«Боғи ҷавонон», ки воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён аст, баҳри аз гирудори зиндагӣ берун омадану дар иҳотаи гулу сабзазор фароғат кардан ниҳоят мувофиқ аст. Паҳноияш на он қадар бузург, вале зиёд тӯл мекашад – дар масоҳати 13 гектар майдон доман густурдааст, ки ба дидан наметавон аз он чашм канд: замини он махмали сабзпӯш асту то ба охир гулпӯш. Буттаҳо ва дарахтони хурду азими ороишӣ атрофи ин гулгашт ва канори роҳравҳои нақшинро печондаанд. Замоне шабонгаҳ афтидани гузор ба ин ҷониб хеле ваҳмангез буду дилро ба танг меовард, кунун шабони он чароғон асту зебо ва барои истироҳати мардум басо дилпазир.
– Имсол ба ДМТ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супурдам ва гузорам ба «Боғи ҷавонон» иттифоқ омаду аз зебоии он дар ҳайрат мондам, чунки ман боре ҳам аз ноҳия ба шаҳр наомада будам, - иброз дошт Моҳрӯ Сафарова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва афзуд: - Барои аз худ кардани дарсҳо ин ҷо хеле мувофиқ аст, ҳам орому ҳам ниҳоят зебо.
Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Зубайдулло Ғаниев дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки дар давоми соли 2018 сохтану аз нав бунёд кардани 12 адад боғу гулгаштҳо ба нақша гирифта шуд ва тибқи он мебоист, ки то 27-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамаи ин боғҳо мавриди истифода қарор мегирифтанд.
- Аллакай 6 боғу гулгашт пурра азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд, дар боқимондаи онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранду дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд, - иброз дошт З.Ғаниев.
Гулгаштҳо
Дар баробари азнавсозии боғҳои бузурги шаҳр боғҳои хурди тафреҳӣ низ баҳри таъмини тафреҳу осоиши мардум аз ҷониби шаҳрдорӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд. Гулгашти ба номи Куйбишев, ки аз майдони устод Айнӣ то ба саристгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон тӯл мекашад, воқеан ҳам ба ҷойи тамошобобу истироҳатӣ табдил ёфта. Роҳравҳои он бо сангҳои ороишӣ музайян гардидаву атрофаш сабзу гулпӯш мебошад. Сари ҳар қадам нишастгоҳҳо мавҷуданд, ки одамони зиёд – занону кӯдакон, пиру барно зери сояи дарахтон нишаста, аз гарди фаввораҳо фараҳ мебаранду хастагӣ мебароранд.
– Ниҳоят хушҳолам, ки ин гулгаштро таҷдид карданд. Ин ҷо қаблан мавзеи дилгиркунанда буд, вале имрӯз аз зебоии он зиёд ҳаловат мебарам ва бо кӯдаконам зуд-зуд ба ин ҷо меоям, - иқрор омад Манижа Ҷӯраева, сокини пойтахт. – Хоҳони онам, ки шумораи чунин гулгаштҳо бештар гардад, - афзуд ӯ.
Гулгашти ба номи Мироненко, ки дар ноҳияи Синои пойтахт воқеъ аст, дар чорроҳи кӯчаи Маяковский ва хиёбони Абуалӣ ибни Сино ҷойгир буда, дарозияш 400 ва паҳноияш 150 метрро дар бар мегирад. Атрофи гулгаштро биноҳои истиқоматӣ печондаанд, ки сокинони он ҳар субҳу шом бо кӯдакони аробачасавор ба ин ҷо меоянду аз таровати кабудизору гулҳои рангин баҳравар мегарданд.
Боғи Алишер Навоӣ
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2018 дар кӯчаи Беҳзод Боғи Низомиддин Алишери Навоӣ мавриди баҳрабардории сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор гирифт. Дар қисми марказии боғ ҳанӯз корҳои сохтмонӣ идома доранд ва ба сохтори дахлдор ҷиҳати дар ин ҷо гузоштани пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дастур дода шуда, озмуни «Беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон» эълон гардид. Дар ин боғ нисфирӯзӣ, ки авҷи тамуз аст, сокинон зери сояи дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар оварда шинонда шудаанд, роҳат мебаранд. Дар як гӯшаи боғ барои тафреҳи кӯдакон хоначаҳои рангину пулҳои лағжонакро низ ҷой додаанд.
– Чанд маротиба аст, ки ман ин ҷо меояму истироҳат мекунам. Ин маротиба ба бонк омадам, ки дарҳои он маҳкам буд ва дарҳол ба сӯи боғ шитофтам, ки андаке истироҳат намоям, - иброз дошт Мавзуна Холова, омӯзгори МТМУ № 4-и пойтахт. – Мо, омӯзгорон, аз ифтитоҳи боғҳои хурду калон ниҳоят хурсандем ва ба шаҳрдорӣ миннатдории худро мерасонем, - афзуд ин бону.
Дар радифи ин боғ Боғи кӯдакон, ки санаи 3-юми июли соли равон кушода шуд, аз шумори боғҳои хурд буда, дар масоҳати наздики 3 гектар доман густурдааст ва дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон Амфитеатри дорои 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоотро сохтаанд. Барои дилхушии кӯдакон 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ҳамчунин хоначаҳои чӯбину ҳаллоҷиву аттраксионҳо насб гардидаанд.
Ободонӣ идома дорад
- Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе дар давоми соли 2018 шинондани зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ дар ҳудуди шаҳр, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта шуд, вале ин шумора зиёда аз 4 миллионро ташкил дод ва то охири сол шинондану иваз кардани гулҳои мавсимӣ идома хоҳад ёфт, - иброз дошт З.Ғаниев. – Мо бояд ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва талошҳои бевоситаи раиси шаҳр бирасем, зеро ҳар куҷо, ки менигарем, тозаву озода ва гулпӯш асту Душанбе сазовор аст, то унвони пойтахти зебое дар ҷаҳонро ба худ касб намояд, - изҳори андеша намуд дар фарҷоми суҳбат Зубайдулло Ғаниев.
Омина ХОҶАЕВА