Суоле ба миён меояд, ки магар занони мо барои тафреҳу оромиши худ вақт ҷудо мекунанд ё на? Пеш аз баррасии мавзӯъ то кадом андоза истироҳат кардан барои инсон муҳим буданашро бояд бидонем. Аксарияти одамон солҳо ба рухсатӣ намебароянд ва агар бароянд ҳам, истироҳатро ба худ раво намебинанд. Баъдан тааҷҷуб аз он мекунанд, ки чаро афсурдахотиранду нигарон аз зиндагии носоз? Дар асл кор ва истироҳат бо ҳам алоқамандӣ доранд, чун мегӯянд, ки кор бо истироҳаташ хуш аст. Ақидае ҳаст, ки гӯё мураххасӣ имкони хубест, ки корҳои нобасомони тӯли сол анҷомнадодаро метавон маҳз дар ин айёми фориғ сомон дод, амсоли таъмиру тармими хона. Албатта, як ҳиссаи ин вақтро метавон ба ин рабт дод, вале ба ҳеҷ ваҷҳ на тамоми онро. Ҳатмист, ки дар ин айём сафаре дошта бошем. Тағйир додани муҳит басо муҳим аст ва алалхусус, наздик будан ба табиату рӯ овардан ба осоишгоҳҳо марҳаме ба ҷисму ҷон бувад, зеро инсон ҳамарӯза банди корҳои муқаррарист, ки доимо такрор меёбанд. Навгониҳо баъзан дар ҳаёти инсон рух диҳанд ҳам, басанда нестанд ва дар ниҳояти кор эҳсоси якрангӣ боло гирифта, дилтангӣ ва ҳузну ғамгинӣ дунболагири кас мегардад, ки пайомадаш афсурдаҳолист. Раҳоӣ аз ин ҳолат маҳз истироҳати бофароғат аст, ки ба инсон таассуроти хубу неруи тоза мебахшад. Ба андешаи равоншинос Бунафша Ҳошимӣ истироҳат кардан дар осоишгоҳҳо ҳадди ақал маротибае дар як сол – ин на аз рӯи ҳавову ҳавас аст, балки зарурати ҳаётан муҳим барои инсон мебошад, зеро имрӯз ҷомеа бо суръати кайҳонӣ дар ҳоли рушд буда, мо низ шитоб дорем, то аз чизе ақиб намонему ҳар чи бештар муваффақ бошем. Дар ин маврид тавонмандии худро пурра масраф мекунем. Дар ин ҳолат аксаран инсон аз сиҳатии хеш андеша надорад ва худро мубталои афсурдаҳолӣ мегардонад. Табибон бар ин назаранд, ки дунболи шуҳрату комёбӣ пайваста шитоб кардан дар инсон рӯҳафтодагиро ташаккул медиҳад, ки дар натиҷа оташи қаҳру ғазаби хешро чунин ашхос ғолибан ба сари наздикону пайвандонаш мерезанду муносиботи хонаводагиро харобу ноустувор мегардонанд. Ҳатто чунин ҳолати равонӣ метавонад инсонро ба дараҷаҳои гуногуни ҷунунӣ (невроз) гирифтор созад. Пас ба хотири ҳар чи бештар ба даст овардани маблағ ва комгориҳо арзанда аст, ки таваккал ба тандурустии хеш намоем?
Омилҳое, ки садди тафреҳи занонанд
Ба осоишгоҳу табобатгоҳҳо рӯ овардани занон нахуст аз тафоҳуми хонаводагӣ вобастагӣ дорад. Бештари мардон зидди онанд, ки ҳамсаронашон танҳо озими сафар гарданд. Якҷо ба тафреҳҷойҳо раҳсипор шуданро афзал медонанд. Мавлуда Бозорова, сокини пойтахт, иброз дошт, ки шавҳараш зидди ба осоишгоҳ танҳо рафтани вай аст ва, агар чунин имкон даст диҳад, ҳамроҳ сафар карданро авло медонад. Омили дигари ба истироҳатгоҳ нарафтани занон – ин номусоидии вазъи иқтисодӣ ва ташвишҳои рӯзгор мебошад. Манзураи Субҳон, сокини шаҳраки Ҳисор, иқрор омад, ки ҳар гоҳе ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд, маош ва маблағи дарёфтаашро ба харҷи хонавода ихтисос медиҳад, аз ин рӯ, имкони ба осоишгоҳ рафтанро надорад. Вале, ба андешаи Олуфта Заробекзода, корманди Федератсияи иттифоқҳои касаба, назар ба мардҳо занон бештар барои истироҳат ба санаторияву осоишгоҳҳо рӯ меоранд. Дар айёми гармо осоишгоҳу табобатҷойҳо ончунон серодам мешаванд, ки мебоист чанд моҳ қабл дархост фиристод.
– Ман ҳам ният дорам, ки имсол ба рухсатӣ баромада, дар чунин ҷойҳо истироҳат кунам, зеро барои рафъи асабоният ҳатман истироҳат зарур аст, махсусан барои он занҳое, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ кор мекунанд, - иброз дошт О.Заробекзода.
Имтиёзҳо барои кормандон
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо мутобиқи моддаи 17 ҳуҷҷати мазкур ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳоро аз ҷониби Кумитаи иттифоқҳои касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон таъмин менамоянд. Аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ, ки 25 фоиз ҳангоми ҳисобӣ шудани музди меҳнат ҷудо мегардад, ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад, ки аз ин ҳисоб 1,4 фисади он дар суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барои амалӣ кардани тафреҳи кормандон равона мегардад.
Бино ба иттилои Мирзо Шарифов – сармутахассиси Федератсияи иттифоқҳои касаба ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кормандоне, ки тибқи қонунгузории кишвар ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва барои онҳо корфармо саҳмҳои суғуртавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намудааст, инчунин, аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидории роҳхатҳо барои кормандон ё хонаводаи онҳо ба санаторияву истироҳатгоҳҳо ва бошишгоҳҳои тобистонаи кӯдаконаи воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки иҷозатнома ва сертификати мутобиқат барои фаъолияти худ доранд, иҷозат дода мешавад.
Роҳхатҳо ба санаторияҳо, осоишгоҳҳо ва бошишгоҳҳои тобистонаи кӯдакона ба кормандон дар ду сол як маротиба дар асоси аризаи пешниҳодкардаи онҳо, бо замима намудани хулосаи муассисаи ваколатдори тиббӣ ва риояи навбат бо пардохти 70 фисади арзиши онҳо аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоии корхона ва 30 дарсад аз ҳисоби худи корманд аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи корхона дода мешавад, ки муҳлати онҳо на зиёда аз 12 рӯзро ташкил медиҳад. Роҳхатҳо ба бошишгоҳҳои тобистонаи кӯдакона барои фарзандони кормандон, ки аз 7 то 14-сола мебошанд, ба муҳлати на зиёда аз 15 рӯз дода мешавад. Дар сурати нокифоя будани маблағи корхона барои харидории роҳхатҳо ба чорабиниҳои мазкур маблағи арзиши онҳо метавонад қисман, яъне на зиёда аз 50 фисад аз ҷониби худи кормандон бевосита ба мақоми ваколатдоре, ки роҳхатҳо аз он харид мегарданд, пардохт гардад.
- Ин санади меъёрии ҳуқуқист ва барои кормандони ташкилоту муассисаҳо пешбинӣ шудаасту ҳам мардон ва ҳам занон ҳуқуқи баробари истифода аз чунин имтиёзҳоро доранд, - зикр намуд М.Шарифов.
Ситора ШАРИФӢ