Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси сокинони диёри биҳиштосост. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки андешаи пешбари мардумони саодатёраш ғояи сулҳу ваҳдат аст, халқу миллатҳои гуногун ба сар мебаранд. Дӯстию бародарӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлату ватандорӣ буд, ки бо истифода аз неруи сарҷамъонаи халқҳои гуногунзабони ин сарзамини бостонӣ дар хиттаи сарсабзи Хатлон чандин шаҳру навоҳии саноатӣ қомат афрохтанд. Маркази маъмурии вилоятро аз барои он шаҳри башардӯст меноманд, ки ин гӯшаи сарсабзу ободони Ватан бо заҳмати фидокоронаи аҷдодони халқу миллатҳои зиёд бунёд ёфтааст.
Фаъолияти гурӯҳҳои гуногунзабони кӯдакистону муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишгоҳҳои вилоят бозгӯи фароҳам сохтани шароиту имконияти баробар баҳри тадрису фаъолияти минбаъдаи ақаллиятҳои миллӣ дар соҳаҳои гуногуни шаҳру навоҳӣ мебошад.
Александрова Екатерина Степановна аз фаъолзанони шаҳри Бохтар аст, ки зиёда аз 20 сол боз дар вазифаҳои роҳбарии муассисаҳои томактабӣ фаъолият дорад. Ӯ дар Ҷумҳурии Украина ба дунё омада, баъди дарёфти таҳсилоти олӣ ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон меояд. Фаъолияти меҳнатиро соли 1983 ҳамчун мураббияи кӯдакистони №8 оғоз намуда, баъдан ба хотири табодули таҷрибаи пешқадам ба тарбиятдиҳандагони кӯдакистонҳои шаҳр Екатеринаро методисти шуъбаи маорифи шаҳр таъйин мекунанд. Сипас, аз соли 1992 тайи 20 сол ба ҳайси мудири чанд муассисаи тарбияи томактабии шаҳр хастагинопазир заҳмат кашида, дар ин замина шогирдони зиёдеро парвариш намудааст, ки айни ҳол роҳбарии кӯдакистонҳои шаҳри Бохтар ва фаротар аз онро ба зимма доранд.
- Мо, булғорҳо, аз ақаллияти ангуштшумори Тоҷикистон ҳам бошем, дар зиндагӣ хушбахту саодатмандем, - самимона қисса дошт мусоҳибам. - Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон - Ватани маҳбуби ҳамаи халқҳои сокини он гардид. Бахти мо омад карда буд, ки ҳатто дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ба умеди ин рӯзҳои нек шаҳрро тарк нагуфтем, - мегӯяд Екатерина Степановна.
Бино ба қавли ӯ муҳимтарин дастоварди даврони Истиқлолият ин ҳамзистии осоишта ва бархӯрдорӣ аз ғояи ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа мебошад.
- Боиси ифтихор аст, ки ба хотири таҳкими робитаҳои дӯстии халқҳои сокини вилояти Хатлон, тарғибу ташвиқи ғояҳои башардӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии халқҳои ҷаҳон дар маркази вилоят намояндагии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) фаъолият мебарад. Бо ташаббуси созмон дар марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии вилояти Хатлон конфронсу мизҳои мудаввар ва озмуну маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд,- мегӯяд роҳбари ҷамъияти мазкур дар вилояти Хатлон Латофат Шарифова. – Аз ҷумла, нахустфестивали вилоятии санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ, ки дар доираи он конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - Ватани маҳбуби мо» доир гардид, ки аз рӯйдодҳои хотирмони даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегардад.
Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Дӯстӣ ҳазорҳо оилаҳои туркман сукунат доранд. Туркманҳо аз қадим қад-қади соҳилҳои дарёҳои бузург зиндагӣ ихтиёр карда, шуғли асосиашон тиҷорату чорводорӣ буд. Даврони соҳибистиқлолии кишвар туркманҳои ноҳияи Дӯстӣ соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ гардида, ба боғдорию пахтакорӣ ва кишту парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гаравиданд. Ҳузури фаъоли бонувони туркман дар соҳаи маорифу тандурустӣ гувоҳ аз он медиҳад, ки ин мардум ба таҳсилоти олии духтарон таваҷҷуҳи махсус доранд.
Раъно Юсуфова, сарпарастори беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ, ҳунармандию таҳсилоти касбиро мояи растагории бонувон аз мушкилоти пешомади рӯзгор меҳисобад. - Маҳз ҳидояти зодмандонам буд, ки ба нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, таҳсилро дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар итмом бахшидам. Аз баракати ҳамин пеша баъди марги шавҳар чаҳор фарзандамро ба воя расонда, соҳиби хонаву касбу кор кардам. Таҷрибаи рӯзгор собит месозад, ки хушбахтии ояндаи духтарон, аз сатҳи таҳсилоти онҳо вобастагӣ дорад. Мутмаинам, ки таҳсилоти олӣ ва касбу илму ҳунар дар солҳои оянда барои духтарон бештар аҳамият пайдо мекунанд, - изҳор дошт Раъно Юсуфова.
Туркманзабонҳои ноҳияи Дӯстӣ пойдории оиларо аз сатҳи саводу ҳунармандӣ ва фарҳанги муоширати бонувон дар муносибатҳои оиладорӣ медонанд. Ба обрӯву эътибори мо - зодмандони туркмантабор намезебад, ки духтарро соҳибкасб накарда ба шавҳар диҳем,- мегӯяд Абадан Ғоипназарова, як сокини туркмантабори ноҳияи Дӯстӣ.
Дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мардумони ӯзбекзабони вилояти Хатлон низ нақши арзанда доранд. Ниёкони онҳо солҳои пеш чун фотеҳони заминҳои водии Вахш ба ин ҷо ҳиҷрат намуда, минбаъд ин диёри зархезро Ватани доимии худ қарор додаанд. Хусусияти ҷолиби бештари деҳу маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ин ҳаёти якҷояву омезиши фарҳангу маданияти халқҳои гуногунзабони он аст, - иброз медорад як тан аз фаъолзанони ӯзбекзабони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мукаррама Назруллоева. - Тартибу интизом ва сатҳи донишу давомоти муҳассилини мактабҳои бисёрмиллат аз дигар муассисаҳои таълимӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар мисоли МТМУ №6-и ноҳия, ки сарварии онро банда ба уҳда дорам, фарзандони тоҷику ӯзбек, ҷӯгию дигар қавму миллатҳо таҳсил менамоянд. Ба гуфтаи кӯдакону наврасон, ҳам тариқи мушоҳида, аз рафтору гуфтори ибратбахши ҳамдигар баҳравар мегарданд. Асоси пешрафту рушди зеҳнии ҳамсолони ман ин бисёрзабонии сокинони зистгоҳам рустои «Зархез»-и ноҳия буд. Бинобар ин, шахсан ҷонибдори онам, ки аҳолии маҳалу деҳоти кишвар аз қавму миллатҳои гуногунзабон таркиб ёфта бошад, то мардум аз расму анъана ва дастовардҳои фарҳангии ҳамдигар ибрат гирифта, дар ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ ба пешрафту муваффақияти бештар ноил гарданд,- мегӯяд М. Назруллоева.
Ҷ. УСМОН,
вилояти Хатлон