асри гузашта, дар худи мақбара як даста китобҳо мафҳуз будааст.
Ҳоло мақбара таъмиру тармим шуда, тарҳи пештарааш барқарор гардидааст.
Мазори Саидабибии Робиямоҳ
Ин мазор дар деҳаи Ҳоҷидараи Даштиҷум воқеъ мебошад. Мазори мазкур асосан аз мақбарае иборат буда, дар дохили он турбати Саидабибии Робиямоҳ мадфан аст.
Мувофиқи ривоятҳои мардуми ин маҳал Саидабибии Робиямоҳ дар асри Х1 дар шаҳри Басраи Ироқ ба дунё омадааст. Ба кадом сабабе ӯ тарки ватан намуда, ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон меояд. Сипас, ба воситаи кӯҳҳои Помир ба Даштиҷум омада, дар деҳаи Ҳоҷидара макони зисти хешро ихтиёр мекунад ва то охири умр ин ҷо мемонад.
Мазори Шайхи Марванда
Ба номи Шайхи Марванда шахси хеле бонуфуз ва соҳибэҳтиром дар деҳаи Марвандаи мавзеи Даштиҷум зиндагӣ кардааст. Ин шайхро чанд тане, ки имрӯз дар қайди ҳаётанд, дидаанд ва бо ӯ сӯҳбат низ кардаанд. Мегӯянд, ки ин шахси бузург марди ниҳоят фурӯтан, бедордил ва худогоҳу худоҷӯй будааст. Шайх ба ҷуз омӯзиши илму дониш, ба кишоварзӣ низ шуғл меварзидаасту ба ин тариқ, ризқу рӯзӣ меёфтааст.
Солҳои аввали аҳди Шӯравӣ, ки назари инқилобиён – болшевикон ба диндорон чандон хуб набуд, аз ин рӯ, аксари онҳо ба хориҷи кишвар фирор кардаанд. Вале шайх аз чизе наҳаросида, макони зисти хешро тарк наменамояд. Ҳамоно ба кори фақиронаи хеш шуғл меварзад. Бо вуҷуди ин, шайх аз мадди назари болшевикон дур намемонад. Рафтору амалҳои ӯро назорат карда, дар ӯ ҳеҷ рафтори барои ҷамъият хавфнокро пайдо намесозанд.
Шайхи Марванда тақрибан охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз олам даргузаштааст. Марқадаш дар деҳаи Марванда то имрӯз боқист. Мардум марқади ин марди нексиришту соҳибдилро ба зиёратгоҳ табдил додаанд.
А.Зарифӣ