Дар замонҳои гуногун муносибат ба зан низ гуногун буд ва ин муносибат ҳуқуқу озодиҳои бонувон ва мавқеи ононро дар ҷомеа муайян мекард. Дар айёми то ба Ислом фарзанди ҷинси зан зинда бу гӯр карда мешуд. Дар бисёр аз нуқоти олам зан ҳамчун инсон ягон арзише надошт. Танҳо василае буд барои итфои нафс.
Бо шарофати Ислом ин ваҳшоният аз байн бурда шуду, масъалаи баробарии зану мард ва эҳтиром нисбати бонувон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сахми Ислом дар боло бурдани хукуки зан бисёр бузург аст.Чи тавре, ки аз ривояти ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) бармеояд, Паёмбари Худо (сс) фармуданд: «Занон бо мардон ҳамрадиф ва баробаранд».
Тайи садсолаҳо зан ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда, тадриҷан дар ҷомеа мавқеи худро пойдор сохт. Дар замони муосир бошад мавқеи зан бисёр баланд шудааст, чунки аз зани босаводу боақл ва бомаърифату боимон ояандаи неки давлат вобастагӣ дорад.
Дар ҷумҳурииТоҷикистон низ бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳгардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқи ва озодии занонро пурра кафолатмедиҳанд.
Раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард барои бонувон озодии васеи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ муайян намуда, ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоташон заминаи мусоид фароҳам овард.
Фармони Президенти ҷумҳурииТоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҷиҳати таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид. Ин ҷиҳати муҳим барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи мусоид ба вуҷуд овард, ки мақсади он беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳ гардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Татбиқи амалии ин чорабиниҳо имкон дод, ки дар замони муосир бонувони тоҷик комилан соҳибҳуқуқ гарданд.
Бар зами ин, масоили беҳ гардонии шароити кори занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ҳоло занон дар бозори меҳнат воқеан ҳам нақш ва мақоми сазовор доранд. Агар ин аз як ҷиҳат мустаҳқилияти иқтисодии онҳоро таъмин намояд, аз дигар тараф аз нигоҳи иҷтимоӣ, нафақа, хизмати босифати тиббӣ, таъмини хонавода бонувони мо мустаҳқил шуданд. Ҳамаи ин дар ниҳоят ба инкишофи шахсияташон мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, онҳо дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул фаъолият доранд. Ин ҳама мояи ифтихору занону ҷавондухтарон аст.
Имрӯз дар Тоҷикистон шабакаи васеи муассисаҳои касбию техникӣ ва олӣ фаъолиятдоранд. Ҳар касс метавонад касбу ҳунари дилхоҳашро интихоб намуда, омӯзад, роҳу ояндаи хешро интихоб намояд, фикру андешаашро озодона баён созад, муносибати худро ба давлат, ҷомеа, дин ва сиёсат муайян намояд.
Оила воҳиди асосии иҷтимоии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳуқуқҳои марду зан дар оила баробар арзёбӣ мегарданд. Инро Конститутсия ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Вале, новобаста аз ин, то ба ҳол мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки ба таҳкиму густариши фаъолгардонии занон монеа мешаванд. То ба ҳол ҳолатҳои нобаробарии гендерӣ ,махсусан дар деҳот,зоҳир мегарданд, ки сабаби он паст будани сатҳи равобит ва муошират, нарасидани иттилоот, сатҳи пасти зиндагӣ ва пойбанди мард будани қисми зиёди бонувон аст.
Илова бар ин, баъзе одатҳои динию миллӣ ва психологӣ, афкори омма, мушкилоти хоҷагидорӣ, тарбия фарзандон, саводнокию маърифатнокӣ низ намегузоранд то занон мутобиқ бо рушди замон қадам ниҳанд.
Бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ҷиддан аз масъулият, ташаббус ва иродаи худи бонувон вобастагии қавӣ дорад. Чунки таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ танҳо вазифаи давлат набуда, он аз муносибати ҳар аъзои ҷомеа ва пеш аз ҳаму худи бонувон вобастагӣ дорад.
Занон ба нозукию латиф буданашон нигоҳ накарда, ниҳоят ба номусу серғайратанд. Онҳо аз уҳдаи бисёр корҳои вазнин мебароянд. Баробари мардон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, баробари мардон қадам мениҳанд ва аз ҳама асос –насли инсонро ба дунё оварда, тарбия мекунанд. Бисёр занонро медонем, ки ба корнамоии худ ном баровардаанд, ба дилҳоро ёфтаанд, чароғи хонадонро равшан нигоҳ медоранд.
Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд зан-модар аст.Зан-модар миллат ва ҷомеаро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат, дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то битвонанд миллатро тарбия бикунанду ба камол расонанд ва дар тарбия, нигоҳубин ва камолоти маънавию ҷисмонии ҳам фарзанд ва ҳам ҷомеа нақшгузор бошанд.
Ваҳдату якдилӣ, сулҳу салоҳ ва ягонагӣ он сиёсатест, ки бонувон тарафдори онанд. Зани тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати табиию таърихӣ ва сиёсию иҷтимоии худ меборояд, бо раванди замон ҳамқадаму ҳамрадиф хоҳад буд. Дар ҷомеаи кунунӣ занони тоҷик мақому манзалати хешро шинохта, дар ҳаёти давлат фаъолона ширкат меварзанд, маданияту фарҳанги миллати азизамонро пос хоҳанд дошт.
Симои зани тоҷик минбаъд низ таҷассумгари фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебопараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону боқӣ мемонад.
Ҳуринисо Қурбонова,
аспиранти Факултаи химияии ДМТ