То кунун сарчашмаҳои зиёде чапдастиро чун як навъи беморӣ рақам задаанд ва айни ҳол чунин нуктаи назарро олимони дунё инкор менамоянд. Аз рӯи иттилои нав ду омили чапдаст шудани инсон вуҷуд дорад: ирсӣ ва патологӣ. Чапдастии ирсӣ дар кӯдак ҳамон вақт зуҳур мекунад, ки агар дар оила хешовандони чапдаст бошанд. Чапдастии патологӣ дар натиҷаи гирифтани зарбаи дохилибатнии модар ва ё ҳангоми валодат ба вуқӯъ меояд. Лек як гурӯҳ муҳаққиқон аз факултаи тиббии донишгоҳи Ҳарвард дар натиҷаи пажӯҳиши рушди 27 ген ба хулоса омадаанд, ки дар ҳуҷайраҳои ҷанин сафедаи махсус ва як ген (CLM) мавҷуд аст, ки ба «тақсимот»-и самти чап ва рости ҷанин масъуланд. Яъне, чапдастӣ ирсӣ буда, ҳанӯз дар марҳилаҳои нахустини ташаккулёбӣ дар ҷанин пайдо мегардад. Кӯшиши зиёди волидайн, ки кӯдакро аз одати чапдастӣ раҳо карда, мехоҳанд, ки ростдастиро ба ӯ омӯзанд, аксаран бенатиҷа анҷом меёбад ва боиси афсурдаҳолӣ ва харобшавии асаби ӯ мегардад.
Пажӯҳишҳои зиёд собит намуданд, ки чапдастӣ бо хусусияти равонии инсон иртибот надорад. Наполеон Бонапарт гарчанде чапдаст буд, ҳамчун сипаҳсолори барҷастаи олам машҳур гардид, вале бо вуҷуди ин Кутузови дастрост бар ӯ пирӯз омад ва ё аксуламали чунин воқеот хеле зиёданд. Ягона тафовути байни бачагони чапдаст аз ростдастон – ин суръати гуногуни инкишофи ин ё он сохтори мағзи сари онҳо мебошад. Баъзе сохтори мағзи сари кӯдакони чапдаст тадриҷан болиғ мешаванд, лек бо мурури замон чунин фарқият миёни онҳо аз байн меравад. Фарқияти асосии чапдастон аз ростдастон дар он аст, ки дар ҳаёти рӯзмарра нимкураи рости мағзи сари онҳо бештар фаъол аст, ки ба тасвир, биниши муҳит, идроки ҳиссӣ ва гувоҳи дил иртибот дорад. Аз ин рӯ, миёни чапдастон эҷодкорон хеле зиёданд, ба гунаи рассомон, бастакорон, мутрибон, адибон, аз қабили Мотсарт, Бетховен, Леонардо да Винчи, Микеланҷело, Рафаэл, Пикассо, Паганини, Марк Твен, Пушкин, Толстой, Герберт Уэллс ва дигарон.
Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи башарият муносибат бо чапдастон ҳар гуна сурат мегирифт. Дар баъзе сарчашмаҳои асримиёнагии Аврупо омада, ки худи иблис чапдаст будааст, аз ин рӯ, аксарият такя ба ин гуфта, шиканҷаи ваҳшиёнаро бар зидди одамони чапдаст шурӯъ намуданду ба таври оммавӣ онҳоро ба оташ меандохтанд. Яке аз сабабҳои дар оташ сӯзонидани қаҳрамондухтари фаронсавӣ Жанна Д,Арк низ чапдастии ӯ буд. Олмониҳои қадим чапдастонро мавриди тамасхуру истеҳзо қарор дода, онҳоро бидуни истеъдод мехонданд. Дар Ҷопон шавҳарон бо дасти чап навистани ҳамсарони худро дида, аз онҳо ба зудӣ ҷудо мешуданд. Дар Руси қадим барои чапдастон гувоҳӣ додан дар суд манъ гардида буд. Танҳо инкҳои қадим бар он андеша буданд, ки чапдастӣ барои инсон хушбахтии бузург аст. Дини мубини Ислом низ дар масъалаи чапдастӣ сабукӣ фармудааст, яъне хостгори он аст, ки пайравони ин дин орӣ аз мушкиливу мураккабиҳо бошанд. Дар Қуръони карим омадааст: «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз миқдори тоқаташ воҷиб намекунад, он чи амал кард, аз они ӯ аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст» (Қуръон, 2:286). Шайх Аҳмад Қуттӣ дар ин бора чунин гуфтааст: «Ислом воқеан ҳам салоҳ медонад, то мо бо дасти рост ғизо ва об қабул намоем, либос ба бар кунем, нависем ва бо дасти чап мустаҳаб анҷом диҳем. Вале агар нафаре чапдаст бошаду ин корҳоро бо дасти рост натавонад сомон диҳад, дар ин маврид бар ӯ воҷиб аст, ки дасти чапро кор фармояд, зеро мутобиқи таълимоти ислом он чизе, ки аз иқтидори инсон берун аст, бар он ҷавобгар намегардад. «Худованд бар шумо сабукӣ мехоҳад, на мушкилӣ» (2:185). Аз ин оятҳо олимон ба хулосае омадаанд, ки агар амале боиси ҷидду ҷаҳди зиёди нафаре гардад, роҳҳои саҳл анҷом додан бар ӯ воҷиб мегардад.
Олими британӣ Крис Мак Манус дар китоби хеш «Дасти рост, дасти чап» овардааст, ки дар тӯли таърихи инсоният чапдастон назар ба ростдастон бештар ба муваффақият ноил гаштаанд, ба амсоли Искандари Мақдунӣ, Юлий Сезар, Наполеон Бонапарт, Карли Бузург, Малика Виктория, Отто фон Бисмарк, Эйнштейн, Нютон, Арасту, Роналд Рейган, Бенҷамин Франклин, Ҷорҷ Буши 1, Билл Клинтон, Барак Обама, Ҷон Рокфеллер, Генри Форд, Билл Гейтс, Уинстон Черчилл, Фидел Кастро, Махатма Ганди ва дигарон.
Агар дар мавриди ситораҳои дурахшони синамо ва эстрада сухан гӯем, чапдастон дар Ҳолливуд хеле зиёд буданд ва ҳастанд: Чарли Чаплин, Мэрилин Монро, Дэми Мур, Брюс Уиллис, Силвестр Сталлоне, Роберт де Ниро, Анҷелина Ҷоли, Том Круз, Киану Ривз, Ҷулия Робертс, Никол Кидман, Джим Керри, Майкл Ҷексон, Рикки Мартин ва дигарон.
Аз ин бармеояд, ки нафарони чапдаст дар баробари ростдастон дар ташаккули тамаддуни инсоният нақши назаррас доштаанд ва гуфтаҳои равоншиноси британӣ Кирил Берт, ки чапдастонро ҳамчун нафарони гарангу ноуҳдабаро донистааст, куллан иштибоҳ будани ақидаи ӯро собит месозад.
Ситора