Насими ҷонбахш аз ҷониби кӯҳҳо ва дарахтҳо вазида, рухсораи гулҳоро бӯсида, бӯи хуше ба атроф парошида, машомро муаттар мекарду дилро ба шавқ меовард. Хело хуб осудем ва кӯфти се рӯзи сафарро баровардем… Баъдан ба деҳаҳои болои Мастчоҳ рафтем, ки ин деҳа аз он деҳа зеботару шукуфотар менамоид». Ин суханон соли 1923 гуфта шуда, то имрӯз боғу роғ, ҷӯю сойҳои фаровоне аз ҷониби мардуми заҳматкаши ин ноҳия бунёд ёфтаанд, ки метавон хиттаи Кӯҳистони Мастчоҳро яке аз мавзеъҳои хуби сайёҳӣ рақам зад. Зеро, дар Кӯҳистони Мастчоҳ се фаслро ҳамҷоя метавон мушоҳида намуд. Чи тавре 58 деҳаи ноҳияро ба се даста: боло, миёна ва поён тақсим мекунанд, деҳаҳои болояш, ки дар доманаи кӯҳҳо ҷойгиранд, дар чиллаи тобистон низ барф доранд, рустоҳои поёнтар баҳорро мемонанд, ниҳолҳо сабзу мевадор. Садаи поён, ки бо қишлоқҳои Шамтичу Вешаби Айнӣ наздикӣ доранд, нисбат ба деҳаҳои боло гармтаранд.
КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ
То имрӯз ҳама деҳаҳои ноҳия ба офтобрӯя ва соярӯя, яъне қисме аз тарафи рости дарёи Зарафшон ва қисме аз тарафи чап тақсим мешаванд, ки пулҳо нақши асосӣ ва пайвандгари рустоҳоро ин ҷо мебозанд. Дар байни мардуми ноҳия пул сохтан яке аз корҳои савобтарин ба шумор меравад, ки ҳанӯз дар бархе қишлоқҳо пулҳои даврони шӯравӣ мавҷуданд. Азбаски роҳҳои ин ноҳия ободу ҳамвор нестанд, сохтани мактабу беморхонаву пул кори саҳл нест. Аз ин рӯ, бархе пулҳои ин ноҳияро ба номи бунёдкорон мегузоранд.Таъмиру сохтани пулҳо дастикам то панҷ - шаш сол тӯл мекашад. Тибқи маълумоти расмӣ давоми 5 соли охир дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 7 пули мошингузар фарози рӯди Зарафшон бунёд ёфта, ки қисмате аз онҳо бо ёрӣ ва ё дастгирии молиявии аҳолии ноҳия сурат гирифтаанд.
Рӯзи кушодани пули Ғазак хурсандии мардуми деҳаҳои Мадрушкату Вардотичро ҳадду ҳудуд набуд. Пиру барно аз субҳи содиқ сари пули Ғазак ҷамъ омада, интизори ифтитоҳи он буданд. Пирони рӯзгордида дар ҳаққи онҳое, ки барои азнавсозии пул дасти саховат дароз намудаанд, дуои хайр мекарданду суханҳои нек мегуфтанд. Зеро, ин дафъа дар баробари мардон Райҳонпочо Охунова, як сокини 68-солаи деҳаи Вардотич, ки чанд соли охир бо нияти зиёрати Хонаи Худо маблағ пасандоз намуда буд, барои таъмиру азнавсозии пул иқдом варзид. Амалӣ гардидани чунин як мақсади хайрхоҳонаю меҳанпарастона далел аз ваҳдату ягонагӣ, якдигарфаҳмӣ, кӯшидан ба иҷрои таъкиду супориш ва дастурҳои некандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллит, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин аст садоқат ба Ватан, зеро «Ободии Ватан аз ободии маҳал сар мешавад» гуфтаанд.
Пули мазкур, ки миёни аҳолии ноҳия бо номи «Пули Ғазак» шуҳрат дошта, бар фарози рӯди Зарафшон устувор буд, барои рафту омади аҳолии деҳаҳои Мадрушкат ва Вардотич ба дашти Фалахмону деҳаи Хайробод ва тагоби Табаспин хизмат мерасонад. Ин пул, ки солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, хатарзо ба шумор мерафт. Тобаҳои чӯбини он, гарчанде ғафсу пурқувват намоянд ҳам, аз таъсири борону барф ва гармию сардии ҳаво қисман хароб гардида буданд. Бино бар ин, пул ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт, аммо имконияти иқтисодии аҳолӣ ва ноҳия даст намедод, то он таъмиру таҷдид шавад.
Холаи Райҳонпочо он рӯз бештар аз дигарон хурсандӣ дошт. «Фарзандам дар Русия кор карду барои ба зиёрати Макка фиристодани ман маблағ ҷамъ овард. Бароям мегуфт, ки модар ман туро ба ҳаҷ мефиристам. Аз тасмими писарам бисёр шод шудам, аммо барояш гуфтам, ки писарам, пойи ман иллат дораду рафта наметавонам. Беҳтар аст, ки ҳамон маблағро дар кори хайре сарф кунем, ки Худованд аҷрашро мерасонад. Шавҳарам ҳам фикри маро дастгирӣ кард. Ин буд, ки маблағро ба таъмири ин пул бахшидем. Пул соз шуд, одамону мошинҳо озодона ва бе ягон хавфу хатар равуо мекунанд. Ман хеле хурсандам ва ифтихор ҳам дорам», - табассумкунон мегӯяд хола.
Ҳоҷӣ Нормаҳмад Шоев, яке аз пирони рӯзгордидаи деҳаи Мадрушкат, ки солҳо умрашро дар чӯпонӣ гузарондааст, зимни бозкушоии пули таҷдидшуда гуфт: «Пули Ғазак барои мардум аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, манфиати он барои аҳолӣ аз мактабу бемористон кам нест. Ин пул даҳсолаҳо на танҳо барои инсонҳо, балки барои чорво, ки тобистон ба тагобаҳо ба чаро мераванд, хидмат мекард. Баъди таъмиру азнавсозӣ шудан метавон гуфт, ки садсолаҳои дигар хидмат хоҳад кард».
Кори хайри Райҳонпочо бори дигар собит намуд, ки занони кӯҳистон ҳам дар баробари кори сангини рӯзгору ободии хонаводаашон, инчунин дар фикри шукуфоии диёри худ ҳастанд. Умед дорем, ки дигар бонувони шаҳру навоҳии кишвар мисли Райҳонпочо аз чунин иқдомҳои созанда пайравӣ менамоянду барои гулгулшукуфии Ватан саҳм мегузоранд.
Абдуҷалили АМОН,
Кӯҳистони Мастчоҳ