07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БУЗУРГӢ, МОДАР!

 

Бузургтарини бузургҳоӣ, модар!

Охир, ту нигаҳдорандаи шамъи равшани ҳар хонадонӣ. Маҳз ту бо меҳру муҳаббатат метавонӣ хонаҳоро пурнур, дилҳои сардро гарм, сари хамро боло, чашми намро пок ва дили пурғамро шод гардонӣ.

Модарҷон, гули офтобпарастро мемонӣ; агар гул рӯяшро ҳамеша сӯи хуршед кунад, ту ҳамеша сӯи фарзандон рӯ менамоӣ.

Модарҷон, бемуболиға, бузургӣ!

Ҳатто писарат-ҷигаргӯшаат, ки Сарвари як кишвар, ҳомии як миллат, Пешвои тоҷикони дунёст, вақти лозима сар ба зонуят мегузошту дарди миллаташро ба ту - Модар мегуфт. Фақат дар назди ту - Модар, барои парокандагию ҷангзада будани кишвараш ашк мерехт ва танҳо ба ту орзуҳояшро, ки ватанашро гулгулшукуфон ва мардумашро сарбаланду озод дидан мехоҳад, рози дил мегуфт.

Ҷисми нафисат соябон, қалби нозукат роздон ва насиҳатҳоят ба ҷигарбандат тавон мебахшид.

Имрӯз Ҷумҳурии азизамон ид дорад. Иди Истиқлолияти баъди ҳазор соли раҳпоиҳо ҳосилшуда. Ободию озодии кишвар, тулӯъи Нишони давлатӣ, парафшонии Парчами миллӣ, бунёди ҳазорҳо дабистон, кӯдакистону бемористон, садҳо километр роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ, иншооти зиёди саноатӣ, аз ҳама асосӣ дар дили мардум парваридани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ҳосили дарахти Истиқлолият мебошад, ки ба рағми бадхоҳон Тоҷикистонро рӯшанистон мекунанд.

Имрӯзҳо мардуми меҳнатқарин ва сулҳдӯсти диёр ба Сарвари худ бовар кард. Ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои худ - сиёсати одилона, оқилона, дурбинона, меҳанпарваронааш дил ниҳод.

Ай, модар! Таърих гувоҳ аст, ки фақат модари бузург фарзанди оламшумул ба дунё биорад. Ӯро тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят кунад. Бе муболиға, бузургӣ, модар!

Ин ҳикмати Шамси Табрезиро такрор ба такрор барояш гӯшрас менамудӣ:

- Ҳар тане, ки дар он илм нест, чун шаҳрест, ки дар он об нест ва ҳар тане, ки дар ӯ парҳез нест, чун дарахтест, ки дар он бор нест ва ҳар тане, ки дар ӯ шарм нест, чун дегест, ки дар ӯ намак нест ва ҳар тане, ки дар ӯ ҷаҳд нест, чун бандаест, ки вайро Худованд нест.

Модари бузург! Вақте даст ба дуо мебардоштӣ ва панҷаҳоятро мекушодӣ, мехостӣ, ки тамоми оламро дар ин кафи рӯзгордидаат нигаҳ дорӣ ва аз Худои худ илтиҷо мекардӣ, ки фарзандонат бо иқбол бошанду сарбаланду некном, чунки асли ту - модар, некдилу некрафтору некгуфтору некпиндор буда.

Гулчеҳра Муҳаммадиева,

нависанда

 

:.  Аз ҳар боб 12.09.2018 08:56 1341

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz